ДАР БОРАИ ТАСДИҚ КАРДАНИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2019-2021

Ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии инноватсионӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ғайра бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илму техника шарти муҳими пешрафти муттасили Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор меравад.

Бо суръат инкишоф ёфтани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатии мамлакат қаробати наздики ислоҳотро дар пояи ғояҳои замонавии инноватсионӣ, кашфиёт ва технологияҳоеро, ки пешрафти зуд ва босифати мамлакатро дар сафи пешоҳангони тамаддуни ҷаҳонӣ таъмин менамоянд, тақозо мекунад.
Баробари ин таҳлилҳои баргузоршуда нокифоя будани корро бобати рушди инноватсионии ҷараёнҳои бозсозӣ, диверсификатсия, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот ва вусъат додани номгӯйи молҳои рақобатбардор дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ нишон доданд.
Аз ҷумла, бино бар мавҷуд набудани нишондиҳандаҳои хуб ва ҳамоҳангсозии бесамари кор дар самти мазкур кишвари мо солҳои охир дар рейтинги Индекси ҷаҳонии инноватсионӣ, ки аз ҷониби сохторҳои бонуфузу обрӯманди байналхалқӣ тартиб дода мешаванд, иштирок карда наметавонад.
Сатҳи пасти ҳамкории тарафайни соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо муассисаҳои илмӣ, набудани мувофиқати зарурии фаъолияти вазорату идораҳо, ҳамчунин мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалҳо дар соҳаи рушди инноватсионӣ имкон намедиҳанд дар самти мазкур мақсад ва вазифаҳои аввалиндараҷа таъмин гарданд.
Бо мақсади тезондани рушди мамлакат дар пояи дастовардҳои замонавии илми ҷаҳон, ғояҳои инноватсионӣ, кашфиёт ва технологияҳо, ҳамчунин барои мустақимона татбиқ намудани вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайян шудаанд:
1. Стратегияи рушди  инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2019-2021 (минбаъд – Стратегия) мувофиқи замимаи №1;
«Харитаи амалиёт»-и татбиқ кардани Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2019-2021 (минбаъд – «Харитаи амалиёт») мувофиқи замимаи №2;
нишондиҳандаҳои мақсадноки рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030-юм; (минбаъд – нишондиҳандаҳои мақсаднок) мувофиқи замимаи №3 тасдиқ карда шаванд.
2. Муайян карда шаванд, ки:
а) мақсади асосии Стратегия – рушди капитали инсонӣ ҳамчун омили муҳими муайянкунандаи дараҷаи рақобатбардории мамлакат дар арсаи ҷаҳон ба пешрафти инноватсионии он;
б) вазифаҳои асосии Стратегия барои муваффақ гардидан ба мақсади асосӣ:
дохил шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли  2030-юм ба ҳайати 50 кишвари пешқадами ҷаҳон бино бар рейтинги Индекси ҷаҳонии инноватсионӣ;
баланд бардоштани сифат ва фарогирии таълим дар тамоми дараҷаҳо, рушди низоми таълими муттасил, таъмин кардани ихчамии низоми тайёркунии кадрҳо, бо назардошти талаботи иқтисодиёт;
мустаҳкам кардани иқтидори илмӣ ва самаранокии тадқиқот ва кашфиёти илмӣ, ба роҳ мондани механизмҳои муассири қаробати таълим, илм ва соҳибкорӣ барои васеъ ҷорӣ намудани натиҷаи корҳои илмиву тадқиқотӣ, таҷрибавиву тарроҳӣ ва технологӣ;
зиёд кардани маблағҳои давлатӣ ва хусусӣ ба инноватсияҳо, корҳои илмиву тадқиқотӣ, таҷрибавиву тарроҳӣ ва технологӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои замонавӣ ва самарабахши бо маблағ таъминкунии чораҳои вобаста ба соҳаҳои мазкур;
баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз тариқи ҷорӣ намудани усулҳо ва воситаҳои замонавии идоракунӣ;
таъмин сохтани ҳифзи ҳуқуқи мулкдорон, ташкил кардани бозорҳои озмунӣ ва шартҳои баробари татбиқи тиҷорат, инкишоф додани шарикии давлативу хусусӣ;
фароҳам овардани инфрасохтори муътамад амалкунандаи иҷтимоиву иқтисодӣ ба шумор мераванд.
3. Комиссия бино бар сари вақт ва босифат татбиқ намудани Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2019-2021 (минбаъд – Комиссия) мувофиқи замимаи №4 созмон дода шавад.
4. Ба Комиссия (А.Н.Арипов) супурда шавад, ки:
коркарди босифат ва мувофиқи тартиби муқарраршуда ҷорӣ намудани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқиеро, ки ба татбиқ намудани Стратегия нигаронида шудаанд, таъмин намояд;
дар доираи татбиқ намудани Стратегия вохӯриҳо, машваратҳо, «мизҳои мудаввар» ва конфронсҳои матбуотиро, аз ҷумла дар маҳалҳо бо ҷалби васеи намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ, доираҳои илмӣ ва коршиносони хориҷӣ, ҳамчунин идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил кунад;
дар ҳар се моҳ ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷараёни татбиқ шудани Фармони мазкур маълумоти муфассал пешниҳод намояд.
5. Масъулияти шахсии роҳбарон муқаррар карда шавад:
ба шуъбаҳои Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва маҷмӯъҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон – самарабахш ташкил кардан ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо бино бар татбиқ намудани чорабиниҳое, ки Стратегия ва «Харитаи амалиёт» пешбинӣ намудаанд, муваффақ шудан ба нишондиҳандаҳои мақсаднок, ҳамчунин баррасии ҳар семоҳаи ҷараёни иҷрои онҳо;
ба вазорату  идораҳо – иҷрои саривақтӣ ва босифати чорабиниҳое, ки Стратегия ва «Харитаи амалиёт» пешбинӣ кардаанд, муваффақ шудан ба нишондиҳандаҳои мақсаднок бо ҷалби васеи намояндагони муассисаҳои илмиву таълимӣ, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, коршиносон (мушовирон)-и мустақил, аз ҷумла аз кишварҳои хориҷӣ;
ба муассисаҳои давлатии илмиву таълимӣ – таъминоти илмиву тадқиқотии чорабиниҳоеро, ки Стратегия ва «Харитаи амалиёт» пешбинӣ намудаанд, ҳамаҷониба кӯмак расонидан ба вазорату идораҳо дар тайёр кардани муаррифӣ ва маърӯзаҳои илмӣ, маводи таҳлилӣ барои муваффақ шудан ба нишондиҳандаҳои мақсаднок;
ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо – фароҳам овардани шароитҳои сазовор барои тағйироти воқеӣ ва босифати вазъият, ҳаллу фасли мушкилоти ҷиддии шаҳрвандон, беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоӣ ва рушди минтақаҳо дар алоқамандӣ бо чорабиниҳое, ки Стратегия ва «Харитаи амалиёт» пешбинӣ кардаанд, ҳамчунин қабул кардани чорабиниҳои ҳамоҳангшуда бо вазорату идораҳо бино бар муваффақ шудан ба нишондиҳандаҳои мақсаднок дар маҳалҳо.
6. Ба Вазорати рушди инноватсионӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба омор ва идораҳои дигари манфиатдор мунтазам ба созмонҳои байналхалқӣ фиристодани маълумот ва нишондиҳандаҳои заруриро барои ҳар сол ба рейтинги Индекси ҷаҳонии инноватсионӣ дохил кардани Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таъмин кунад.
7. Ба вазорат ва идораҳо супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ бо ризоияти роҳбарони маҷмӯъҳои дахлдори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барномаи рушдро барои 3 сол тасдиқ намоянд, ки робитаи тарафайни чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва техникиро бино бар муваффақ шудан ба нишондиҳандаҳои мақсаднок пешбинӣ менамояд, ҳамчунин бо қабул кардани барномаҳои нави рушд барои 3 соли минбаъда.
8. Ба Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии оид ба матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар расонаҳои ахбори оммавӣ интишори мунтазами мақола ва барномаҳои мавзӯиро бобати равшан кардани мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкур ташкил намоянд.
9. Ба Вазорати рушди инноватсионӣ супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод кунад.
10. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов, муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.М.Мавлонов ва муовини Сарвазир – раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сармояҳо С.Р.Холмуродов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
21 сентябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: