31 августи соли 1991 бо иродаи устувор ва ҷасорати халқи мо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бешубҳа, дар таърихи ҳазорсолаи кишвари мо воқеаи бузург ва фаромӯшнашаванда гардид, ки арзиш ва аҳамияти он бо мурури замон фақат зиёд мешавад.
Маҳз истиқлолияти миллӣ барои дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор пайдо кардани кишвари мо, бунёди давлати демократии ҳуқуқӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, ба амал баровардани ислоҳоти густурда дар соҳаву бахшҳои гуногуни ҳаёт заминаи мустаҳкам фароҳам овард ва ҳамчун манбаи асосии ҳамаи муваффақиятҳо ва марраҳое, ки мо ба даст меоварем, хидмат мекунад.
Махсусан бояд гуфт, ки солҳои охир дар шароити душвори пандемияи коронавирус ва бӯҳрони иқтисодӣ, афзоиши рақобат, муқовимат ва низоъҳои гуногун дар ҷаҳон ба шарофати меҳнати фидокоронаи мардуми далеру устувори худ дар бунёди Ӯзбекистони Нав мо натичаҳои муҳим ба даст меоварем. Дастовардҳои моро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мекунад, муҳимтар аз ҳама, тафаккур ва ҷаҳонбинии ҳамватанони мо тағйир меёбад, ки онҳо натиҷаи ислоҳотро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ эҳсос мекунанд.
Мувофиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 амиқ гардондани ислоҳоти куллӣ бо мустаҳкам намудани комёбиҳои ба даст овардашуда, ба нақшаи аввал гузоштани таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, шаъну шарафи ӯ вазифаи устувори мо ба ҳисоб меравад. Татбиқи ин вазифа халқи сермиллати моро дар роҳи фатҳи қуллаҳои баланд боз ҳам муттаҳид намуда, ба пойдории сулҳу субот дар кишвар, яклухтии арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои давлатӣ, таҳкими дӯстии байни миллатҳо, ҳамбастагӣ ва таҳаммулпазирии байниконфессиявӣ дар ҷомеаи мо мусоидат мекунад.
Нақш ва аҳамияти бузурги истиқлолияти миллиро дар ба давлати ҳамаҷониба озод, шукуфон ва обод табдил додани кишварамон, пурзӯр гардондани муҳаббату садоқат ба Ватан, бахусус дар насли наврас ба назар гирифта, инчунин барои сазовор истиқбол гирифтани 31-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи фархунда:
1. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
Ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 31-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Комиссияи ҷумҳуриявӣ) мутобиқи замимаи № 1;
Барномаи чорабиниҳои ташкиливу амалӣ, маънавию маърифатӣ ва корҳои тарғиботию тавзеҳотӣ, ки дар худ ғояи асосии «Дар Ӯзбекистони Нав қадру қимати инсон, манфиатҳои халқ – арзиши олитарин»-ро таҷассум намудааст, мувофиқи замимаи № 2.
2. Комиссияи ҷумҳуриявӣ (А. Арипов):
татбиқи самарбахши чорабиниҳоеро, ки дар Барнома пешбинӣ шудаанд ва ҷашни васеи Рӯзи истиқлолиятро дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, марказҳои вилоятӣ ва шаҳри Тошканд, инчунин дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, деҳот ва овулҳо таъмин намояд;
барои самаранок гузаронидани вохӯриҳои маърифатӣ, муколамаи ошкоро, суҳбату шабҳои адабию бадеӣ бахшида ба ҷашни истиқлолият, инчунин табодули афкор дар мавзӯъҳои муҳим ва чорабиниҳои фарҳангӣ байни табақаи васеи аҳолӣ дар тамоми минтақаҳо аз сафи арбобони маъруфи илм, фарҳанг ва санъат, зиёиёни эҷодкор гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис диҳад.
дар ҷамъомадҳои худ ҳисоботи роҳбарони ҳар як вилоят, вазорату идораҳоро дар бораи рафти иҷрои тадбирҳои пешбинишуда мунтазам шунавад.
3. Ба тайёр кардани чорабиниҳои идонае, ки дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барпо мегардад, гурӯҳҳои эҷодӣ аз ҷумлаи онҳое, ки дар ташкили баромадҳои оммавии сенариянависон ва режиссёрҳо, нависандагон ва шоирон, бастакорон ва балетмейстерон, рассомони саҳна, намояндагони санъати мақом ва бахшигӣ, инчунин иҷрокунандагони ҷавони боистеъдод маҳорат ва таҷрибаи баланд доранд, васеъ чалб карда шаванд.
4. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни истиқлолият ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи хоса дода шавад:
самарабахш инъикос намудани ислоҳоти куллии демократӣ, ки дар солҳои охир дар кишварамон ба амал бароварда мешаванд, тағйироти мусбате, ки дар ҳаёти воқеӣ, шуур ва ҷаҳонбинии халқамон рух медиҳанд;
то ба ҷомеаи васеъ дар асоси таҳлили амиқ, мисолҳои ҳаётии аниқ расондани корҳое, ки дар Ӯзбекистон оид ба мустаҳкам намудани муҳити дӯстӣ ва ризоияти байни намояндагони миллату элатҳои гуногун, таъмини ҳаёти орому осоишта дар ҷамъият амалӣ мегарданд;
ташкили чорабиниҳои маънавӣ-маърифӣ, ки ба қадршиносӣ ва ҳифзи ҳаёти имрӯзаи осоишта ва озодона, бо ҳисси шукрона зиндагӣ кардан, гиромӣ доштани қадру қимати инсон даъват менамояд;
маълумот додан аз натиҷаҳои мушаххаси барномаҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд, таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ ба ҷавонон, занон, намояндагони насли калонсол, ба шахсони ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд;
гузаронидани чорабиниҳои хайриявӣ бахшида ба ид оид ба дастгирии собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва намояндагони насли калонсол, аёдат ва расонидани кумак ба онҳое, ки ба «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон», «Дафтари ҷавонон» дохил шудаанд ва ҳамватанони ниёзманди кӯмак.
5. Ба Вазорати фарҳанг (О. Назарбеков):
якҷоя бо Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат (М. Ҳоҷиматов) ва Иттифоқи нависандагон (С. Саидов) дар муддати як ҳафта барнома ва сенарияи намоиши консертии театрикунонидашудро дар шаҳри Тошканд бахшида ба ҷашни истиқлолият таҳия намояд;
оиди бо ҷалб намудани коркунони пуртаҷрибаи эҷодӣ ва мутахассисони баландихтисос дар сатҳи баланди ғоявию бадеӣ тайёр кардани ин намоиши мазкури консертӣ чораҳо андешад.
6. Вазорати фарҳанг (О. Назарбеков), Академияи бадеӣ (А. Нуридинов), Иттифоқи нависандагон (С. Саидов), Иттифоки журналистони Ӯзбекистон (О. Усаров), Иттиҳодияи эҷодии «Тасвирий ойина» (И. Латипов) якҷоя бо ташкилотҳои дахлдор дар сатҳи баланд баргузор намудани азназаргузаронӣ-озмунҳои анъанавии «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз», «Симои Ватан – бо чашми мусаввир», «Баҳри Ватан зистан!»-ро таъмин намоянд.
7. Муқаррар карда шавад, ки гузаронидани чорабиниҳои идона:
Дар Ҷумҳуриии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо — аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷаҳои дахлдори маҳаллӣ, инчунин хайру эҳсони ҳомигӣ;
дар шаҳри Тошканд — аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ва буҷаи маҳаллии шаҳри Тошканд дар ҳиссаҳои баробар бо сметаи хароҷот, ки Комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ кардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.
8. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон (А. Хаджаев), Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон (А. Кӯчимов), Агентии иттилоотии «Дунё» (С. Суяров), Ассотсиатсияи миллии ВАО-и Узбекистон (Ш. Кудратхӯҷа) ва дигар васоити ахбори омма тавсия дода шавад, ки корҳоро оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷашни 31-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаматарафа инъикос намоянд.
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А. Абдувахитов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
1 августи соли 2022.