Ӯзбекистон ба шарофати истиқлолият, ки дастоварди беназири халқи мо ба шумор рафта, дар таърихи мамлакат саҳифаи наву дурахшон кушодааст, дар ҷомеаи ҷаҳон мақоми сазовор ишғол кард ва бо роҳи аз эҳёи миллӣ ба пешрафти миллӣ муътамадона пеш меравад.
Алҳол дар ҷумҳурӣ ислоҳоти васеъмиқёсе, ки ба таҳкими сулҳу салоҳ, таъмин сохтани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои инсон, рушди ҳамаҷонибаи мамлакат, афзун сохтани обрӯйи он дар арсаи байналхалқӣ нигаронида шудаанд, татбиқ мешаванд. Дар шумори афзалиятҳои асосӣ – баланд бардоштани сатҳ ва сифати ҳаёти шаҳрвандони мо, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои соҳибкорӣ ва моликияти хусусӣ, ғамхорӣ ва эътибори доимӣ ба ҷавонон, занон, куҳансолон, табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ қарор доранд. Натиҷаҳои мусбати ҳамаи ин дигаргуниҳо нафақат дар мамлакат, балки дар ҷомеаи ҷаҳон низ эътироф мегарданд.
Ба мақсади васеъ таҷлил намудани 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки манбаи асосии тамоми комёбиҳои мо дар роҳи бунёди ҳаёти озод, шукуфон ва фаровон гардидааст, барои истиқболи сазовори ин санаи аз ҳама бузург ва аз ҳама азизи мо:
1. Ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ бинобар тайёрӣ ва баргузории ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
2. Ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ супурда шавад, ки дар муҳлати як ҳафта барномаи чорабиниҳои ташкиливу амалӣ, маънавиву маърифатӣ ва иттилоотиву маънидодкуниро таҳти шиори «Ҷовидон шукуфон бош, Ӯзбекистони азизи ман!» кор карда барояд.
Ҳангоми тайёр кардани барнома дастурҳои асосии Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ва Барномаи давлатии Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ, мазмун ва моҳияти ислоҳоти куллие, ки дар доираи иҷрои чунин барномаҳои муҳим, аз ҷумла «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод», «Ҳар кадом оила – соҳибкор», «Ҷавонон – ояндаи мо», «Панҷ ташаббус» амалӣ мешаванд, дар назар дошта шаванд.
Дар ин бобат хабардоркунии васеи ҷомеаи ватанӣ ва хориҷӣ – дар пояи санадҳои мушаххас ва мисолҳои ҳаётӣ, таҳлили амиқи илмӣ, баҳодиҳии коршиносон – дар бораи натиҷаҳои ба хусус муҳими солҳои охир бобати кор оид ба ислоҳоти куллии муносибатҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ, умуман тамоми ҷомеаи мо аҳамияти бузург доранд. Бояд ба таъсири ин тағйироти мусбат ба баланд шудани сатҳ ва сифати ҳаёти ҳамватанон, вусъат пайдо кардани ҷаҳонбинии онҳо рушди иқтидори зеҳнӣ, маданӣ ва маънавии халқи мо эътибори махсус дода шавад.
3. Ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ супурда шавад, ки ба мақсади дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд бо иштироки табақаҳои васеи аҳолӣ ба роҳ мондани вохӯриҳои маърифатӣ, мулоқоти ошкоро бинобар масъалаҳои рӯзмарра, шабнишиниҳои бадеиву адабӣ, чорабиниҳои дигари фарҳангӣ, бахшида ба Рӯзи истиқлолият аз ҷумлаи олимони шинохта, намояндагони зиёиёни эҷодкор, арбобони маданият гурӯҳҳои маънавиву маърифатӣ таъсис диҳад ва кори онҳоро дар пояи дурнамои мушаххас таъмин намояд.
Дар ин маврид ба инобат гирифта шавад, ки муваффақиятҳои бадастомада бобати бозсозии мамлакат, озодкунии соҳа ва ҷанбаҳои гуногун дар ин самт танҳо қадамҳои аввалин мебошанд, ҳангоми ташкили чунин чорабиниҳо ба зиёдаравӣ ва расмиятбозӣ, муносибати сатҳӣ роҳ дода нашавад, ҳамаи ин корҳо дар пояи равандҳои эътимод ва воқеият баргузор карда шаванд.
4. Ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ супурда шавад, ки дар ҷамъомадҳои худ мунтазам ҳисоботи роҳбарони ҳар кадом минтақа, вазорату идораҳоро оид ба ҷараёни иҷрои чорабиниҳои пешбинишуда дар марказ ва маҳалҳо шунавад.
5.Ба тайёрии барномаҳои ҷашнӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд гурӯҳҳои эҷодӣ аз ҷумлаи таҳиягарону коргардонҳои дорои маҳорати баланд, шоиру нависандагон, оҳангсозон ва устодони балет, рассомони саҳнавӣ, намояндагони санъати мақом ва бахшигӣ, иҷрогарони соҳибистеъдоди ҷавон васеъ ҷалб карда шаванд.
6. Ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Иттиҳоди нависандагон, Иттифоқи оҳангсозон ва бастакорони Ӯзбекистон баргузор кардани давраи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Ту ягона ва муқаддасӣ Ватан!» барои суруд ва асари беҳтарини мусиқӣ, ки истиқлолияти кишвари моро васф мекунад, таъмин кунад.
Номи ғолибон ва барандагони ҷоизаҳои озмун дар арафаи Ҷашни истиқлолият эълон карда шавад.
7. Ба Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати фарҳанг супурда шавад, ки якҷо бо Иттиҳоди нависандагон, Иттифоқи эҷодии журналистон, Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон, Иттиҳодияи эҷодии «Тасвирий ойина» ва дигар созмонҳои дахлдор дар сатҳи баланд гузаронидани озмун – азназаргузарониҳои анъанавии «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз», «Симои Ватан – аз назари мусаввир», «Зиндагӣ барои Ватан!»-ро таъмин намоянд.
8. Муайян карда шавад, ки хароҷот барои гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ:
дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо – аз ҳисоби буҷаҳои маҳаллӣ, ҳамчунин маблағҳои хайрия;
дар шаҳри Тошканд – баробар аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Буҷаи маҳаллии шаҳри Тошканд пӯшонда мешаванд.
9. Ба Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Оҷонсии иттилоотии «Дунё» ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки корҳои оид ба тайёрӣ ва баргузории ҷашни 28–умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ҳамаҷониба равшан кунанд.
10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
8 июли соли 2019.