Дар бораи суҳбати телефонии Президенти Ӯзбекистон бо Нахустин Президенти Қазоқистон – Елбаси

20 март мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси Нурсултон Назарбоев баргузор шуд.

Дар оғози суҳбат онҳо якдигар ва халқҳои бародари Ӯзбекистону Қазоқистонро бо фарорасии ҷашни баҳор, бедоршавӣ ва эҳёи табиат – Наврӯз самимона муборакбод карданд.
Махсус таъкид шуд, ки ин ҷашни зебо ифодаи қаробати маънавиву фарҳангии халқҳои мо ба шумор меравад, ки онҳоро аз қадимулайём риштаҳои эътимоди тарафайн, некҳамсоягӣ ва шарикӣ, ягонагии таърих, фарҳанг ва урфу одатҳо пайванд мекунанд.
Дастгирии пурра бинобар чораҳои қатъии ҳар ду мамлакат бобати пешгирии паҳншавии инфексияи коронавирус, ҳамчунин коҳиш додани таъсири манфии он ба рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафти замонавии муносибатҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву қазоқистонӣ изҳор гардид.
Муҳимияти идома додани қаробати самарабахш ва ҳамкории қарини тарафайн дар сатҳи ҳукуматҳо қайд шуд.
Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин ҷиҳатҳои рӯзмарраи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд, бинобар масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ ва рӯзномаи байналхалқӣ табодули афкор ба амал омад.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: