27 декабр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййиб Эрдӯғон мулоқоти телефонӣ дошт.
Сарони давлатҳо ба муносибати фарорасии Соли нав якдигарро самимона муборакбод ва изҳори орзуҳои нек карданд.
Бинобар масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои тарафайн табодули афкор ба амал омад, натиҷаи татбиқшавии муоҳидаҳо дар сатҳи олӣ ва рушди ҳамкориҳои амалӣ дар соли 2018-ум ҷамъбаст гардида, самтҳои пешомаднок ва лоиҳаҳои мушаххас бобати таҳкими шарикии бисёрсоҳавӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин сарони давлатҳо аз пешрафти муттасил ва таҳкими мустақими муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва тифоқии ӯзбекистониву русиягӣ қаноатмандии амиқ изҳор карданд.
Таъкид шуд, ки сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба мамлакати мо, ки моҳи октябри соли равон ба вуқӯъ пайваст, муносибатҳои дуҷонибаро ба дараҷаи сифатан нав бардошт, онро бо мазмуни мушаххаси амалӣ пурра кард.
Робитаҳои муттасил ва сермаҳсул дар тамоми дараҷаҳо қайд гардид, Комиссияи байниҳукуматӣ бинобар ҳамкории иқтисодӣ самарабахш амал мекунад.
Мулоқот дар сатҳи минтақаҳо ва тиҷорат фаъол шуданд, табодули фарҳангиву инсонпарварӣ вусъат пайдо кард. Тирамоҳи имсол дар Тошканд бори аввал дар таърихи муносибатҳои тарафайн анҷуманҳои байниминтақавӣ ва таълимӣ бомуваффақият баргузор шуданд.
Ҳаҷми савдои тарафайн меафзояд, ҳангоми расонда додани маҳсулоти кишоварзӣ «гузаргоҳи сабз» ба роҳ монда шуд. Дар кишвари мо бо иштироки ширкат ва бонкҳои номдори Русия, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетикӣ, нафту газ, кимиё, мошинсозӣ, электротехникӣ, бофандагӣ, хӯрокворӣ ва бисёр дигар лоиҳаҳои бузурги сармоявӣ татбиқ мешаванд.
Моҳи апрел Маҷмӯи коркарди гази Қандим ба истифода супурда шуд, моҳи октябр бошад, боз ба як лоиҳаи дигари пураҳамият – сохтмони аввалин Истгоҳи электри атомӣ дар Тошканд иқдом гузошта шуд.
Дар соҳаҳои илм, таълим ва нигаҳдории тандурустӣ, аз ҷумла кушодани филиалҳои мактабҳои машҳури Русия дар кишвари мо, барномаҳои муштарак татбиқ мегарданд.
Ҳангоми мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов махсус зикр шуд, ки соли 2018-ум соли таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии байни кишвар ва халқҳои бародар гардид.
Сафари сермаҳсули давлатии Президент Гурбангули Бердимуҳамедов ба Ӯзбекистон, ки моҳи апрел баргузор шуд ва натиҷаҳои амалии вохуриҳо дар доираи ҳамоиши Бунёди байналхалқии наҷоти Арал дар Аваз моҳи август ба ҳамкориҳои дуҷониба ва серҷанбаи минтақавӣ такони нав бахшиданд.
Дар Тошканд ва Ашхобод намоишгоҳҳои миллӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ бомуваффақият баргузор шуданд, таъсисёбии Шӯрои корӣ ба афзудани ҳаҷми табодули мол ва вусъат пайдо кардани кооператсия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мусоидат намуд.
Сарони давлатҳо муҳим будани пешбурди лоиҳаҳоеро, ки ба кашфи иқтидорҳои транзитии минтақа нигаронида шудаанд, таъкид карданд, идома додани робитаҳои фаъоли байниминтақавӣ ва маданиву инсонпарвариро ҷонибдорӣ намуданд.
Дар гуфтушуниди телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сарони ду давлат бо қаноатмандии амиқ изҳор доштанд, ки дар соли 2018-ум, ки дар Қазоқистон Соли Ӯзбекистон эълон шуда буд, муносибатҳои дуҷониба суръат, сифат ва мазмуни нав пайдо карданд.
Вохӯриҳо дар чаҳорчӯбаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки механизми муассири пешбурди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи тарафайни ӯзбекистониву қазоқистонӣ гардиданд, мунтазам баргузор мешаванд.
Ҳаҷми савдои тарафайн бо суръатҳои баланд меафзояд, барнома ва лоиҳаҳои кооператсионӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, электротехникӣ, саноати хӯрокворӣ, сайёҳӣ, нақлиёт ва логистика татбиқ мегарданд. Қаноатмандӣ аз ҷадвали пурмуҳтавои мубодилаҳои фарҳангиву башардӯстона зикр гардид.
Ҳоли ҳозир барои баргузор намудани як қатор чорабиниҳои бузурги вобаста ба Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон, ки соли 2019-ум мегузарад, тайёриҳо идома доранд.
Дар рафти суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййиб Эрдӯғон махсус таъкид шуд, ки робитаҳои муттасил дар сатҳи олӣ, сафарҳои таърихии тарафайн ба Анқара тирамоҳи соли гузашта ва ба Тошканд баҳори соли равон муносибатҳои дуҷонибаро ба дараҷаи сифатан баландтар бардоштанд.
Ҳамкориҳои пурмуҳтаво дар соҳаи сиёсӣ инкишоф меёбанд, мулоқоти байнипарлумонӣ фаъолтар гардид.
Ҳамкориҳои тарафайни тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ ва молиявию техникӣ вусъат пайдо мекунанд. Ҳаҷми содирот ва воридот бо суръати баланд меафзояд. Бинобар бозсозии инфрасохтори шаҳрӣ, нақлиётиву логистикӣ ва сайёҳӣ, дар мамлакати мо бо иштироки ширкатҳои бузурги Туркия таъсис додани корхонаҳои замонавии саноатӣ лоиҳаҳои муштарак амалӣ мешаванд.
Амиқ шудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои маданиву инсондӯстӣ, ҳамчунин татбиқ гардидани лоиҳаҳо дар ҷанбаҳои таълим ва нигаҳдории тандурустӣ бо қаноатмандӣ таъкид шуд.
***
Дар хотима сарони давлатҳо рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстиву шарикии стратегӣ, вусъат додани ҳамкориҳои бисёрҷанбаи муфиди тарафайни кишварҳои моро ҷонибдорӣ карданд.
Президентҳо дар Соли нави 2019-ум ба якдигар орзуҳои самимии сулҳу салоҳ, фаровонҳоливу шукуфоии халқҳои бародарро изҳор доштанд.
ӮзА.