ДАР БОРАИ ТАҶЛИЛИ ИДИ ҚУРБОН

Нақш ва аҳамияти Иди муқаддаси қурбонро дар ҳаёти маънавии мо, ки зуҳуроти ҳуввиятҳои умумиинсонии хоси халқи мо, аз ҷумла меҳру мурувват, хайру саховат ба шумор меравад, ба инобат гирифта, ҳамчунин бо мақсади ҳифз кардан ва арҷ гузоштан ба суннатҳои милливу маънавӣ:

1. Бо назардошти қарори Идораи мусалмонони Ӯзбекистон бинобар он ки соли 2019-ум рӯзи аввали Иди қурбон ба 11 август (якшанбе) рост меояд, 11 августи соли 2019 дар мамлакат ҳамчун ҷашни Иди қурбон васеъ таҷлил карда шавад. 
2. Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд супурда шавад, ки якҷо бо Бунёди оид ба дастгирии фаъолияти ҷамъиятии собиқадорони Ӯзбекистон «Нуронӣ», Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба ҳамоҳангсозии  фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон  ва сохторҳои дигари ҷамъиятӣ чорабиниҳои заруриро ба муносибати таҷлили Иди қурбон дар маҳалҳо мувофиқи суннатҳои миллӣ ва динии халқи мо дар сатҳи олӣ таҷлил кунанд.
3. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон ва расонаҳои ахбори оммавии дигар супурда шавад, ки чорабиниҳои вобаста ба таҷлили Иди қурбонро васеъ равшан намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
2 августи соли 2019. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: