29 июни соли 2018 суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба вуқӯъ пайваст.
Роҳбари давлат Президенти Туркманистонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуд ва барояш тандурустии мустаҳкам, фараҳмандӣ ва муваффақияти нав таманно намуд.
Махсус таъкид гардид, ки дастовардҳои баланди Туркманистони имрӯза ва муттасил боло рафтани нуфузи байналхалқии он натиҷаи амалии ислоҳоти доманфарох ва бозсозӣ, сиёсати холиси мусбӣ мебошад, ки зери роҳбарии Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба амал меояд.
Ба ташаббусҳои байналхалқии Президенти Туркманистон дар ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва суботнокӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, тараққиёти даҳлезҳои нақлиётӣ ва инфрасохтори энергетикӣ, дар ҷанбаи истифодаи оқилонаи об, оммависозии варзиш ва дигар самтҳо баҳои баланд дода шуд.
Бо қаноатмандии амиқ зикр гардид, ки гуфтугӯ ва мулоқотҳои мунтазам дар дараҷаи олӣ ба мустаҳкам гардидани дӯстии қадимаи ду мардуми бародар ва ҳамчунин амиқсозии муносибатҳои некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии байни мамлакатҳоямон мусоидат менамояд.
Таъкид ёфт, ки ташрифи давлатии самарабахши Президенти Туркманистон ба Ӯзбекистон моҳи апрели соли ҷорӣ ва аҳду паймони муҳим ва қарордодҳое, ки дар натиҷаи он ба даст омаданд, ба ҳамкории гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Туркманистон таҳрики нав бахшида, онро бо муҳтавои мушаххас пурра сохтанд.
Зимни суҳбат истиқболи ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои савдо, ҳамкории истеҳсолӣ, энергетика, рушди коммуникатсияи босамари нақлиётӣ ва транзит ва ҳамчунин ҷанбаи маданиву инсонпарварӣ муҳокима гардиданд. Аз рӯи масъалаҳои муҳими рӯзмарраи минтақавӣ ва байналхалқӣ табодули афкор ба амал омад.
Президенти Туркманистон ба роҳбари давлатамон барои табрик ва таманнои самимӣ миннатдорӣ баён намуда, Президенти Ӯзбекистонро барои иштирок дар анҷумани сарони давлатҳои муассиси Фонди байналхалқии наҷоти Арал, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар Ашқобод баргузор мегардад, даъват намуд.
Дар интиҳои суҳбат сарони ду давлат бори дигар моилиро ба рушди минбаъда ва мустаҳкамсозии муносибати шарикии стратегӣ ва ҳамкории тарафайни муфиди байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон ба хотири ду мамлакат ва мардуми бародар собит намуданд.
ӮзА.