ДАР БОРАИ ТАБЪИ ДИЛ ГУЗАРОНДАНИ МОҲИ РАМАЗОНИ МУБОРАК

Дар зинаи нави рушди Ӯзбекистон дар кишвари мо ба арзишҳои милливу динӣ беш аз пеш арҷ гузошта мешавад.

Мардуми мо файзу барака ва сулҳу осоишеро, ки дар кишвари азизамон ҳукмфармост, қабл аз ҳама, ба сифати марҳамати бепоёни Офаридгор қабул менамояд.
Бахусус, халқу кишварамон моҳи мубораки Рамазонро, ки дар он ба аҳливу тифоқӣ, ваҳдат, покии маънавӣ ва дигар фазилатҳо арҷ гузошта мешавад, ҳамеша бо руҳбаландӣ ва шодмонии бузург истиқбол мегирад. Дар рӯзҳои муборак амалҳои савобе, ки ба бузургдошти инсон, эҳтироми оила, эътибор ба оила ва кумаку дастгирии ниёзмандон нигаронида шудаанд, рӯшан ба назар мерасанд.
Ба мақсади ба таври шоиста пешвоз гирифтан ва дар сатҳи баланд гузарондани моҳи Рамазони муборак, ки барои халқи мо рамзи некукориву мурувват, меҳру оқибат маҳсуб меёбад, арҷгузорӣ ба тамоюлҳои инсонпарваронаи дини мубини ислом ва арзишҳои фарҳангиамон:
1. Ахбори идораи мусалмонони Ӯзбекистон оиди он, ки рӯзи оғози моҳи Рамазони муборак ба 2-юми апрел рост меояд, пазируфта шавад.
2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои шаҳри Тошканд ва вилоятҳо дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин, Вазорати маҳалла ва дастгирии собиқадорон, ҳамчунин созмонҳои ҷамъиятӣ чорабиниҳои моҳи Рамазонро тибқи анъана ва арзишҳои миллӣ ба амал татбиқ намоянд.
Ҳангоми баргузории чорабиниҳои маърифатӣ ба шукргузорӣ, инсонгарӣ, сабру қаноат барин фазилатҳо, расидан ба қадри ҳаёти осудаву фаровони мамлакат, таҳким бахшидани муҳити меҳру оқибат ва ҳурмати байниякдигарӣ дар оилаву маҳаллаҳо, дастгирии ҳарҷонибаи нафарони ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷ, оилаҳои ниёзманд, ки аз мазмуну моҳияти ин моҳи муборак бармеояд, эътибори алоҳида дода шавад.
3. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии ахбори миллии Ӯзбекистон ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ  тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои марбут ба моҳи Рамазонро ба таври густурда рӯшан намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон М. М. Комилов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ 

Шаҳри ТОШКАНД,
31 марти соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: