ДАР БОРАИ ТАСДИҚ КАРДАНИ КОНСЕПСИЯИ ТАКМИЛ ДОДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИ МЕЪЁР

Дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 (минбаъд – Стратегияи амалиёт) яке аз вазифаҳои асосии такмил додани низоми сохтори давлат ва ҷамъият куллан баланд бардоштани сифати фаъолияти эҷоди қонун муайян гардидаст, ки ба пурзӯр кардани таъсири қонунҳои қабулшуда ба ҷараёни ислоҳоти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва судиву ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд.

Баробари ин бомуваффақият татбиқ сохтани ислоҳоти васеъмиқёси пешбинишуда ба дараҷаи зиёд аз пойгоҳи қонунгузорие, ки тӯли солҳои гузашта ташаккул ёфтааст, ҳамчунин сифати ҷараёни эҷоди меъёр вобаста мебошад.
Камбудиҳои дар самти мазкур вуҷуддошта, дар соҳаҳои гуногун ба идома ёфтани таҷрибаи манфии танзими ноустувори муносибатҳои ҷамъиятӣ оварда мерасонанд, ки сабаби ба миён омадани нофаҳмиҳои ҳуқуқӣ, гуногунфаҳмӣ ва душвории истифодаи қонун мегардад.
Воқеияти кунунӣ ҷавоби таъҷилиро ба мушкилоти доимӣ тақозо менамояд, ки ба мавҷуд набудани чунин қарорҳо дар ислоҳоте, ки дар мамлакат татбиқ мегарданд, инъикос меёбанд.
Вале муносибати эҷоди меъёр, ки бинобар онҳо қабул шудаанд, зарурияти баҳодиҳӣ ба таъсири ҳуҷҷатҳои қонунгузориро барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ба инобат нагирифтааст ва вазифаҳои амалишударо барои беҳтар кардани ҳаёт ва некӯҳолии шаҳрвандон бо дарназардошти афори ҷамъият таъмин намекунад.
Баробари ин зиёд будани қонунҳои характерашон маҳдуд, ҳамчунин бидуни механизми мушаххаси татбиқшавии онҳо қабул шудани қарорҳои ҷудогона ба умуман рушди давлат ва ҷамъият таъсири манфӣ мерасонанд, аксаран боиси аз тариқи ҳуҷҷатҳои зерқонунӣ танзим гардидани муносибатҳои ҷамъиятӣ мешаванд.
Бо мақсади ташаккул додани низоми пойгоҳии қонунгузорӣ, мукаммал кардани таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти татбиқшаванда, ҳамчунин мустақилона татбиқ намудани вазифаҳое, ки Стратегияи амалиёт муайян кардааст:  
1. Консепсияи такмил додани фаъолияти эҷоди меъёрҳо (минбаъд – Консепсия) мувофиқи замимаи 1;
Дурнамои чораҳои амалӣ бинобар татбиқсозии Консепсияи такмил додани фаъолияти эҷоди меъёрҳо (минбаъд – Дурнамои чораҳои амалӣ) мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шаванд.
2. Инҳо самтҳои асосии такмил додани фаъолияти эҷоди меъёрҳо муайян карда шаванд:
ба низом даровардани пойгоҳи қонунгузорӣ, таъмин кардани эътидоли танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ;
баланд бардоштани сифати ҷараёнҳои коркард ва қабул намудани ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ҳамчунин такмил додани мониторинги иҷрои онҳо;
ба ҷараёни эҷоди меъёрҳо дохил кардани технологияҳои замонавии  иттилоотиву коммуникатсионӣ;
барои эҷоди меъёрҳо истифода бурдани ҷузвҳои модели «танзими оқилона»;
такмил додани асосҳои идоравии фаъолияти эҷоди меъёрҳо.
3. Таклифи палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирон дар бораи ҷорӣ кардани тартиботе, ки мувофиқи он:
коркард ва қабули қонунҳои мақомоти давлатӣ, қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирон танҳо ҳангоми мавҷуд набудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ бинобар ҳаллу фасли масъалаҳои ба миёномада ё худ мушкилот аз тариқи меъёрҳои дар амали қонунгузорӣ пешбиникарда ва тартиботи маъмурӣ;
истифодаи қонунҳо, қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирон аз замони эътибор пайдо кардани онҳо бидуни гузоштани ӯҳдадорӣ бобати қабул кардани ҳуҷҷатҳои иловагии дохилиидоравӣ бинобар ба роҳ мондани иҷрои онҳо имконпазир мегардад;
субъектҳои ҳуқуқи ташаббусҳои қонунгузорӣ ҳангоми ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил кардани лоиҳаи қонун ба он нақшаи чорабиниҳоро бинобар татбиқи вай, ки чун қоида масъалаҳои бобати такмил додани қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои зерқонунӣ, амалӣ намудани чорабиниҳои ташкиливу техникӣ, ҳамчунин васеъ паҳн кардани лоиҳаи қонун ва тарғибу ташвиқ намудани моҳият ва аҳамияти онро дарбар мегирад, зам мекунанд. Дар ин маврид дурнамои чорабиниҳо ҳамзамон бо қабул кардани қонун аз ҷониби Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо таъмин намудани назорати муассири иҷрои он аз ҷониби палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ карда мешавад;
дар қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирон ба тартиби ҳатмӣ меъёрҳое пешбинӣ шаванд, ки супориши мушаххасро бо механизмҳои татбиқсозӣ, муҳлат ва иҷрогарони масъулашон бидуни тасдиқи иловагӣ баъди қабул гардидани нақшаҳои ҷудогонаи чорабиниҳо ва назорат, ҳамчунин «харитаи амалиёт» муайян мекунанд;
қабул кардани ҳуҷҷати нави идоравии меъёриву ҳуқуқӣ бояд ҳамзамон бо бекор кардани ҳуҷҷати дорои чунин нирӯи ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои ҳаммонандро ба танзим меорад, ё худ аз тариқи ба он дохил кардани тағйироти пешниҳодшуда, аз ҷумла бо пешниҳоди дигаргунии он дар таҳрири нав татбиқ карда шавад.
4. Тавсия дода шавад:
а) ба палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо Девони Вазирон дар мӯҳлати се моҳ услуби ягонаи расмикунонии ҳуқуқиву техникии лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ҳамчунин маводи иттилоотиву таҳлилиеро, ки ба онҳо зам мешаванд, кор карда бароянд;
б) ба Суди олӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зарфи се моҳ:
тартиби коркард ва расмикунонии ҳуқуқиву техникии лоиҳаи қарорҳои Пленуми Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро тасдиқ кунад ва онҳоро бо идораҳои манфиатдор мувофиқат кунонад;
инвентаризатсиякунонии қарорҳои Пленуми Суди олӣ ва Суди олии хоҷагидориро, ки собиқан амал мекард, баргузор кунад ва дурнамои чорабиниҳо бобати танзими онҳо, аз нав тасдиқкунӣ бодарназардошти тағйирот ба қонунгузорӣ, ҳамчунин хориҷ намудани нофаҳмиҳоро аз амалиёти истифодаи ҳуқуқ таъмин намояд.
5. Таклифи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аз 1 январи соли 2019-ум боздоштани:
обунашавии мақомот ва созмонҳои давлатӣ ба «Маҷмӯи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Ҳуҷҷатҳои палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Маҷмӯи қарорҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва «Маҷмӯи шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон»;
дар «Маҷмӯи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Ҳуҷҷатҳои палатаҳои Олий Маҷлиси Ӯзбекистон», «Маҷмӯи шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» бо талқини онҳо дар Пойгоҳи миллии маълумоти қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон (www.lex.uz), ғайр аз нусхаҳое, ки барои нигоҳ доштан дар бойгониҳо, марказҳои иттилоотиву захиравӣ, ҳамчунин мувофиқи хоҳиши шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ тайёр карда шудаанд, маъқул дониста шавад.
6. Бинобар татбиқ кардани Консепсияи такмил додани фаъолияти эҷоди меъёрҳо (минбаъд – Комиссия) дар ҳайати мувофиқи замимаи №3 Комиссия таъсис дода шавад.
7. Ба Комиссия (Н. Исмоилов) супурда шавад, ки:
а) коркарди босифат ва мувофиқи дар қонун муқарраршуда дохил кардани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқиеро, ки ба татбиқсозии Консепсия ва Дурнамои чораҳои амалӣ нигаронида шудаанд, таъмин кунад;
б) дар доираи татбиқсозии Консепсия вохӯриҳо, машваратҳо, «мизҳои мудаввар» ва конфронсҳои матбуотиро бо ҷалби васеи намояндагони идораҳои ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, расонаҳои ахбори оммавӣ, доираҳои илмӣ ва коршиносони хориҷӣ баргузор кунад;
в) дар зарфи як моҳ бинобар ба роҳ мондани инвентаризатсияи пурраи пойгоҳи қонунгузорӣ ва таҷдиди назари ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла:
устувории ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаҳои муайян (низоми интихобот, меъморӣ ва сохтмон, таълим, сармояҳо, фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра) танзим мекунанд;
танзими воқеӣ ва самарабахши ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро мувофиқи мақсад ва вазифаҳои ислоҳоти татбиқшаванда;
муайян кардани меъёрҳое, ки ба дараҷаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ беш аз пеши нирӯи ҳуқуқӣ тақозо доранд;
ҳарчи бештар ихтисор кардани ҳуҷҷатҳои идоравии меъёриву ҳуқуқӣ;
зарурияти таҷдиди назар кардани ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие, ки маҳдуданд, беамал мебошанд ва ба истифодаи ҳуқуқ таъсир намерасонанд;
мавҷуд будани маҳдудиятҳои беасос, тартиботи изофавии маъмурӣ ва механизмҳои кӯҳнаи танзимкунӣ таклиф пешниҳод кунад;
г) дар муҳлати ду моҳ бобати мушаххас кардани номгӯйи муайяни ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии идоравӣ, ки ҳар як идора қабул мекунад, бо дарназардошти давра ба давра коҳиш додан ва аз байн бардоштани ваколатҳо бо талқини меъёрҳое, ки дар онҳо сабт шудаанд ва ҳуҷҷатҳои қонунгузории беш аз пеш мукаммал ва истифодаи усули «гилотини танзимгар» нисбат ба ҳуҷҷатҳои дигар, аз ҷумла дар доираи танзими қонунгузорӣ;
д) дар муҳлати ду моҳ таъмин кардани ташаккулдиҳии номгӯйи ягонаи барои ҳама дастраси  таклиф ва тавсияи созмонҳои байналхалқӣ, талаботи шартномаҳои байналхалқӣ, ки бояд баррасӣ шаванд, ҳамчунин талаботе, ки бояд ба тартиби ҳатмӣ риоя шуда, ба аз пойгоҳи ҳуқуқӣ баровардан дахл надоранд, ба мақсади истифода ҳангоми танзими қонунгузорӣ.
8. Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати то 1 январи соли 2019:
а) коркард ва амалкарди Низоми ягонаи электронии коркард ва мувофиқати лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқиеро таъмин намояд, ки имкон медиҳанд:
ҷараёни коркард ва мувофиқати лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ идора ва назорат карда шавад, аз ҷумла ба қайдгирии лоиҳаи идораҳои ваколатдор, дигар мақомоту созмонҳо дар шакли электронӣ татбиқ шаванд;
ҳамкориҳои электронии байниидоравӣ ҳангоми баррасӣ ва мувофиқсозии лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ҳамчунин мониторинги аз ҷараёни коркарди онҳо таъмин карда шавад;
муҳокимаи ҷамъиятӣ ва касбии лоиҳаҳо, бо иловаи таҳлили фоида, зарар ва натиҷаҳои чашмдошта, аз ҷумла баҳо ба таъсири онҳо барои ҳуқуқ ва манфиатҳои ашхоси ҷисмониву ҳуқуқӣ, соҳаи иҷтимоӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, аҳволи муҳити атроф, ҳамчунин оқибатҳои эҳтимолӣ баргузор карда шаванд;
б) бозсозии низоми Пойгоҳи миллии маълумоти қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла аз тариқи:
такмил додани маълумотномаи мавзӯии қонунгузории миллӣ;
дар шакли маълумоти иловагӣ дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёриву  ҳуқуқӣ, ки ба онҳо истинод карда мешавад, ё худ мушаххасан нишон додани мавҷудияти нофаҳмиҳо дар танзими меъёрҳои пешниҳодшуда;
таъмин кардани нақли расмии ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ дахл мекунанд, ҳамчунин барои сармоягузорон хеле муфид мебошанд, ба забонҳои хориҷӣ.
Ба Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки қаробати портали «Низоми баҳои таъсири ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ»-ро ба Низоми ягонаи электронии коркард ва мувофиқати лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҳамчун қисми таркибии он таъмин кунад. 
9. Ба Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус супурда шавад, ки якҷо бо Академияи илмҳо ва Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати то 1 феврали соли 2019-ум онлайни барои ҳама дастраси низоми иттилоотиро созмон диҳад, ки таклифро бинобар натиҷаи фаъолияти илмиву таҳлилии намояндагони доираҳои илмӣ ва коршиносӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ва унвонҷӯён бобати такмил додани қонунгузорӣ ва мунтазам нав кардани онро дарбар гирифтааст.
10. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
баргузор кардани мониторинги тайёркунии босифат ва саривақтӣ, мувофиқсозӣ ва пешниҳоди лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқиеро, ки дар доираи татбиқсозии Консепсия ва Дурнамои чораҳои амалӣ коркард шудаанд, таъмин кунад;
ҳар моҳ ба Комиссия дар бораи натиҷаҳои мониторинг маълумот пешниҳод намояд.
11. Ба Идораи мушкилоти қонунгузорӣ ва тадқиқотҳои парлумонии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки ба мақомоти масъул ва созмонҳо ҳангоми тайёр кардани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки Дурнамои чораҳои амалӣ пешбинӣ намудаанд, кӯмакҳои илмиву услубӣ ва иттилоотиву таҳлилӣ расонад.
12. Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки ба Комиссия бобати ба роҳ мондани омӯхтани қонунгузорӣ ва таҷрибаи истифодаи ҳуқуқи кишварҳои пешқадами хориҷӣ дар соҳаи эҷоди меъёрҳо дар зарурият бо ҷалби намояндагони созмонҳо (байналхалқӣ) кӯмак расонад.     
13. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва муовини аввали Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
8 августи соли 2018.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: