ДАР БОРАИ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 май бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 май бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар суҳбат роҳбарони давлатҳо масъалаҳои муҳими боз ҳам васеъ ва мустаҳкам намудани ҳамкории байни гуногунҷанбаи Ӯзбекистон – Қазоқистонро дар доираи  аҳду паймони дар дараҷаи олӣ бадастомада муҳокима намуданд.
Бо мамнунияти том таъкид гардид, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва дастгирӣ намудани ҳамдигар дар байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон салоҳияти мавҷудае, ки ба муносибатҳои дӯстона, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ асос ёфтааст, ба амал татбиқ мегарданд.
Махсус қайд гардид, ки дараҷаи баланди бадастомадаи ҳамкорӣ намунаи равшани шарикии мамлакат ва халқҳои бародар мебошанд.
Дар муддати кӯтоҳ дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ натиҷаҳои бузург ба даст омаданд. Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба бори нахуст соли 2018 дар Қазоқистон чун соли Ӯзбекистон эълон гардид, 15 март дар Остона маросими тантанавии кушоиши он барпо шуд.
Ҳамкориҳои манфиатнок дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия бо суръат ривоҷ меёбанд. Ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ босуръат афзуда, дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт лоиҳаҳои ҳамкорӣ ба амал татбиқ мегарданд.
Дар доираи байни ҳудудҳо ва соҳибкорон алоқаҳо фаъол мегарданд. Теъдоди парвозҳо, мусофиркашонии автомобилӣ ва роҳи оҳан зиёд гардид, равуои автобусҳо барқарор карда шуд. Табодули маданиву инсонпарварӣ ва сайёҳӣ васеъ мегардад.
Аз ин рӯ таъкид гардид, ки фаъолияти амалии Комиссияи муштараки байниҳукуматии дуҷониба оид ба ҳамкорӣ, ки механизми босамари пешбурди лоиҳа ва барномаҳои муштарак мебошад, натиҷаҳои амалӣ мебахшад.
Дар суҳбат ба мавзӯи рушд додани муносибатҳои некҳамсоягӣ дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ эътибори алоҳида дода шуд. Бо мамнуният зикр шуд, ки ҳамоиши нахустини роҳбарони давлатҳои минтақа, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар Остона баргузор шуд, натиҷаҳои босамар медиҳад. 
Роҳбарони давлатҳо дар бобати масъалаҳои муҳими сиёсати байналхалқӣ ва ҳамкории минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Дар поёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қатъияти ҷиддии васеъ намудани ҳамкории гуногунҷанба ва мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстии қадима ва шарикиро ба манфиати ҳарду мамлакат ва халқҳои бародар собит намуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: