ДАР БОРАИ САМТҲОИ УСТУВОРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА РУШДИ СОҲИБКОРӢ, ТАЪМИНИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА КОҲИШ ДОДАНИ КАМБИЗОАТӢ ДАР МАҲАЛЛА

Ба мақсади расондани кӯмаки молиявӣ ба татбиқи ташаббусҳои соҳибкории аҳолӣ, минбаъд такмил додани механизми таъмини он бо шуғл, ки даромад меорад, коҳиш додани камбизоатӣ бо роҳи ба сатҳи нав бардоштани низоми кори маҳаллабайъ, инчунин ҷорӣ кардани воситаҳои дастгирии мақсадноки молиявӣ ва расондани хидмати давлатӣ дар ҷумҳурӣ, вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо, бевосита дар сатҳи маҳаллаҳо:

Ба мақсади расондани кӯмаки молиявӣ ба татбиқи ташаббусҳои соҳибкории аҳолӣ, минбаъд такмил додани механизми таъмини он бо шуғл, ки даромад меорад, коҳиш додани камбизоатӣ бо роҳи ба сатҳи нав бардоштани низоми кори маҳаллабайъ, инчунин ҷорӣ кардани воситаҳои дастгирии мақсадноки молиявӣ ва расондани хидмати давлатӣ дар ҷумҳурӣ, вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо, бевосита дар сатҳи маҳаллаҳо:  
1. Аз 1 январи соли 2022 вазифаи ёрдамчии ҳокими ноҳия (шаҳр) оид ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ (минбаъд — ёрдамчии ҳоким) дар ҳар як шаҳрак, деҳа, овул, инчунин ҳар як маҳаллаи шаҳрҳо, шаҳракҳо, деҳа ва авул (минбаъд – маҳалла) ҷорӣ карда шавад. 
2. Вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти ёрдамчии ҳоким инҳо муайян карда шаванд:
омӯзиши вазъи иҷтимоию иқтисодии маҳаллаҳо аз рӯйи низоми хонадонбайъ, аз ҷумла таҳлили дараҷаи шуғл, манбаъҳои даромади оилаҳо, ҳолати истифодабарии қитъаҳои наздиҳавлигӣ, шавқу ҳавас ба кори даромаднок ва эҳтиёҷоти аҳолӣ;
муайян намудани омилҳое, ки ба рушди соҳибкорӣ дар маҳаллаҳо такон мебахшанд ва самтҳои рушди соҳибкорӣ дар маҳаллаҳо, бо назардошти имкониятҳои дохилӣ, махсусгардонии соҳибкорӣ ва захираҳои меҳнатии маҳаллаҳо, инчунин таъмини рушди иқтисодии маҳаллаҳо бо роҳи истифода аз ин омил ва самтҳо;
ҷалб намудани аҳолии бе манбаи даромади доимӣ ва бекор, махсусан ҷавонону занон, ба марказҳои таълимӣ оид ба омӯзиши касбу кор ва соҳибкорӣ бо роҳи омӯзиши манфиатҳои онҳо, инчунин расонидани кӯмак барои бо кор таъмин намудани нафароне, ки таҳсилро хатм кардаанд;
ба ҷойҳои озод (вакант)-и корӣ ҷойгир намудани бекорон , пеш аз ҳама ҷавонон ва занон, ки ба “дафтари оҳанин”, “дафтари занона” ва “дафтари ҷавонон” дохил шудаанд, бо роҳи муайян намудани ҷойҳои кории холӣ дар маҳаллаҳо ва эҳтиёҷоти субъектҳои соҳибкорӣ ба коргарони мавсимӣ, инчунин ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб намудани онҳо;
расондани кӯмак дар гирифтани вомҳо дар доираи барномаҳои соҳибкории оилавӣ ба рушди соҳибкории оилавии аҳолӣ, ки дар маҳаллаҳо зиндагӣ мекунанд, аз он ҷумла ҳунармандӣ, хонакорӣ, истифодаи самарабахш аз заминҳои наздиҳавлигӣ, ташкили истеҳсолоти ихчам, хидматрасонӣ ва дигар намудҳои фаъолият дар маҳаллаҳо;
ташкили додани қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорони муваффақ, ки хоҳиши машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси кооператсия изҳор намудаанд, бо назардошти ихтисоси маҳаллаи муайян, инчунин ба онҳо вобаста намудани шаҳрвандоне, ки таҷрибаи фаъолияти мустақили соҳибкорӣ надоранд, ба мақсади аз ҷониби онҳо ба роҳ монда шудани фаъолият; 
ташкили самаранок истифода бурдан аз қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ, ёрӣ расондан бобати ба роҳ мондани чунин намудҳои фаъолият, ба мисли зироаткорӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, заргӯшпарварӣ, асалпарварӣ, тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва гулпарварӣ дар шароити хона;
мусоидат ба гирифтани субсидия барои сохтмони гармхонаҳо, пармакунии чоҳҳои амудии обёрӣ барои обёрии заминҳои наздиҳавлигӣ, ҳамроҳ шудан ба кооперативҳои кишоварзӣ, харидани таҷҳизот ва асбобҳо, ба иҷора гирифтани бино ва иншоот, инчунин омӯзиши касбу кор ва соҳибкорӣ бо мақсади машғул шудан ба соҳибкорӣ ва фаъолият, ки ба аҳолии бекори маҳаллаҳо даромади доимӣ меорад;
муайян намудани бино ва майдонҳои замини холӣ дар маҳаллаҳо ва ворид намудани пешниҳодот ба ташкилотҳои дахлдор дар бораи ҷудо кардани онҳо ба субъектҳои соҳибкорӣ дар тартиби муқарраргардида; 
ташкили ҳалли мушкилоте, ки ба пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ халал мерасонанд (пайвастан ба системаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ ва истифодаи онҳо, гирифтани иҷозат ва литсензия барои ташкили намудҳои гуногуни фаъолият, ҷудо кардани биноҳои холӣ ва майдонҳои замин барои соҳибкорӣ ва ғайра) аз тарафи ташкилотҳои дахлдор.
Ба зиммаи роҳбарони аввали тамоми вазорату идораҳо барои расондани кӯмаки ҳамаҷониба ба ёрдамчиёни ҳокимон дар иҷрои вазифаҳояшон масъулияти шахсӣ гузошта шавад.
3. Инҳо созмон дода шаванд:
Агентии кори маҳаллабайъ ва рушди соҳибкории назди Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ (минбаъд – Агентӣ) дар пойгоҳи Агентии рушди соҳибкории назди Вазорати рушди иқтисод, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Котиботи ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти қабулхонаҳои Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба баррасии муроҷиатҳои соҳибкорон; 
раёсати минтақавии Агентӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар пойгоҳи идораҳои ваколатдор дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, Агентии рушди соҳибкории назди Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ ва қабулхонаҳои Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба  баррасии муроҷиатҳои соҳибкорон дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд; 
марказҳо оид ба кори маҳаллабайъ ва рушди соҳибкорӣ дар таркиби ҳокимиятҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо) (минбаъд – Марказҳо) бидуни таъсис додани шахси ҳуқуқӣ дар пойгоҳи қабулхонаҳои Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба баррасии муроҷиатҳои соҳибкорон.
Муқаррар карда шавад, ки:
ба Агентӣ директоре, ки ба вазифа аз ҷониби Девони Вазирон таъин ва аз вазифа озод карда мешавад, роҳбарӣ менамояд;
дар назди Агентӣ ба муҳлати як сол Ситод оиди кори маҳаллабай, ки фаъолияташро доимӣ амалӣ менамояд, таъсис дода мешавад;
муовинони дахлдори роҳбарони Бонки марказӣ, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ, Вазорати молия, Кумитаи давлатии андоз ва Палатаи савдою саноат ба Ситод оиди ба кори маҳаллабайъ барои сафари хидматӣ ба муҳлати як сол бо озод гардидан аз иҷрои ҳамаи дигар вазифаҳо фиристода мешаванд.
4. Дар назди Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ дар шакли фондҳои ғайрибуҷавии ташкилотҳои буҷа, бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ Фонди дастгирии фаъолияти ёрдамчиёни ҳокимон таъсис дода шавад.
Ба зиммаи Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ вазифаи идоракунии маблағҳои Фонди дастгирии фаъолияти ёрдамчиёни ҳокимон гузошта шавад.
5. Муайян карда шавад, ки:
ба вазифаи ёрдамчии ҳоким кормандони роҳбарикунандае, ки дар вазифаи на поён аз сардори шуъбаи (сектор) Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ, Вазорати молия, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ, Кумитаи давлатии андоз, бонкҳои тиҷоратӣ, дигар идораҳои таркиби маҷмӯъҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ кор мекунанд, зершуъбаҳои ҳудудии онҳо, инчунин кормандони роҳбарикунандаи ҳокимиятҳои маҳаллӣ таъин карда мешаванд;
номзадҳо ба кор аз ҷониби комиссияҳои хостагирӣ, ки мутаносибан Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд раҳбарӣ мекунанд, дар асоси озмуни кушод қабул карда мешаванд;
бо ба назар гирифтани мақсаднокӣ, саъю кӯшиш, қобилият ва таҷрибаи кори номзадҳо ба вазифаи мазкур метавонанд, инчунин соҳибкорон, намояндагони соҳаҳои дигар, ҷавонони фаъол, кормандоне, ки вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол намекунанд, шаҳрвандоне, ки маълумоти олӣ надоранд, қабул карда шаванд.
6. Ба роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, бонкҳои тиҷоратӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия нигоҳ доштани вазифаи ёрдамчии ҳоким барои коргарони таъиншуда, вазифаи онҳо оид ба ҷойи кори пешина ба муҳлати то 2 сол тавсия дода шавад ва ба вазифаи мазкур ба давраи зикршуда шахсони дигар дар асоси шартномаи ҳатмии меҳнатӣ дар асоси муваққатӣ қабул карда шаванд.
7. Агентии рушди хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
ёрдамчиёни ҳокимонро ба Захираи миллии кадрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти меҳнатии онҳо дохил намояд;
ба вазорату идораҳо, инчунин Жоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар бораи ба вазифа баланд бардоштани ёрдамчиёни ҳокимон оид ба натиҷаҳои фаъолияти дусолаи меҳнатии онҳо пешниҳод тақдим намояд.
Ба вазифаи дар боло зикршуда таъин намудани ёрдамчиёни ҳокимон бевосита бидуни гузарондани озмун дар асоси пешниҳоди Агентии рушди хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иҷозат дода шавад.
8. Пешниҳоди Агентии рушди хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ ва Вазорати оид ба дастгирии маҳалла ва оила оиди инҳо маъқул дониста шавад:
таъсис додани нишони сарисинагии «Янги Ӯзбекистон ислоҳотчиси»;
ҷорӣ кардани амалиёти бо нишони мазкури сарисинагӣ мукофотонидани шахсони ба вазифаи ёрдамчии ҳоким таъиншуда, инчунин ба ташкили самарабахши фаъолияти онҳо ҷалбшуда.
Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирон лоиҳаи Низом дар бораи нишони сарисинагии «Янги Ӯзбекистон ислоҳотчиси»-ро тақдим намояд.
9. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Вазорати оид ба дастгирии маҳалла ва оила ва Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ мунтазам гузарондани азназаргузаронӣ-озмунҳои «Маҳаллаи аз ҳама намунавӣ» ва «Ёрдамчии фаъоли ҳоким» ба мақсади рағбатноксозии маҳаллаҳо ва ёрамчиёни ҳокимон, ки бо иштироки фаъолашон дар ислоҳот, ки таҳти шиори «баҳри шаъну шараф ва ифтихори инсон» татбиқ мегарданд ва ташаббусҳояшон оид ба беҳтар гардондани шароити зиндагии аҳолӣ барои дигарон намуна мебошад, таъмин намоянд.
10. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва воситаҳои ахбори оммавии дигар васеъ равшан намудани корҳо оид ба ислоҳсозии сохтори ташкилии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо тавсия дода шавад.
11. Муовини Сарвазир Ҷ.А.Қӯчқоров, муовини якуми вазири рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ С.М.Холхӯҷаев, Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ташкили самарабахши низомро, ки дар асоси Фармони мазкур ҷорӣ мешаванд, инчунин ҳалли мушкилоти дар маҳалҳо зоҳиргардидаро таъмин намоянд.
12. Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ ба Девони Вазирон инҳоро тақдим намояд:
дар муҳлати як моҳ – лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба ташкил кардани фаъолияти ёрдамчиёни ҳокимон оид ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ дар маҳалла»;
дар муҳлати ду моҳ якҷоя бо Вазорати адлия, инчунин вазорату идораҳои манфиатдор – пешниҳод дар бораи тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд.
13. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
3 декабри соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: