ДАР БОРАИ ТАСДИҚ КАРДАНИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОҲАИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИМИЛЛӢ

Тӯли солҳои охир корҳои васеъмиқёсе, ки ба татбиқ кардани яке аз афзалиятҳои сиёсати давлат – таъмин сохтани ҳамдилӣ ва кушодадилии байнимиллӣ дар ҷамъият, мустаҳкам намудани муҳити дӯстӣ ва эҳсоси оилаи ягонаи бузурги бисёрмиллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтиром ба суннатҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, вусъат додани робитаҳои маданиву маърифатӣ бо кишварҳои хориҷӣ нигаронида шудаанд, ба сомон расиданд.

Моддаҳои Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки халқи Ӯзбекистонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, новобаста аз миллати онҳо ташкил медиҳанд, ҳамчунин Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибати боэҳтиромонаро ба забонҳо, урфу одатҳои халқиятҳо ва миллатҳое, ки дар ҳудуди он зисту зиндагӣ мекунанд, фароҳам овардани шароитҳоро барои рушди онҳо таъмин менамояд, гуфта эълом медорад ва ба ин кафолат медиҳад, фаъолона ба ҳаёт татбиқ мегарданд. 
Бо ин мақсадҳо дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ таъсис ёфта, фаъолияти худро амалӣ менамояд ва бобати таъмин сохтани ҳамдиливу кушодадилии байнимиллӣ дар ҷомеа сиёсати давлатиро мунтазам татбиқ месозад. 
Алҳол намояндагони зиёда аз 130 миллат ва халқиятҳое, ки дар кишвари мо зисту зиндагӣ мекунанд, аз ҳуқуқ ва имкониятҳои баробаре, ки Сарқонун ва қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кардаанд, истифода бурда, дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, ҷабҳаҳои илму фарҳанг пурмаҳсул кор мекунанд, ба шукуфоии Ватан ва таҳкими истиқлолияти он, баланд шудани нуфуз ва обрӯи ҷумҳурӣ дар арсаи байналхалқӣ саҳми муносиб мегузоранд. 
Таҳлили суръати татбиқсозии афзалиятҳо, ислоҳоти васеъмиқёси демократие, ки амалӣ мешаванд, комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои озодкунии соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ғайраи ҳаёти ҷомеа тамоми асосҳоро медиҳанд бигӯем, ки халқи Ӯзбекистон дар атрофи ғояи ягона – муваффақ шудан ба мақсадҳои нек ва вазифаҳои муҳим бинобар самтҳои бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муттаҳид гардидааст.
Баробари ин дар шароити идома ёфтани ҷаҳонишавӣ ва тарсформатсияи муносибатҳои байналхалқиву минтақавӣ, дар ҷаҳон пурзӯр гардидани зиддиятҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, миллӣ, динӣ ва ғайра, афзудани зиддиятҳо дар соҳати ахбор ва кибернетика дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ як қатор масъалаҳои рӯзмарра боқӣ мемонанд, ки ҳаллу фасли худро тақозо доранд, аз ҷумла:
минбаъд баланд бардоштани дараҷаи ҳамкориҳои тарафайни мақомот ва созмонҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия бо идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ:
дар маҳалҳо ба роҳ мондани низом ва механизмҳои мониторинги ҳолати муносибатҳои байнимиллӣ ҳамчун асос барои ташкил кардани фаъолият бинобар пешгирӣ ва ташхиси бармаҳали зиддиятҳои эҳтимолӣ ва вазъиятҳои зиддиятнок дар ҷомеа;
татбиқ намудани чораҳои маҷмӯии таълимӣ, иттилоотӣ ва маданиву маърифатӣ бобати тарбияи мадании муколимаи байнимиллӣ, омӯхтани таърих ва анъанаҳои мардуми Ӯзбекистон;
такмил додани корҳо бобати тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони мақомоти давлатӣ, ҳамчунин кормандони созмонҳои дигар дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ.
Ба мақсади мустақимона татбиқ кардан ва минбаъд такмил додани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ ва рушди робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамчунин мувофиқи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021:
1. Инҳо самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ муайян карда шаванд:
такмил додани механизмҳои ҳамкории тарафайни мақомот ва созмонҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия бо идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла бо расонаҳои ахбори оммавӣ, ҳангоми татбиқ сохтани сиёсати давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ;
фароҳам овардани шароитҳои иловагии иҷтимоиву иқтисодӣ барои самарабахш татбиқ сохтани сиёсати давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ, ҳифз кардан  ва инкишоф додани забон, маданият, анъана ва урфу одатҳои намояндагони миллат ва халқиятҳои мухталифе, ки дар ҷумҳурӣ зисту зиндагӣ доранд;
таҳкими минбаъдаи эҳсоси оилаи бузурги сермиллат дар ҷомеа, дӯстӣ ва ҳамдилии байни намояндагони миллат ва халқиятҳои гуногуне, ки дар ҷумҳурӣ зисту зиндагӣ доранд, тарбияи насли наврас дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, таъмин сохтани баробарҳуқуқии шаҳрвандон, роҳ надодан ба поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии онҳо;
рушди ҳамкориҳои байналхалқӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ ба мақсадҳои таҳкими муносибатҳои байнимиллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар қаламрави мамлакат ва хориҷи он, дастгирии ҳамватанон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои қарин бо намояндагони Ӯзбекистон дар хориҷа, баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи Ӯзбекистонро дар арсаи ҷаҳон;
такмил додани асосҳои ташкиливу ҳуқуқии муносибатҳои байнимиллӣ бо назардошти афзалиятҳои давлатӣ ва рушди ҷамъиятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таҷрибаи пешқадами хориҷӣ.
2. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ (минбаъд – Консепсия) мувофиқи замимаи №1;
«Харитаи амалиёт» бинобар татбиқ намудани Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ дар солҳои 2019-2021 (минбаъд – «Харитаи амалиёт») мувофиқи замимаи №2.
Муқаррар карда шавад, ки ҳамоҳангии татбиқсозӣ ва мониторинг барои иҷрои босифат ва саривақтии Консепсия ва «Харитаи амалиёт» аз ҷониби Кумитаи оид ба муносибатҳои миллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Кумита) татбиқ карда мешавад.
3. Ба таклифи Кумита бобати дар сохтори он таъсис додани Маркази тадқиқоти илмиву амалӣ оид ба муносибатҳои байнимиллӣ якҷо бо шуъбаи тадқиқотҳои илмиву амалӣ, методика ва экспертиза бо теъдоди штатии 4 нафар бидуни маълумоти шахси ҳуқуқӣ ризоият дода шавад. 
Инҳо вазифаҳои асосии Маркази навтаъсис муайян карда шаванд:
мунтазам баргузор кардани тадқиқотҳои илмӣ, аз ҷумла пажӯҳишҳои иҷтимоӣ дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ, ҳамчунин мониторинги рушди ҷараёнҳо дар  самти мазкур;
тайёр ва чоп кардани мақолаҳои илмӣ, китобҳо, маводи илмиву тадқиқотӣ, маълумоти иттилоотиву таҳлилӣ дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ;
ташкил кардан ва баргузор намудани конфронсҳои илмиву назарӣ ва илмиву амалӣ, симпозиумҳо, машваратҳо, «мизҳои мудаввар», маърӯзаҳо ва чорабиниҳои дигар дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ бо иштироки олимон, коршиносон ва мутахассисони машҳури ватанӣ ва хориҷӣ;
омӯхтан ва таҳлил кардани таҷрибаи хориҷӣ бобати ҳаллу фасли мушкилот дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ ва коркарди таклифҳо бинобар истифодаи он дар шароити Ӯзбекистон;
омода намудани таклиф ва тавсияҳо бобати таҳкими ҳамдилии байнимиллӣ, саривақт пешгирӣ кардан ва профилактикаи зиддиятҳои эҳтимолӣ ва вазъиятҳои зиддиятноки ҷомеа дар пояи миллӣ, ҳамчунин, аксуламал ба хурӯҷ ва таҳдидҳои амнияти соҳаи мазкур.
4. Ба Кумита супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ:
аз ҳисоби кадрҳои соҳибихтисос, ки донишҳои зарурии назарӣ ва амалӣ доранд, қодиранд дар сатҳи касбӣ вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташударо татбиқ кунанд, ҷамъ овардани кормандони идоравӣ;
якҷо бо Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати маълумоти оливу миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ мондани курсҳои махсус бино бар баланд бардоштани ихтисоси кормандони мақомоти давлатӣ, ҳамчунин намояндагони созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратиро (бо ризоияти онҳо), ки дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ фаъолият доранд, таъмин намояд.
5. Ба зиммаи муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва муовинони ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд оид ба робитаҳо бо созмонҳои ҷамъиятиву динӣ вазифаҳоро бинобар:
тайёр кардани таклифҳое, ки ба рушди марказҳои миллии маданӣ, мустаҳкам кардани ҳамкорӣ бо онҳо, пурра татбиқ сохтани иқтидори онҳо бобати таъминсозии ҳамдилии байнимиллӣ дар ҷомеа;
тайёр кардани ҳуҷҷатҳои дахлдори иттилоотӣ, ахбориву таҳлилӣ, ҳисобот дар бораи аҳвол ва анъанаҳои рушди ҳамдилии байнимиллӣ бо минбаъд ба Кумита пешниҳод кардани онҳо гузошта шаванд.
6. Комиссияи оид ба таъмин кардани татбиқсозии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ (минбаъд – Комиссия) таъсис дода шавад ва таркиби он мувофиқи замимаи №3 тасдиқ карда шавад.
Инҳо вазифаҳои асосии Комиссия муайян карда шаванд:
такмил додан ва ба низом андохтани муносибатҳои байнимиллӣ дар ҷомеа, ки ба таъмин сохтани ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодиҳои шаҳрвандон, баробарҳуқуқии онҳо дар назди қонун бидуни тафриқаи ҷинс, наҷот, миллат, забон, дин, табақаи иҷтимоӣ, эътиқод, вазъияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ нигаронида шудаанд;
ба роҳ мондани омӯзиши мунтазами аҳволи кор дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ дар ҷойҳо, татбиқ намудани ҳамоҳангии самарабахши фаъолияти Кумита, ҳамчунин вазоратҳову идораҳо ҳангоми татбиқ сохтани Консепсия ва «Харитаи амалиёт», мунтазам шунидани ҳисоботи роҳбарони онҳо дар бораи корҳои иҷрошуда.
7. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
дар муҳлати то 1 январи соли 2020 маҷмӯи чорабиниҳоеро, ки ба роҳ мондани кори мунтазамро бинобар тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ пешбинӣ менамоянд;
дар муҳлати то 1 феврали соли 2020 дурнамои чораҳои амалиро бино бар ба роҳ мондани низоми мониторинги ҳолати муносибатҳои байнимиллӣ ба мақсади пешгирӣ ва профилактикаи бармаҳали зиддиятҳои эҳтимолӣ ва вазъиятҳои зиддиятнок дар соҳаи мазкур тасдиқ намояд.
8. Ба Кумита супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати як моҳ:
маҷмӯи чорабиниҳоеро, ки такмил додани фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстиро пешбинӣ  менамоянд, ба мақсади муқаррар кардан ва инкишоф додани робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ;
дурнамои тадбирҳои амалиро, ки ба такмил додани низоми дастгирии давлатии марказҳои миллии фарҳангӣ ва баланд бардоштани нақши онҳо дар татбиқсозии сиёсати соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ нигаронида шудаанд, кор карда барояд ва ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кунад.
9. Кумита:
ба Руйхати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идораҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, дигар созмонҳои давлатии таъиноти ҷумҳуриявӣ, ки роҳбаронашон метавонанд дар бораи қайди доимии кормандон дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд, ки мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 7 октябри соли 2016 №336 тасдиқ шудааст, миёнаравӣ кунад;
ба руйхати  ташкилот барои ҳатман фиристодан (дар як нусха)-и ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии вазоратҳо ва идораҳо;
ба реестри ҳатман фиристодани ахбори омории Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба омор, ҳамчунин вазорату идораҳои дигар дохил карда шавад.
10. Масъулияти шахсии:
роҳбарони вазоратҳо, Кумита ва идораҳои давлатӣ – барои иҷрои босифат ва саривақтии чорабиниҳо, ки Консепсия ва «Харитаи амалиёт» муайян кардаанд ва пешниҳоди маълумоти семоҳа дар бораи ҷараёни татбиқшавии онҳо дар Кумита;
роҳбарони мақомот ва созмонҳои давлатӣ – раисони ҷамъиятҳои дӯстӣ – барои пешниҳоди ҷамъиятҳои дӯстӣ барои бидуни подош додани биноҳои хидматӣ дар биноҳои маъмурии мақомот ва созмонҳо, ҳамчунин фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурӣ барои иҷрои самарабахши вазифаҳои гузошташуда;
раиси Кумита Р.Д.Қурбонов – барои пешниҳоди маълумоти пурраи семоҳа ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷараёни татбиқшавии Консепсия ва «Харитаи амалиёт» бо таклифҳои мушаххас бино бар баланд бардоштани самаранокии кор дар самти мазкур нишон дода шавад.
11. Ба Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар расонаҳои ахбори оммавӣ мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкурро васеъ равшан кунанд.
12. Ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23 майи соли 2017 №ҚП-2993 «Дар бораи созмон додани фаъолияти Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мувофиқи замимаи №4 тағйирот ва иловаҳо ворид карда шаванд.
13. Ба Кумита супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод намояд.
14. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. С. Қосимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
15 ноябри соли 2019.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: