ДАР БОРАИ ТАДБИРҲО ОИД БА ТАЙЁРӢ ВА ГУЗАРОНИДАНИ РӮЗИ ХОТИРА ВА ҚАДР

Ҷанги дуюми ҷаҳон сабаби фавти миллионҳо нафар одамони бегуноҳ, талафот ва фоҷиаҳои гӯшношунид гардида, дар хотираи инсоният ҳамчун яке аз ҷангҳои даҳшатноку хунини олам боқӣ монд.

Ҷанги дуюми ҷаҳон сабаби фавти миллионҳо нафар одамони бегуноҳ, талафот ва фоҷиаҳои гӯшношунид гардида, дар хотираи инсоният ҳамчун яке аз ҷангҳои даҳшатноку хунини олам боқӣ монд.
Халқи сермиллати Ӯзбекистон ҷасорат ва фидокории воқеӣ зоҳир намуда, дар кори Ғалаба бар фашизм саҳми бузург гузошт.
Аз ҷумла, тақрибан 2 миллион нафар ҳамватанонамон дар набардҳо иштирок ва зиёда аз 500 ҳазор нафарашон дар размгоҳҳо қаҳрамонона ҳалок шуданд. 
Баробари ин дар солҳои ҷанг ҷумҳурии мо ба яке аз марказҳои муҳими таъминот табдил ёфт, ба фронт маҳсулоти хӯрокворӣ, сару либос, яроқу аслиҳа ва дигар воситаҳои заруриро расонда дод. Дар ин даврони душвор ҳамватанони мо беш аз 1,5 миллион пирон, занон ва кӯдаконеро, ки аз ҳудудҳои наздифронтӣ ба Ӯзбекистон кӯчонида шуда буданд, бо хонаву ҷо таъмин кард, нисбати онҳо ғамхории беназир зоҳир намуд.
Мардӣ ва ҷасорат, саховату меҳру мурувват, ҳамчунин маънавияти олие, ки халқи мо зоҳир кард, дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, қалбҳои моро бо эҳсоси амиқи ифтихор саршор менамоянд, моро барои тарбияи фарзандонамон дар рӯҳи ватандӯстии олӣ ва садоқат ба диловарии ниёгон рӯҳбаланд месозанд.
Бинобар ҳамин ҳам алҳол арҷгузорӣ ба хотираи дурахшони ҳамватанони диловарамон, ки дар муборизаи душвор бо истилогарон ва нирӯҳои манфур иродаву мардонагии беназир нишон доданд, ҳаёти худро ба зиндагии осудаву фаровони имрӯза бахшиданд, ҳамчунин иззату ҳурмати собиқадорон воқеан ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Бо мақсади дар мамлакат васеъ қайд кардани ҷашни умумихалқии 9 Май – Рӯзи Хотира ва Қадр, абадӣ сохтани хотираи хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳуқуқу тартибот, ки дар Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳон саҳми сазовор гузоштаанд ва дар солҳои истиқлолият ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ фавтидаанд, ҳамчунин бо арҷгузорӣ ба тамоми собиқадорон:
1. Барномаи оид ба тайёрӣ ва баргузор кардани чорабиниҳои бахшида ба ҷашни умумихалқӣ 9 Май – Рӯзи Хотира ва Қадр (минбаъд – Барнома) мувофиқи замимаи №1; 
Ҳайати Гурӯҳи корӣ оид ба тайёрӣ ва баргузор кардани чорабиниҳои бахшида ба ҷашни умумихалқии 9 Май – Рӯзи Хотира ва Қадр (минбаъд – Гурӯҳи корӣ), мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.
2. Ба Гурӯҳи корӣ (А. Н. Арипов) супурда шавад, ки:
баргузории чорабиниҳои Барнома пешбининамударо таҳти шиори «Хотира бор экан – миллат барҳаёт» («То хотира ҳаст – миллат ҳаст») ва «Эътибор ва ғамхӯрлик – инсоний бурч» («Эътибор ва ғамхорӣ – вазифаи инсонӣ») ташкил кунад;
чорабиниҳои дахлдорро бинобар таъмир ва ободонии хоҷагиҳои манзилӣ, манзили иштирокдорони танҳо ва камтаъмини Ҷанги дуюми ҷаҳон татбиқ намояд;
аз ҷониби роҳбарони вазоратҳо, идораҳои дахлдор, созмонҳои дигар ва қисмҳои ҳарбӣ зиёрат ба манзили будубоши иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, собиқадорони фронти меҳнат, аъзои оилаҳои хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳуқуқу тартиботро, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хидматии худ дар солҳои истиқлолият ҳалок шудаанд, ба мақсади расондани кӯмакҳои моддӣ ва ахлоқӣ ба роҳ монад;
бо мақсади нигоҳубин, расондани кӯмакҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ба ҳар кадом иштирокдор ва ногирои Ҷанги дуюми ҷаҳон бо ба онҳо вобаста кардани (дар асоси шартнома) кормандоне, ки донишҳои тиббӣ доранд, хидмати доимии патронажиро ба роҳ гузорад;
роҳхати ройгонро ба сиҳатгоҳҳои ҳудуди ҷумҳурӣ барои иштирокдорон ва собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон бинобар хоҳиши онҳо ташкил кунад.
3. Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор:
маҷмӯи чорабиниҳоро бобати тайёрӣ ва баргузор кардани ҷашн дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо кор карда бароянд ва татбиқ намоянд;
дар маҷмӯи ёдгории «Ғалаба боғи»-и шаҳри Тошканд, боғҳои «Ватанпарварлар»-и вилоятҳо ва дигар ҷойҳои муайян намоиши техникаи ҳарбӣ, намоишномаҳои рамзии замони Ҷанги дуюми ҷаҳонро, бо иловаи тадбирҳои вобаста ба иҷрои суруд ва таронаҳои солҳои ҷанг, ҳамчунин созмон додани дигар шароитҳои дахлдор ба роҳ монанд;
ороиши кӯчаву майдонҳоро бо плакат ва шиорҳои бахшида ба ҷашн таъмин намоянд.
4. Муайян карда шавад, ки хароҷоти вобаста ба чорабиниҳои ҷашнӣ, ҳамчунин омаду рафти собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва фронти меҳнатиро, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат зисту зиндагӣ мекунанд, аз тариқи нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ барои иштирок дар тантанаҳои асосие, ки дар шаҳри Тошканд гузаронда мешаванд, ҷобаҷокунии онҳо дар меҳмонхонаҳо, ташкил кардани хӯрокхӯрӣ, чорабиниҳои маданиву истироҳатӣ, дар зарурият – таъмин кардан бо сару либоси зарурӣ:
дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо – аз ҳисоби буҷаҳои маҳаллӣ ва маблағҳои хайрия;
дар шаҳри Тошканд – аз ҳисоби маблағи буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва буҷаи маҳаллии шаҳри Тошканд баробар сарпӯш карда мешаванд.
5. Ба Вазорати мудофиа супурда шавад, ки дар шаҳри Тошканд мушакпарронии идонаи бахшида ба Рӯзи Хотира ва Қадрро соати 21.00-и 9 майи соли 2021-ум ташкил намояд.
6. Ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ супурда шавад, ки тартибот ва бехатарии ҷамъиятиро дар маҳалҳои баргузории чорабиниҳои тантанавӣ таъмин намоянд.
7. Тамоми чорабиниҳои оммавии бахшида ба таҷлили Рӯзи Хотира ва Қадр мувофиқи тавсияҳои Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ бинобар тайёр кардани Барномаи чорабиниҳо бобати пешгирии гузаштан ва паҳн шудани навъи нави коронавирус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида шаванд.
8. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Оҷонсии иттилоотии «Дунё» ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки ҷараёни  ба тайёрӣ ва баргузор кардани ҷашн марбутро васеъ равшан намоянд.
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
20 апрели соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: