ДАР БОРАИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ БАРОИ СОЛҲОИ 2022–2026

Дар доираи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар тӯли давраи гузашта қариб 300 қонун, беш аз 4 ҳазор қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул шуданд, ки ба куллан ислоҳ намудани тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷамъият нигаронда шудаанд.

Дар доираи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар тӯли давраи гузашта қариб 300 қонун, беш аз 4 ҳазор қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул шуданд, ки ба куллан ислоҳ намудани тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷамъият нигаронда шудаанд. 
Дар баробари ин оид ба таъмини ҳуқуқи инсон, пурзӯр гардондани ҳисобдорӣ ва шаффофияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ, фаъолнокии сиёсии аҳолӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ корҳои низомнок амалӣ гардонда мешаванд. 
Дар самти ислоҳсозии иқтисодиёти миллӣ ҷиҳати озодгардонии савдои хориҷӣ, сиёсати андозу молия, дастгирии соҳибкорӣ ва кафолати дахлнопазирии моликияти хусусӣ, ташкили коркарди амиқи маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин таъмини рушди босуръати минтақаҳо тадбирҳои судманд андешида шуданд.
Таҳкими ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардида, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва манбаи кафолатноки даромад, хизматрасонии босифати тиббию таълимӣ, шароити муносиби зиндагӣ ба сатҳи сифатан нав бардошта шуд. 
Дар натиҷаи ислоҳот дар тӯли панҷ соли охир дар кишвар асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, илмию маърифатии барои бунёди Ӯзбекистони Нав зарурӣ ба вуҷуд оварда шуданд.
Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки ислоҳот, ки ба минбаъд баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, дигаргунсозии соҳаҳои иқтисодиёт, рушди босуръати соҳибкорӣ, таъмини бечуну чарои ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии фаъол нигаронда шудаанд, дар солҳои минбаъда дар асоси тамоюли «Барои шаъну шарафи инсон» бо таҳлили амиқи равандҳои мураккаби ҷаҳонӣ ва натиҷаҳои марҳалаҳои гузаштаи тараққиёти мамлакат:
1. Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022–2026 (минбаъд – Стратегияи рушд) ва Барномаи давлатии татбиқи он дар “Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол” (минбаъд – Барномаи давлатӣ), ки бинобар натиҷаҳои муҳокимаи васеи ҷомеа дар асоси тамоюли “Аз Стратегияи амалиёт – ба Стратегияи рушд” таҳия шудааст, мутобиқи замимаҳои №№ 1 ва 2 тасдиқ карда шавад, ки ҳафт самти афзалиятноки зеринро фаро мегирад:
бунёди давлати инсонпарвар бо роҳи баланд бардоштани шаъну шарафи инсон ва рушди минбаъдаи ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ;
ба шарти асосӣ ва зарурии рушди мамлакат табдил додани тамоюлҳои адолат ва волоияти қонун;
рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ ва таъмин намудани суръати баланди тараққиёт;
татбиқи сиёсати одилонаи иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ;
таъмини рушди маънавӣ ва ба зинаи нав бардоштани ин соҳа;
муносибат ба мушкилоти ҷаҳонӣ бо назардошти  манфиатҳои миллӣ;
мустаҳкам намудани бехатарӣ ва иқтидори мудофиавии мамлакат, пеш бурдани сиёсати хориҷии ошкоро, амалӣ ва фаъол.
2. Дар доираи вазифаҳои сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ, ки ба таъмини манфиатҳои шахс нигаронида шуда, дар Стратегияи рушд муайян шудаанд:
а) то соли 2026 бо имтиёзҳои иҷтимоӣ ва кумакҳои моддӣ табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пурра фаро гирифта шаванд.
Вазорати молия (Ишметов Т.) якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ (Холхӯҷаев С.), Вазорати дастгирии маҳалла ва оила (Маматов Р.), инчунин Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ (Хусанов Н.) дар муҳлати се моҳ ба Девони Вазирон лоиҳаи Стратегияи миллии ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ворид намоянд, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ;
фароҳам овардани низоми суғуртаи иҷтимоӣ, аз ҷумла фонди суғуртаи иҷтимоӣ;
расонидани ёрии иҷтимоӣ ва хидматрасонӣ ба оилаҳои камтаъмин дар асоси шартномаи иҷтимоӣ;
дар низоми иттилоотии «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» таъсис додани махзани алоҳидаи маълумот оид ба занон, ҷавонон ва маъюбони ниёзманди кумак, аз ҷумла ҳамгироии «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» бо «Дафтари оҳанин», «Дафтари ҷавонон» ва «Дафтари занон»;
б) ба роҳ мондани бо хӯроки бепул (хӯроки наҳор ё нисфирӯзӣ) таъмин кардани хонандагони синфҳои якум-чорум дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти  Хоразм аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатӣ.
Вазорати таълими халқ (Саидов Б.) якҷоя бо Вазорати нигаҳдории тандурустӣ (Мусаев Б.), Вазорати молия (Ишметов Т.), инчунин Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон  ва ҳокимияти вилояти Хоразм дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон лоиҳаи қарорро оиди ташкили аз 1 апрели соли 2022 бо хӯроки бепул таъмин кардани хонандагони синфҳои якум – чорум ворид намоянд.   
Ҳамзамон, дар лоиҳа механизмҳои мушаххаси барқарор намудани назорати ҷамъиятии сарфи маблағҳои ҷудошуда ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ пешбинӣ карда шаванд;
в) аз 1 январи соли 2023 андозаи ниҳоии музди меҳнат, ки барои ҳисоб кардани нафақа қабул карда мешавад, аз даҳ то дувоздаҳ баробари андозаи базавии ҳисоб кардани нафақа зиёд карда шавад.
Вазорати молия (Т. Ишметов) дар муҳлати се моҳ лоиҳаи қонунро тақдим намояд, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъминоти давлатии нафақаи  шаҳрвандон» ворид кардани тағйироти зеринро пешбинӣ менамояд:
аз се то шаш сол зиёд кардани вақти умумии дар рухсатӣ оид ба парвариши кудак будан, ки ба собиқаи корӣ ҳисоб карда мешавад, ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ба занон;
ба собиқаи корӣ ворид кардани давраи нигоҳубини кӯдакони аз синни бачагӣ маъюб то синни 18-солагӣ ҳангоми таъин кардани нафақа.
3. Бо мақсади ҷорӣ намудани модели «фаъоли» маҳалла, таъмин кардан бо захираю имкониятҳои зарурӣ барои ҳалли бевоситаи мушкилоти аҳолӣ ва рушди ҳудуд дар соли 2022:
фаъолияти самарабахши ёварони ҳокимони ноҳияҳо (шаҳрҳо) оид ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ, инчунин пешвоёни ҷавонон, ки дар маҳаллаҳо ба сифати ниҳоди нав ҷорӣ карда шудаанд, ба роҳ монда шавад;
тартиби омӯзиши мушкилот бинобар самти худ ва ҷустуҷӯи ҳалли онҳо аз ҷониби роҳбарони тамоми дараҷаҳо бо бевосита баромадан ба маҳаллаҳо ҷорӣ гардида, инчунин ҳолати кор дар маҳалла меъёри асосии баҳо додан ба фаъолияти вазоратҳо, идораҳо ва ҳокимиятҳо муайян карда шавад;
нуфузи маҳалла дар байни аҳолӣ бо роҳи фароҳам овардани низоми муроҷиат ба мақомоти давлатӣ ва мулоқоти онҳо бо роҳбарон, расондани хидматҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ бевосита дар маҳалла, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш бо қабулхонаҳои халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баланд бардошта шавад; 
имконоти молиявии мақомоти худидоракунии шаҳрвандон бо баррасии ваколатҳои онҳо оид ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии маҳаллаҳо васеъ гардонда шаванд;
самаранокии низоми дастгирии давлатии аҳолие, ки  дар маҳалла зиндагӣ ва фаъолият пеш мебаранд, бо назардошти «нуқтаҳои афзоиш» ва махсусгардонии фаъолияти соҳибкории сокинони маҳалла баланд бардошта шавад;
бобати дар ҳудуди маҳаллаҳо дар асоси шарикии давлатию хусусӣ барпо намудани чунин инфрасохтор, ба мисли иншооти варзишӣ ва фарҳангӣ, клубҳои эҷодӣ, марказҳои мусоидат ба шуғл, марказҳои таълимӣ, объектҳои соҳибкорӣ чораҳо андешида шаванд; 
асосҳои ҳуқуқии алоқаи доимии маҳалла бо мақомоти ҳокимияти намояндагӣ дар маҳалҳо, аз ҷумла ҷорӣ кардани механизмҳои самарабахши аз ҷониби раиси маҳалла ворид намудани масъалаҳои дар ҷамъомадҳои Шӯроҳои маҳаллӣ баррасиашон ҳатмӣ фароҳам оварда шаванд;   
идораи нобоварии шаҳрвандон ба раиси маҳалла ҷорӣ карда шавад.
Вазорати дастгирии маҳалла ва оила (Маматов Р.) якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ (Убайдуллоев М.) ва вазорату идораҳои дигари манфиатдор дар давоми се моҳ бо ҷалби аҳолӣ, аз ҷумла кормандоне, ки  дар низоми маҳалла собиқаи бисёрсолаи корӣ доранд, барномаҳои чорабиниҳоро, ки ба беҳтар намудани фаъолияти маҳалла нигаронда шудаанд, инчунин лоиҳаи навшудаи қонун “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрвандон”-ро таҳия созанд  ва ба Девони Вазирон тақдим кунанд.
4. Дар доираи вазифаҳо оид ба  баланд бардоштани сифати таълим, ки дар Стратегияи рушд муайян шудааст, дар соли 2022:
а) аз 1 апрел аз андози даромад пардохтҳо ба андозаи то 3 миллион сӯм дар як моҳ барои падару модароне, ки фарзандонашон дар муассисаҳои таълимии томактабии ғайридавлатӣ ва мактабҳо таҳсил мекунанд, озод карда шаванд.
Вазорати молия (Т. Ишметов) якҷоя бо Кумитаи давлатии андоз (Ш. Кудбиев) дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазиронлоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки ба Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид намудани тағйироти дахлдорро пешбинӣ менамояд, ворид кунад;
б) бо мақсади ба талаботи замон мувофиқ кунондани низоми маълумоти миёна:
барои татбиқи барномаи нав кардани китобҳои дарсии муассисаҳои таълими ҳамагонаи миёна аз ҳисоби Буҷаи давлатӣ 605 миллиард сӯм ҷудо карда шавад;
141 000 ҷойҳои нави донишандӯзиро ташкил намуда, то охири соли 2026 миқдори онҳо ба 6,4 миллион нафар расонда шавад.
Вазорати таълими халқ (Саидов Б.) якҷоя бо Вазорати молия (Ишметов Т.), Вазорати меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ (Хусанов Н.) ва вазорату идораҳои дигари манфиатдор барои ташкили чойҳои нави хонишӣ ва касбу ҳунар омӯзондан ба хонандагон  мунтазам чораҳо андешад. 
5. Дар доираи вазифаҳо оид ба таъмини саломатии аҳолӣ, ки дар Стратегияи рушд муайян шудаанд, дар соли 2022:
а) дар минтақаҳо дар асоси тамоюли “як қадам” хидмати аввалини тиббиро ба роҳ монда, 105 бунгоҳи тиббии оилавӣ ва 31 поликлиникаи оилавӣ ташкил карда шаванд. 
Вазорати нигаҳдории тандурустӣ (Мусаев Б.) якҷоя бо Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии  Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд бобати ба охир расондани корҳои дахлдори сохтмонӣ дар минтақаҳо то охири соли 2022 чораҳои амалӣ андешад; 
б) Вазорати нигаҳдории тандурустӣ (Мусаев Б.) якҷоя бо Вазорати молия (Ишметов Т.) дар муддати ду моҳ ҷорӣ намудани механизми расондани хидмати тиббии ройгонро ба ашхоси ба табақаи имтиёзнок дохилшуда бо роҳи фиристодани онҳо барои табобат аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ба ташкилотҳои тиббии хусусӣ тавассути системаи электронии иттилоотӣ таъмин намояд.
6. Вазорати таълими халқ (Саидов Б.) ва Вазорати нигаҳдории тандурустӣ (Мусаев Б.) якчоя бо Вазорати молия (Ишметов Т.), Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ ва Инспекцияи давлатии назорати сифати таълим, то 1 июли соли 2022 ба Девони Вазирон лоиҳаи қарорро ворид кунанд, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
дар соли 2022 маоши омӯзгорон ва табибони боистеъдод бо назардошти тоифаи тахассусӣ бо усули дифференсиалӣ зиёд карда шавад;
куллан аз нав дида баромадани тартиби додани тоифаи ихтисосӣ ба омӯзгорон ва духтурон бо ҷалби корбастҳои байналмилалӣ, инчунин ҷорӣ кардани низоми адолатнок ва шаффоф дар асоси методологияи арзёбии ихтисос таъмин карда шавад. 
7. Дар доираи вазифаҳои таъмини рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ ва суръати баланди афзоиш, ки дар Стратегияи рушд муайян карда шудаанд:
а) ҷиҳати соли 2022 – то 9 фоиз,  соли 2023 – то 5 фоиз коҳиш додани сатҳи солонаи муфлисӣ, касри фиксалӣ – то 3 фоиз бо минбаъд пешгирӣ намудани афзоиши нишондиҳандаҳои муфлисӣ ва касри Буҷети давлатӣ чораҳо андешада шаванд.
Бо ин ҷараёни трансформатсияи бонкҳои тиҷоратӣ бо ҳиссаи давлатӣ ба охир расонда, ҳиссаи сектори хусусӣ дар активҳои бонкӣ то охири соли 2026 то 60 фоиз зиёд карда шавад. 
Девони Вазирон (Қӯчқоров Д.) якҷо бо Бонки марказӣ (Нурмуродов М.) ҷиҳати нигоҳ доштани суръати баланди рушди иқтисодӣ ва таъмин кардани суботи макроиқтисодӣ мунтазам чораҳои амалӣ андешад;
б) аз соли 2023 миқдори андози арзиши иловагӣ то 12 фоиз, миқдори андози даромад дар чунин самтҳои соҳибкорӣ, аз қабили бонку молия, телекоммуникатсия то 15 фоиз кам карда шавад.
Вазорати молия (Ишметов Т.) якҷоя бо Кумитаи давлатии андоз (Кудбиев Ш.) то 1 сентябри соли 2022 ба Девони Вазирон лоиҳаи қонунеро пешниҳод намояд, ки ба Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид намудани тағйиру иловаҳоро пешбинӣ менамояд;
в) барои то соли 2026 то 20 фоиз баланд бардоштани самаранокии энергетикии иқтисодиёт ва 20 фоиз кам кардани партови газҳои зараровар ба атмосфера бо роҳи фаъолона ҷорӣ намудани технологияҳои иқтисодиёти “сабз” дар ҳама соҳа чораҳо андешад.
Барои ноил шудан ба ин нишондодҳо ба Девони Вазирон лоиҳаҳои зерин ворид карда шаванд:
Вазорати энергетика (Султонов А.), Вазорати сохтмон (Зокиров Б.) ба муҳлати то 1 марти соли 2022 — барномаҳои васеъ гардондан ва дастгирии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин баланд бардоштани самаранокии энергетикии биноҳои иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва маъмурию маишӣ ва иншоот;
Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ (Б. Абдуназаров), Вазорати энергетика (А. Султонов) ба муҳлати то 1 июни соли 2022 — барномаҳои гузариш ба иқтисодиёти «сабз» ва таъмин намудани сарфаи энергия бо мақсади кам кардани талафот дар соҳаҳо ва афзоиши ҳаҷми самаранокии истифодаи захираҳо, инчунин карорҳо дар бораи ба вуҷуд овардани низоми ҳавасмандгардонии истеҳсол ва истифодабарии мошинҳои барқӣ.
8. Корҳо оид ба фароҳам овардани қулайиҳои иловагӣ барои рушди соҳибкорӣ дар ноҳияҳои шароиташон «вазнин» дар асоси таҷрибаи барқарор намудани ставкаҳои махсуси андоз барои ноҳияи Мӯйноқи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон идома дода шаванд.
Вазорати молия (Ишметов Т.) якҷоя бо Кумитаи давлатии андоз (Кудбиев Ш.) ба муҳлати то 1 октябри соли 2022 лоиҳаи қонунро дар бораи то 1 январи соли 2025 дар ноҳияҳои шароиташон мураккаб ҷорӣ кардани низоми пардохти андози муомилот аз ҷониби субъектҳои соҳибкории нав бинобар ставкаи 1 фоиз, андози замин аз шахсони ҳуқуқӣ ва андози молу мулки шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 1 фоизи маблағи ҳисобкардашуда ба Девони Вазирон ворид намоянд. 
9. Аз соли 2022 тартиби зина ба зина дохил кардани тамоми талаботи ҳатмии соҳаи соҳибкорӣ ба реестри ягонаи электронӣ бо таҷдиди назар кардани талаботи ҳатмии такрорӣ, ки муҳимияти худро аз даст доданд ва аз 1 июли соли 2025 пурра ба роҳ мондани реестри ягона ҷорӣ карда шавад.
Ба Вазорати адлия (Р.Давлетев) супурда шавад, ки якҷо бо Ваколатдори ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ (Д.Қосимов) ва Палатаи савдову саноат (А.Икромов) дар зарфи се моҳ дар соҳаи соҳибкорӣ инвентаризатсияи талаботи ҳатмиро гузаронад ва ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати таҷдиди назари онҳо ва бинобар самтҳои дахлдор ба реестри ягона дохил кардан, ҳамчунин куллан ташаккул додани реестри мазкур то соли 2025-ум таклиф пешниҳод намояд.
10. То 1 апрели соли 2022 тартиботи гирифтани рухсатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои рухсатномавӣ бо назардошти тахассусият ва мавҷудияти онҳо дар субъектҳои соҳибкорӣ имконияти ба роҳ мондани фаъолияти масофавӣ (онлайн) соддатар карда, инҳо ба инобат гирифта шаванд:
бекор кардани талаботе, ки ба биноҳо ва иморатҳо, иншоот, инвентарҳо, воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти дигар, аз тариқи муқаррар кардани талаботи куллан тахассусӣ нисбат ба баъзе хелҳои фаъолият пешниҳод мешаванд;
таҷдиди назар кардани талабот ба кормандоне, ки мавҷудияти онҳо дар штат ҳатмӣ ба шумор меравад, аз тариқи фароҳам овардани ҳуқуқ барои интихоби мутахассис бо назардошти хоҳиши онҳо ба самтҳои фаъолият;
фароҳам овардани имконият барои машғул шудан ба фаъолияти муайян дар тартиби сайёр, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
бекор кардани меъёрҳои миллӣ ва талабот бинобар супоришҳое, ки аз давлатҳои хориҷӣ вобаста ба хидматрасонӣ дар берун аз мамлакат мерасанд;
бекор кардани талабот барои гирифтани рухсатномаҳои махсус ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз тариқи ба роҳ мондани шароитҳои махсус барои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (агрегаторҳо), ки ба расондани хидматҳои масофавӣ тахассуси оператори вобастакунанда доранд.
Ба Вазорати адлия (Р.Давлетев) супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо (Ш.Шерматов) ва дигар вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ санҷиши талаботи рухсатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои рухсатномавиро бо назардошти қоидаҳои боби мазкур таъмин кунад.
11. Барҳам додани монополия дар беш аз 25 намуди фаъолият аз ҳисоби бекор кардани ҳуқуқҳои эксклюзивӣ ва хусусигардонии ширкатҳо бо иштироки давлат ба мақсади ихтисоркунии иштироки давлат дар иқтисодиёт аз байн бардоштан ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои сектори хусусӣ, аз ҷумла:
дар соли 2022-юм 14 намуди фаъолият бо иловаи хидматҳо бинобар сертификатсияҳо;
дар солҳои 2023-2025-ум – 11 навъи фаъолият, бо иловаи хидматҳо бинобар нигоҳ дштани маҳсулоти нафт, хидматрасонии иловагӣ дар соҳаи боркашонии роҳи оҳан, истифодаи вокзалҳои аэродромӣ ва маҷмӯаҳои назди вокзалӣ, хидматҳои экспедитории роҳи оҳан.
12. Тартиби нави кор дар доираи вазифаҳо бинобар рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо, ки дар Стратегияи рушд муайян карда шудаанд, муқаррар карда шавад, ки мувофиқи онҳо:
ҳар сол дар қисмати минтақаҳо барномаи рушд бо омӯзиши амиқи мушкилот ва имкониятҳои тамоми ноҳия ва шаҳрҳо дар пояи барномаҳои рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо дар солҳои 2022-2026-ум коркард мешаванд;
бинобар натиҷаи ҳар кадом семоҳа Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар назди Шӯрои депутатҳои халқӣ, муовинони Сарвазир, роҳбарони вазорату идораҳо – дар назди палатаҳои Олий Маҷлис дар бораи татбиқ гардидани вазифаҳое, ки дар барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо муайян карда шудаанд, ҳисобот медиҳанд;
лоиҳаҳои муҳиме, ки ба ислоҳсозии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди соҳаҳои бартаринок нигаронида шудаанд, баъди муҳокимаи васеъ бо иштироки ҷомеа қабул карда мешаванд, талаботи тамоми минтақаҳо ва пешниҳоди ташаббускорон дар маҳалҳо ба эътибор гирифта мешавад.
Ба Девони Вазирон супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ барномаи рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои ҷумҳуриро барои солҳои 2022-2026 тасдиқ намояд.
13. Ба мақсади пурзӯр кардани масъулияти мақомоти идораҳои давлатӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳо дар маҳалҳо бинобар раванди «Давлат барои инсон», ҳамчунин фароҳам овардани низоми нави банақшагирии самтҳои стратегии фаъолияти онҳо:
таҷрибаи ба роҳ мондани ёварони ҳокимони ноҳияҳо (шаҳрҳо) бинобар масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, таъмин сохтани шуғли аҳолӣ ва кам кардани нодорӣ дар маҳалҳо ва пешоҳангони ҷавонони «Харитаҳои амалиёт» бинобар рушди маҳаллаҳо дар пояи натиҷаҳои омӯзиш ва таҳлили доимии онҳо ба роҳ монда шавад;
таҷрибаи аз ҷумла бо иштироки ҷомеа омода кардани барномаҳои солонаи кории тамоми ҳалқаҳои мақомоти идораи давлатӣ, ҳамчунин мунтазам чоп кардани ҷараёни татбиқшавии онҳо ҷорӣ карда шавад;
кор карда баромадан ва чоп кардани барномаи фаъолияти сохторҳои мақомоти давлатӣ дар қисмати минтақаҳо (ноҳияҳо, шаҳрҳо, деҳот, маҳаллаҳо) бо назардошти натиҷаи таҳлили муроҷиатҳо дар мақомоти мазкур, пурсишҳои иҷтимоӣ ва муҳокимаҳои ҷамъиятӣ;
ташаккул додани низоми мониторинги ҷараёнҳои ҷамъиятии иҷрои қарорҳое, ки аз ҷониби мақомоти идораҳои давлатӣ қабул карда мешаванд, аз ҷумла мунтазам чоп кардани онҳо дар расонаҳои ахбори оммавӣ;
ба роҳ мондани низоми ҳисоботдиҳии роҳбарон бинобар татбиқ намудани барномаҳое, ки дар қисмати ҳар кадом соҳа ва минтақа қабул шудаанд.
Ба Девони Вазирон супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати чаҳор моҳ лоиҳаи қарорро дар бораи самарабахш ба роҳ мондани низоме, ки боби мазкур пешбинӣ менамояд, пешниҳод кунад.
14. Ба мақсади вусъат додани фарогирӣ ва баланд бардоштани самаранокии хидматрасонии давлатӣ, таъин намудани ҳисобу китоби манфиати тамоми табақаҳои аҳолӣ ҳангоми дар соли 2022-юм пешниҳод кардани он:
таҷрибаи додани таклиф ва иваз кардани ҳуҷҷати шаҳрвандон, ҳамчунин хидматҳои ба ҳамдигар алоқаманди давлатӣ бидуни интизор шудани муроҷиати шаҳрвандон ҷорӣ карда шавад;
таҷрибаи аз аҳолӣ тақозо кардани ҳуҷҷатҳое, ки санадҳои мушаххасро тасдиқ мекунанд, чунончи гувоҳномаи таваллуд ва гувоҳномаи ронандагӣ, аттестат ва диплом, аз ҳисоби ҷорӣ намудани лоиҳаи «Шиносномаи рақамии шаҳрвандон» бекор карда шавад;
низоми хидматрасонии давлатӣ ба куҳансолон ва шахсони маъюб соддатар карда, барои онҳо аз тариқи дар низоми мазкур ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ қулаиҳои иловагӣ фароҳам оварда шаванд.
Ба Вазорати адлия (Р.Давлетев) ва Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (Ш.Шерматов) супурда шавад, ки дар муҳлати то 1 октябри соли 2022 ба Девони Вазирон лоиҳаи қарорро, ки чораҳои минбаъд таъмин сохтани дастёбии аҳолӣ ба низоми хидматрасонии давлатӣ, кам кардани навбатпоӣ, рақамикунонӣ ва ба сектори хусусӣ додани хидматрасонии давлатиро пешбинӣ менамояд, пешниҳод кунанд.
15. Дар доираи вазифаҳо бинобар таъмин сохтани адолат ва волоияти қонун, ки дар Стратегияи рушд муайян карда шудаанд, дар соли 2022-юм:
тартиби хидматрасонии ройгони кумакҳои ҳуқуқӣ аз ҳисоби давлат ба шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд мебошанд, баробари парвандаҳои ҷиноӣ ҳамчунин бинобар парвандаҳои шаҳрвандӣ ва маъмурӣ ҷорӣ карда шавад;
таъмин сохтани риояи қатъии тартибе, ки мувофиқи он вазифаи собиткунии қонунмандии қарор, ҳаракат (беҳаракатӣ) дар суди маъмурӣ ба зиммаи мансабдоре, ки онро қабул кардааст, гузошта мешавад;
ҷорӣ кардани реестр-онлайни ягонаи электронии ҳисобу китоби шахсоне, ки ҳаракаташон маҳдуд мебошад, ба роҳ монда шавад.
16. Низоми пешниҳоди «маҷмӯи кумаки аввалини иҷтимоиву моддӣ» ба мақсади ёрии амалӣ барои дар ҷомеа мақоми сазовор пайдо кардани шаҳрвандони аз ҷазо озодшуда ҷорӣ карда шавад.
Дар доираи низоми мазкур ҷорӣ намудани таҷрибаи пешниҳоди кумаки якдафъаинаи моддӣ ба шаҳрвандоне, ки муҳлати ҷазоро гузаронидаанд ва лоиҳаи мушаххаси худро дар самтҳои зерин, аз ҷумла соҳибкорӣ, меъморӣ, ҳунармандӣ пешниҳод кардаанд, ҳамчунин тайёранд фаъолияти мустақили худро оғоз намоянд, ҷорӣ карда шавад.
Ба Вазорати корҳои дохилӣ (П.Бобоҷонов), Вазорати молия (Т.Ишметов), Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ (Н.Ҳусанов) супурда шавад, ки дар зарфи се моҳ ба Девони Вазирон лоиҳаи қарореро, ки ба роҳ мондани низоми пешниҳоди «маҷмӯаи кумаки аввалини иҷтимоиву моддӣ»-ро пешбинӣ менамояд, дохил кунанд.
17. Ба Вазорати корҳои дохилӣ (П.Бобоҷонов) ва Вазорати нақлиёт (И.Маҳкамов) супурда шавад, ки якҷо бо Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар муҳлати се моҳ ба Девони Вазирон лоиҳаи барномаи кам кардани садама ва ҳодисаҳои ҳалокатро дар роҳҳо аз тариқи такмил додани инфрасохтори роҳ ва фароҳам овардани шароит барои ҳаракати бехатар бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешқадам пешниҳод кунанд.
Дар ин маврид ба мутобиқгардонии инфрасохтори роҳ ба меъёрҳои байналмилилӣ, куллан рақамикунонии низоми идораи ҳаракат, фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои ҳаракати бехавф дар тамоми қитъаҳои роҳ, таъмин сохтани иштироки васеи ҷомеа дар фаъолияти соҳаи мазкур, ҳамчунин дар ин самт самарабахш истифода бурдани маблағҳое, ки аз тариқи портали иттилоотии «Буҷаи кушод» равона карда мешаванд, эътибори махсус дода шавад.
18. Таркиби Комиссияи ҷумҳурӣ  бобати ба амал татбиқ намудани Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 (минбаъд Комиссияи ҷумҳурӣ) ва гурӯҳи кории он тибқи иловаҳои 3 ва 4 тасдиқ карда шавад.
Ба зиммаи Комиссия ҷумҳурӣ ва гурӯҳи корӣ кулли чорабиниҳое, ки Стратегияи рушд, ташкили саривақтиву босифат ва мониторинги онҳоро дар бар мегиранд, ҳамчунин, вазифаи мутобиқсозии омодакунии лоиҳаҳои солонаи барномаи давлатие, ки бояд дар солҳои 2023-2026 татбиқ шаванд, гузошта шавад.
19. Муқаррар карда шавад, ки:
сари вақт ва босифат ба амал татбиқ намудани Стратегияи рушд вазифаи устувори фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо маҳсуб меёбад;
Стратегияи тараққиёт дар панҷ зина, бо назардошти номгузории солҳо дар кишварамон ва тибқи дастури давлатие, ки ҳар сол қабул карда мешавад, ба амал татбиқ мегардад.
20. Ташаббусҳои Фонди ҷамъиятии дастгирии созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ дигар институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис, Маркази миллӣ доир ба ҳуқуқи инсон, Федератсияи иттифоқҳои касаба, ҳамчунин таъсисгарони маркази «Стратегияи рушд» тибқи стандартҳои байналхалқӣ оид ба аз нав ташкил кардани фаъолияти маркази «Стратегияи рушд» ба сифати маркази тадқиқот ва «ақл», ҳамчунин ҳамли вазифаҳои иловагии зерин дастгирӣ карда шавад:
умумигардонии мушкилоте, ки дар самтҳои дахлдор муайян гардидаанд, аз ҷумла, монеаҳои бюрократӣ, номутаносибиҳои қонунгузорӣ, механизмҳои ҳуқуқие, ки кор намекунанд ва қоидаҳои куҳнашуда;
бо назардошти мушкилоте, ки ба миён гузошта мешаванд ва вазифаҳое, ки ба зиммаи Стратегияи рушд гузошта шудаанд, муттасил ташкил кардани мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти давлатӣ;
якҷо бо соҳибкорон, олимон, ҷамоаи экспертҳо ва намояндагони ҷамоатӣ дар сурати пайгирона мавриди муҳокима қарор додани мушкилот пешниҳод намудани таклифот бобати бартараф кардани онҳо;
доир ба самтҳои дахлдор баргузор намудани пурсишҳои иҷтимоӣ ва бино ба натиҷаи онҳо анҷом додани ҷустуҷӯҳои илмӣ.
Девони Вазирон дар муддати ду моҳ доир ба ташкил додани фаъолияти маркази «Стратегияи рушд» дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, ҳамчунин, ба вуҷуд овардани «майдони илмӣ» барои ҷалб кардани аҳли ҷомеа ба ҷараёни татбиқи ислоҳот чораҳо андешад.
21. Пешниҳодоти зерини Ҳаракати умумимиллии «Юксалиш» ва Бунёди «Ватандошлар», ки ба ҷалб кардани ҷомеаи васеи аҳолӣ ва байналхалқӣ ба ҷараёнҳои татбиқи Стратегияи рушд нигаронида шудаанд, дастгирӣ карда шавад:
ба мақсади баҳо додан ба ноилшавӣ ба мақсадҳое, ки дар Стратегияи рушд ва Барномаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, дар назди Ҳаракати умумимиллии «Юксалиш», иборат аз намояндагони институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, ташкил додани гурӯҳи Мониторинги мустақил ва ҷамоатии баҳогузоре, ки ҳисоботи муқобили солона омода мекунанд;
дар минтақаҳо аз ҳисоби намояндагони созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, расонаҳои ахбори оммавӣ, экспертҳо ва фаъолони маҳалла ташкил додани гурӯҳи ҷамоатии дастгирии Стратегияи рушд ва пайгирона баргузор намудани хонишҳои ҷамъиятӣ;
дар асоси умумигардонии ташаббусҳои ба миён гузошта ва пешбурди лоиҳаҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ба ҷалби институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ.
22. Бино ба ҳолати иҷрои вазифаҳое, ки дар Стратегияи рушди маркази «Стратегияи рушд» ва Барномаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, бинобар инъикос намудани матолиби ахбори таҳлилӣ дар шабакаи Интернети ахбори ҷаҳон ва расонаҳои ахбори оммавӣ чораҳо андешанд.
23. Маркази «Стратегияи рушд» ва Ҳаракати  умумимиллии «Юксалиш» якҷо бо Вазорати рушди технология ва коммуникатсияҳои ахбор дар муддати як моҳ бино ба самаранокии иҷрои Стратегияи рушд ва Барномаи давлатӣ дар ҷойҳо барои расондан ба аҳолӣ портали онлайнро ба кор андозад.
Дар ин маврид дар ҳоли ба назар гирифтани фикру пешниҳод ва эътирози аҳолӣ бино ба иҷрои чорбиниҳо, ташаббусҳои пешгузошта пайгирона ҳар моҳ ба Комиссияи ҷумҳурӣ ворид карда шавад.
24. Девони Вазирон:
ба таври мунтазам иҷрои саривақтӣ ва босифати чорабиниҳоеро, ки дар Стратегияи рушд, Барномаи давлатӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо пешбинӣ шудаанд, ташкил кунад;
дар ҳар чоряк ҳолати иҷрои Стратегияи рушд, Барномаи давлатӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ҳамаҷониба муҳокима гардида, бобати бартараф намудани мушкилоти нуқсонҳо ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани шахсони мансабдоре, ки ба хатоҳо роҳ додаанд, чораҳо андешад:
бино ба татбиқи Стратегияи рушд дар солҳои баъдӣ саривақт омодашавии лоиҳаҳои солонаи барномаи давлатиро таъмин намояд.
25. Вазорати адлия якҷо бо Палатаи ҳисобу, Маркази «Стратегияи рушд» ва ҳаракати умумимиллии «Юксалиш»:
рафти ба амал татбиқ шудани Стратегияи рушд ва Барномаи давлатиро пайгирона мониторинг намояд, бино ба андешидани чораҳои иловагӣ оид ба иҷрои босифат ва саривақтии он тавсияҳо омода кунад;
бобати ба муҳокимаи ҷамоатӣ гузоштан, коркарди пухта ва саривақтии лоиҳаҳои асноди меъёриву ҳуқуқие, ки дар Стратегияи рушд ва Барномаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, кумаки амалӣ расонад;
шарҳҳои ахборию таҳлилиро бахшида ба натиҷаи татбиқи Стратегияи тараққиёт ва Барномаи давлатӣ омода созад ва эълону интишори онҳоро ба забонҳои хориҷӣ таъмин намояд;
ахборро доир ба натиҷаҳои мониторинг ҳар моҳ ба Комиссияи ҷумҳурӣ ворид созад.
26. Агентии коммуникатсиҳои оммавӣ (А. Ходжаев), Ширкати телевизиону радиои миллии Ӯзбекистон (А. Хаджаев) ва Агентии миллии ахбори  Ӯзбекистон (А. Кӯчимов) якҷо бо расонаҳои ахбори оммавӣ ба таври мунтазам:
васеъ фаҳмондани мақсаду вазифаҳои Стратегияи рушд ва Барномаи давлатӣ дар расонаҳои ахбори омма, аз ҷумла, шабакаҳои ахбори ҷаҳонии Интернету иҷтимоӣ, инчунин ба ҷомеа расондани мазмуну моҳияти он;
саривақт расондани маълумоти холису дақиқро доир ба чорабиниҳое, ки дар доираи татбиқи Стратегияи рушд ва Барномаи давлатӣ андешида мешаванд. таъмин намояд.
27.  Масъулият ва ҷавобгарии шахсӣ бобати ташкили пурсамари иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи роҳбарони идораву вазоратҳо, Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд гузошта шавад.
Муҳокимаи иҷрои Фармони мазкур дар ҳар моҳ ва назорату мутобиқсозии фаъолияти созмонҳои барои иҷрои он  масъул ба зиммаи Комиссияи ҷумҳурӣ гузошта шавад.
Дар ҳар чоряк доир ба чорабиниҳои ба амал татбиқгардида ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ахбор ворид карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии 
Ӯзбекистон
Шавкат МИРЗИЁЕВ.

Шаҳри ТОШКАНД, 
28 январи соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: