ДАР БОРАИ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 май бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ дошт.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 май бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ дошт.
Сарони давлатҳо масъалаҳои муҳими шарикии бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистону Қазоқистонро дар партави татбиқи аҳду паймоне, ки зимни вохӯрӣ ва робитаҳои муттасил дар дараҷаи олӣ ба даст омадаанд, муҳокима намуданд.
Бо қаноатмандии амиқ таъкид гардид, ки ҳаҷм ва васеъ гардидани номгӯйи савдои ҳамдигар босубот  меафзояд, ки ин имкон медиҳад аллакай дар соли ҷорӣ нишондоди боҳадафи табодули амвол ба миқдори 3 миллиард доллар ва дар солҳои наздик то ба 5 миллиард доллар ба даст ояд.
Ба фаъолгардии робитаҳои байниминтақавӣ, ки ба босамар истифода намудани зарфияти бузурги мавҷуда дар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва маданиву инсонпарварии ду мамлакат нигаронда шудааст, эътибори алоҳида дода шуд.
Моилии ҳар ду ҷониб ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки истиқболнок дар ҷанбаи саноат, энергетика, нақлиёт ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт собит гардид.
Сарони давлатҳо кори босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматиро доир ба ҳамкории дутарафа ва ҳамчунин чорабиниҳои муштараки бомуваффақиятро дар доираи Соли Ӯзбекистон дар Қазоқистон олӣ арзёбӣ намуданд.
Инчунин доир ба масъалаҳои муҳими сиёсати байналхалқӣ ва ҳамдастии минтақавӣ табодули афкор ба амал омад.
Дар поёни суҳбат президентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон моилии қатъиро ба минбаъд мустаҳкамсозии муносибати дӯстона, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ, васеъ намудани ҳамкории муфиди тарафайни байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба хотири ду мамлакат ва халқи бародар собит намуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: