Ба мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани таълиму тарбия дар мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат, пурзӯр гардондани ҳифзи иҷтимоии роҳбарон ва кормандони педагогии мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат, ки тӯли солҳои зиёд бо меҳнати фидокоронаашон ба баланд бардоштани самарабахшии таълим ҳисса мегузоранд, инчунин минбаъд такмил додани низоми муносиб рағбатнок кардани меҳнат ва маҳорати эҷодии онҳо:
1. Таклифоти Вазорати маданият, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнат ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аз 1 октябри соли 2019 баланд бардоштани ставкаҳои базавии тарифии кормандони мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат:
барои директорон ва муовинони директор – 1,5 баробар;
барои омӯзгорон ва консертмейстерҳо – 1,25 баробар маъқул дониста шавад.
2. Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ:
а) ба мақсади куллан беҳтар гардондани ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат дар асоси омӯхтани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ:
низоми замонавии баҳогузорӣ ба сифати таълимро таҳия ва тасдиқ намояд;
нақшаҳои таълим ва барномаҳоро бо назардошти истифодаи васеи технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ аз нав дида барояд ва тасдиқ кунад;
б) бинобар:
ҷорӣ каррдани амалиёти дар асоси озмун хоста гирифтани номзадҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат ва пурзӯр гардондани рағбатноксозии онҳо;
ташкили самарабахш ва васеъ гардондани фарогирии низоми масофавӣ баланд бардоштани ихтисоси кормандони роҳбарикунандаи мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат;
такмил додани талаботи давлатӣ ба талаботи дараҷаи ихтисос ва баҳодиҳӣ ба фаъолияти омӯзгорон ва консертмейстерҳо, инчунин мазмун ва сифати таълим дар мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат чораҳо андешад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2019 маблағҳои заруриеро, ки барои бо маблағ таъмин кардани хароҷоти ба татбиқи қарори мазкур алоқаманд тақозо мегарданд, ҷудо намояд ва аз соли 2020-ум онҳоро дар параметрҳои хароҷоти Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба назар гирад.
4. Вазорати маданият якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намояд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдувахитов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри Тошканд,
30 сентябри соли 2019.