Моҳи муқаддаси Рамазон, ки моҳи хайрхоҳӣ, саховат ва меҳрубонӣ аст, имсол бар асари пандемияи коронавирус дар мамлакатамон дар хона, дар ҳалқаи оила, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоият муносиб гузаронда мешавад.
Моҳи муқаддаси Рамазон, ки моҳи хайрхоҳӣ, саховат ва меҳрубонӣ аст, имсол бар асари пандемияи коронавирус дар мамлакатамон дар хона, дар ҳалқаи оила, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоият муносиб гузаронда мешавад. Халқи аз озмоишу мушкилоти гуногун гузашта, боз ҳам қавитар ва тавонотар шуда, Иди муқаддаси Рамазонро бо шодии бузург ва эътимоди қавӣ ба оянда истиқбол мегирад.
Бо назардошти нақши ин ҷашни бузург дар ҳаёти маънавии халқи мо, аҳамияти он дар тасдиқи чунин сифатҳо дар ҷомеа, мисли саховатмандӣ, сипосгузорӣ ва меҳрубонӣ, инчунин ба мақсади ҳифз ва баланд бардоштани арзишҳои миллӣ ва динӣ:
1. Бо назардошти қарори Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар бораи дар соли 2020-ум ба 24 май – якшанбе рост омадани рӯзи якуми иди Рамазон 24 майи соли 2020 дар кишварамон ба сифати иди Рамазон ҷашн гирифта шавад.
2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Вазорати дастгирии маҳалла ва оила, Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба тибқи анъанаҳои милливу мазҳабии халқамон, бо риоя намудан ба талаботи карантин гузарондани иди Рамазон чораҳои дахлдор амалӣ намоянд.
3. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва воситаҳои ахбори оммавии дигар тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои марбут ба таҷлили Иди Рамазонро васеъ равшан намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов вогузор карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
21 майи соли 2020.