Дар бораи суҳбати телефонии президентҳои Ӯзбекистон ва Туркия

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 июл бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Пешвоён ҷараёни татбиқи қарордодҳоеро муҳокима намуданд, ки дар ҷамъомади дуюми Шӯрои шарикии стратегӣ, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор гардида буд, ба тавофуқ расида буданд.

Президенти Туркия аз саъю талошҳои роҳбари давлати мо ҷиҳати таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон изҳори ҷонибдории қатъӣ кард.

Масъалаҳои вусъат додани муносибати бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Туркия, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва маданиву инсонпарварӣ баррасӣ гардиданд.

Аҳамияти пеш бурдани лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаҳои савдо, нақлиёт, саноат, хоҷагии қишлоқ ва дигар ҷанбаҳо таъкид гардид.

Инчунин табодули афкор дар бобати ҳамоиши ояндаи Созмони давлатҳои туркӣ, ки моҳи ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, ба вуқӯъ пайваст.

Роҳбарони давлатҳо ҳамдигарро бо фаро расидани ҷашни Иди қурбон табрик намуда, ба халқҳои бародари мамлакатҳоямон фараҳмандӣ ва шукуфоӣ таманно намуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: