ДАР БОРАИ ТАКМИЛ ДОДАНИ ЧОРАҲОИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ПАҲНШАВИИ БАЪЗЕ ИНФЕКСИЯҲОИ ВИРУСИ ФАЪОЛ

Бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳои дар доираи мулоқоти кушоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намояндагони соҳаи тандурустӣ дар мавзӯи «Ислоҳот дар соҳаи тиб – ба хотири шаъни инсон», ки 18 марти соли 2022 баргузор гардид, инчунин пурзӯр намудани корҳо оид ба муқовимат ба паҳншавии баъзе сироятҳои вирусии фаъол:

1. Самтҳои асосии такмили минбаъда ва вусъат додани ёрии тиббию иҷтимоӣ ба аҳолӣ барои пешгирӣ, ташхис ва табобати саривақтии баъзе сироятҳои вирусӣ инҳо муайян карда шаванд: 
вусъати фарогирии муоинаи скринингӣ барои барвақт ошкор намудани гепатити вирусии навъҳои «В» ва «С» ва табобати бемориҳо дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ; 
фарогирии пурраи шахсони дорои хавфи баланди сироятёбӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тиб, ки бо хун ва ҷузъҳои он, бо ваксинаи гепатити В кор мекунанд; 
ба воситаҳои доруворӣ бепул таъмин намудани бемороне, ки дар ҷараёни табобат дар онҳо ҳангоми тадқиқотҳои скринингӣ вируси гепатити «С» ошкор карда шуданд;
давра ба давра пурра ба маводи истеъмолӣ (реактивҳо ва маҷмӯаҳои санҷишӣ) таъмин намудан барои ошкор намудани сироятҳои вирусӣ дар марҳилаи аввалияи низоми тандурустӣ;
дар тамоми муассисаҳои тиббию профилактикӣ, хадамоти санитарию эпидемиологӣ ва созмонҳои тиббии ғайридавлатӣ таъсис ва пешбурди феҳристи ягонаи электронии бемориҳои музмини вирусии ҷигар; 
такмил додани назорати бехатарӣ, сифат ва самаранокии ваксинаҳо, маҷмӯъҳои санҷишӣ ва доруҳои зидди вирусӣ;
 гузарондани тадқиқоти илмӣ оид ба мушкилоти сирояти вирусҳо, ҷорӣ намудани системаи автоматиконидашудаи назорати касалиҳо;
ташкили корҳои ҳамаҷонибаи тавзеҳотӣ, иттилоотию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ оиди чорабиниҳои пешгирии сирояти инфексияи вирусӣ. 
2. Ба эътибор гирифта шавад, ки тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25 апрели соли 2022 № ҚП-215 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба наздик кардани ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии тиббӣ» аз 1 июни соли 2022 таҷрибаи эмгузаронии ройгони зидди гепатити “В” барои кормандони муассисаҳои давлатии тиббии бевосита бо хун коркунанда ҷорӣ карда мешавад.
3. Инҳо тасдиқ карда шаванд: 
Барномаи такмили чораҳо оид ба муқовимат ба паҳншавии баъзе сироятҳои вирусии таъҷилӣ барои солҳои 2022-2025 (минбаъд – Барнома) мутобиқи замимаи № 1; 
Нишондиҳандаҳо оид ба эмгузаронии кормандони тиббӣ дар низоми давлатии нигаҳдории тандурустӣ аз гепатити «В» дар  асоси дастури эпидемиологӣ барои солҳои 2022-2023 тибқи замимаи № 2.
4. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он: 
аз 1 июли соли 2022 сар карда шумораи солонаи муоинаи скринингии аҳолии ҷумҳурӣ оид ба намудҳои гепатити вирусии «В» ва «С» ба 1 миллион нафар, шумораи муоинаи реаксияи занҷири полимеразӣ (ПСР) — то 15 ҳазор нафар, табобати беморони гепатити вирусии навъи «С» — то 10,5 ҳазор нафар зиёд карда мешавад;
аз 1 сентябри соли 2022 нисбат ба шахсоне, ки қонунвайронкунии дар моддаи 190 Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ пешбинишударо содир намудаанд, дар баробари муайян кардани ҷавобгарӣ тартиби гузаронидани муоинаи скринингӣ оид ба намудҳои гепатити “В” ва “С” ҷорӣ карда мешавад. 
5. Вазорати тандурустӣ (Б.Мусаев): 
то 1 ноябри соли 2022 аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «IT-Мed» таҳти муассисии Вазорати тандурустӣ таҳия карда шудани Феҳристи ягонаи электронии бемориҳои музмини вирусии ҷигар (минбаъд – Феҳрист), инчунин минбаъд – дастгирии техникӣ ва нармафзори онро таъмин намояд; 
то 1 январи соли 2023 пешбурди Реестри муассисаҳои тиббию профилактикӣ, хадамоти санитарию эпидемиологӣ, инчунин дар ҳама ташкилотҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият, ки кормандони бо хун ва ҷузъҳои он коркунанда доранд, ва ҳамгироии мутақобилаи онҳоро ба роҳ монад;
аз 1 июли соли 2022 сар карда дар Пажӯҳишгоҳи вирусология ва муассисаҳои дахлдори аз ҷониби Вазорати тандурустӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Навоӣ, Бухоро, Қашқадарё, Сурхондарё, Ҷиззах ва Сирдарё муайянкардашаванда таъсис додани бонки плазмаи хуни шахсон (донорҳо), ки пас аз табларзаи геморрагии Конго-Қрим шифо ёфтаанд, таъмин намояд; 
стандартҳои ташхис ва табобати касалиҳои сирояткунанда, аз ҷумла гепатити музмини вирусӣ дар муассисаҳои табобатӣ ва ташкилотҳои тиббии ғайридавлатӣ такмил дода, назорат аз болои риояи онҳо пурзӯр карда шавад.
6. Муқаррар карда шавад, ки: 
аз 1 июли соли 2022 ташкилотҳои тиббии ғайридавлатӣ эмгузаронии кормандони худро, ки бо хун ва ҷузъҳои он кор мекунанд,  бар зидди сирояти гепатити “В”, инчунин мунтазам ворид намудани маълумот дар бораи ин ба Феҳрист аз лаҳзаи фаъолияти Феҳрист таъмин мекунад.  Дар баробари ин эмгузаронии коргарони эмнашуда аз ҳисоби ташкилотҳои тиббӣ дар ҷои кори асосии онҳо гузаронда мешавад;
аз 1 январи соли 2024  сар карда дар ташкилотҳои тиббии ғайридавлатӣ мавҷуд будани эмгузаронии кормандон, ки бо хун ва ҷузъҳои он кор мекунанд, бар зидди сирояти гепатити “В”, инчунин бо тартиби муқарраргардида пеш бурдани Реестр яке аз талабот ва шартҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти тиббӣ мебошад.
7. Вазорати рушди инноватсионӣ (И.Абдураҳмонов) дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ (Б.Мусаев) аз 1 июли соли 2022  сар карда ҳар сол дар асоси озмун ҷудо намудани маблағро барои лоиҳаҳое, ки ба таъмини ҳалли илмии мушкилоти сирояти вирусҳои васеъ паҳншуда  нигаронида шудаанд, таъмин намояд. 
8. Вазорати тандурустӣ (Б.Мусаев), Вазорати рушди инноватсионӣ (И.Абдураҳмонов), Академияи илмҳо (Б.Юлдошев), Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ (А.Воитов) ва Агентии рушди саноати фармасевтӣ (С.Қариев) то охири соли 2022 ба Девони Вазирон оид ба маҳаллисозии истеҳсоли чунин маҳсулот, аз қабили ваксина, доруворӣ ва ташхиси барои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои вирусӣ зарурӣ пешниҳодҳо тақдим намояд. 
9. Муқаррар карда шавад, ки маблағгузорӣ барои хариди воситаҳои озмоишӣ, материалҳои ташхисӣ ва масрафӣ барои муассисаҳои тиббию профилактии дахлдор аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ сурат мегирад.
10. Девони Вазирон ҳамоҳангсозии самарабахши фаъолият ва ҳамкории вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва дигар ташкилотҳоро ҷиҳати сари вақт ва босифат ба амал баровардани тадбирҳои пешбининамудаи қарори мазкур, инчунин муҳокимаи ҳамасолаи ин масъаларо дар маҷлисҳои комиссияи ҷумҳуриявии зидди эпидемиологии фавқулодда таъмин намояд.
11. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, Вазорати дастгирии маҳалла ва калонсолон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ  дар маҳалҳо корҳои васеи тавзеҳотӣ, иттилоотию тарғиботиро оид ба масъалаҳои паҳншавии инфексияи вирус пурзӯр гардонанд.
12. Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ, Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон якҷоя бо Вазорати тандурустӣ мунтазам ва васеъ равшан намудани масъалаҳои мубрами мубориза бар зидди сироятҳои вирусӣ дар байни аҳолиро бо ташкили мақолаҳои мавзӯӣ, силсилаи барномаҳои телевизион ва радиошунавонӣ таъмин намоянд.
13. Ба зиммаи вазири тандурустӣ Б. А. Мусоев ва сардори Хидмати беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва саломатии аҳолӣ Б. Қ. Юсупалиев масъулияти шахсӣ барои ташкили самараноки иҷрои қарори мазкур гузошта шавад. 
Мутобиқсозӣ ва назорати фаъолияти идораҳои барои иҷрои қарори мазкур масъул ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов ва муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Л. Н. Тӯйчиев гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ 

Шаҳри ТОШКАНД, 
16 майи соли 2022. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: