ДАР БОРАИ ТАЙЁРӢ ВА БАРГУЗОР НАМУДАНИ ҶАШНИ 27-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Имрӯз вақте ки Ӯзбекистон ба зинаи нави рушди миллӣ қадам гузошт, нақш ва аҳамияти неъмати бебаҳоямон – истиқлолият баланд мегардад.

Дар тамоми соҳа ва ҷабҳаҳо дигаргунсозиҳои васеъмиқёс амалӣ гардида, дараҷа ва сифати ҳаёти аҳолӣ баланд мешавад.
Роҳи ғайриоддие, ки мо тай намудем, як ҳақиқати ниҳоят муҳимро такрор ба такрор собит месозад. Соҳибихтиёрии давлатӣ ва истиқлолият барои мамлакат ва халқамон, дар ҳақиқат, имкониятҳои бемислро боз намуд. Танҳо дар асоси истиқлолият мо такягоҳи мустаҳками ҳаёти озод ва фаровон, ояндаи бузургамонро гузошта тавонистем. 
Аз ин нуқтаи назар сана ва воқеаҳои таърихии ба даст овардани истиқлолияти Ватан марбут дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиамон нақши алоҳида касб менамояд. 
Ба мақсади муносиб пешвоз ва васеъ ҷашн гирифтани 27-умин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон, ки  тӯли асрҳои зиёд орзуи деринаи халқамон буда, дар таърихи мамлакатамон саҳифаи навро боз намуда, ба туфайли он мамлакатамон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид:
1. Таркиби Комиссияи ҷумҳурӣ оид ба тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
2. Комиссияи ҷумҳурӣ дар муҳлати як ҳафта барномаи чорабиниҳои ташкиливу амалӣ, маънавиву маърифатӣ ва иттилоотиву тавзеҳотиро таҳти шиори «Азиз ва ягонаӣ, Ӯзбекистони маҳбуб!» таҳия намояд.
Барномаи мазкур дар ҳамоҳангӣ бо қоидаҳои асосии Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ва Барномаи давлатии «Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо» тайёр карда шавад.
Дар ин бобат ба амиқ дар асоси илмиву маърифатӣ ва мисолҳои ҳаётӣ кушода додани моҳият ва мазмуни корҳои васеъмиқёс бино бар такмил додани низоми сохтмони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, амалӣ гардондани мулоқоти доимӣ бо халқ, таъмин кардани манфиатҳои инсон, волоияти қонун ва ислоҳсозии минбаъдаи низоми суду ҳуқуқ, рушди иқтисодиёт ва ҷонибдории соҳибкории фаъол, рушди соҳаи иҷтимоӣ, аз он ҷумла илм, таълим, нигаҳдории тандурустӣ, маданият ва санъат, сайёҳӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани сулҳ, осоиш ва бехатарӣ, муҳити ризоияти байнимиллӣ ва кушодадилии динӣ дар мамлакат, васеъ гардондани алоқаҳои дӯстӣ ва ба ҳамдигар муфид бо мамлакатҳои хориҷи наздик ва дур, ки дар мамлакатамон татбиқ мегарданд, бояд эътибори алоҳида дода шавад.
3. Комиссияи ҷумҳурӣ ба мақсади дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри  Тошканд бо иштироки табақаи васеи аҳолӣ ташкил намудани вохӯриҳои маърифатӣ, суҳбатҳои кушод, шабнишиниҳои адабиву бадеӣ, чорабиниҳои дигари фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи истиқлолият иборат аз олимони машҳур, намояндагони зиёиёни эҷодкор, арбобони фарҳанг гурӯҳҳои маънавиву маърифатӣ таъсис диҳад ва дар асоси нақшаи аниқ кори онҳоро таъмин намояд.
4. Комиссияи ҷумҳурӣ дар ҷамъомадҳои худ мунтазам ҳисоботи роҳбарони ҳар як минтақа, вазорату идораҳоро бобати рафти чорабиниҳо дар марказҳо ва маҳалҳо  шунавад.
5. Ба тайёр кардани барномаҳои идона дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд гурӯҳҳои эҷодиро иборат аз сенариянависон ва режиссёрон, ки маҳорат ва таҷрибаи баланд доранд, нависандагон ва шоирон, бастакорон ва балетмейстерҳо, рассомони саҳна, иҷрокунандагони ҷавон, намояндагони санъати фолклор васеъ ҷалб карда шаванд.
6. Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон баргузор намудани зинаи хотимавии озмуни ҷумҳуриявии «Ту ягонаӣ, Ватани муқаддас!»-ро барои беҳтарин суруд ва асари мусиқӣ, ки истиқлолияти мамлакатамонро тараннум менамояд, таъмин намояд.
Номи ғолибон ва ҷоизадорони озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолият эълон карда шавад.
7. Агентии оид ба матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон, Вазорати маданият якҷоя бо Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи эҷодии журналистон, Академияи бадеии Ӯзбекистон, Иттиҳодияи эҷодии «Тасвирий ойина» ва созмонҳои дигари дахлдор дар дараҷаи баланд гузарондани азназаргузаронӣ-озмунҳои анъанавии «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз», «Ватани маҳбуб дар ҷилои рангҳо», «Баҳри Ватан зиндагӣ кунем!»-ро таъмин намояд.
8. Муайян карда шавад, ки хароҷоти вобаста ба баргузор намудани чорабиниҳо:
дар Ҷумҳурии Қароқалполқистон ва вилоятҳо – аз ҳисоби буҷаҳои маҳаллӣ, инчунин маблағҳои хайрия;
дар шаҳри Тошканд – дар ҳиссаи баробар аз ҳисоби маблағи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва буҷаи маҳаллии шаҳри Тошканд пӯшонда мешаванд.
9. Ба Агентии оид ба матбуот ва ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, агентии иттилоотии «Дунё» ва воситаҳои ахбори оммавии дигар супурда шавад, ки корҳоро бино бар тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамаҷониба равшан намоянд.
10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон     
Ш. МИРЗИЁЕВ 

шаҳри ТОШКАНД, 
28 июни соли 2018. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: