ДАР БОРАИ ТАСДИҚ КАРДАНИ СТРАТЕГИЯИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Солҳои охир дар кишвар ислоҳоти пайваста, ки ба такмил додани низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, афзун гардондани ҳаҷми маблағҳое, ки аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соҳаи иҷтимоӣ ҷудо карда мешаванд ва ҷалби захираҳои иловагӣ, васеъ гардондани фарогирӣ бо барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҷорӣ кардани механизмҳои иловагӣ оиди аз вазъияти мураккаби ҳаётӣ баровардани оилаҳо нигаронда шудаанд, гузаронда мешаванд.

 Аз ҷумла:  
бо мақсади муайян намудани оилаҳои камбизоат ва расонидани кумаки мақсаднок ба онҳо низоми иттилоотии «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» ҷорӣ карда шуд; 
дар се соли охир шумораи оилаҳои камтаъмин, ки кумакпулӣ мегиранд, чор баробар афзуда, ба 1,9 миллион нафар расид;
фарогирӣ бо кумакпулиҳо барои нигоҳубини кӯдакони оилаҳои камтаъмин васеъ карда шуд, синну соли кӯдакон, ки  ҳангоми таъин кардани нафақа ба инобат гирифта мешавад, аз 14 то 18 сол зиёд карда шуд, мӯҳлати пардохт аз 6 моҳ то 12 моҳ дароз карда шуд, миқдори кумакпулӣ ба ҳисоби миёна 1,5 баробар зиёд карда шуд; 
кумакпулии ҳадди ақалли бекорӣ 3,2 баробар зиёд карда, барои бо кор таъмин намудани аҳолӣ зиёда аз 20 воситаҳои нав ҷорӣ карда шуд. 
Бо назардошти мақсадҳое, ки дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 муайян шудаанд, инчунин ба мақсади пайваста идома додан ва минбаъд такмил додани ислоҳсозии низомноки соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани низоми самарабахши ҳамоҳангсозии байниидоравии аз ҷониби давлат додани ёрии иҷтимоӣ ва хидматрасонӣ: 
1. Самтҳои афзалиятноки ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон инҳо муайян карда шаванд: 
фарогирии ҳамаи оилаҳо ва ашхоси ба он эҳтиёҷманд ва ба меъёрҳои таъин кардани кумакпулиҳои иҷтимоӣ ҷавобгӯ бо барномаҳои кумаки иҷтимоӣ; 
васеъ намудани имконияти истифодаи кафолатҳои ҳатмии иҷтимоӣ, аз ҷумла намудҳои ҳифзи иҷтимоӣ тавассути рақамикунонии соҳа, ҷорӣ намудани принсипҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар ин равандҳо; 
таъмини кафолатҳои ҳатмии иҷтимоӣ ва пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ;
марҳила ба марҳила гузаштан ба модели иҷтимоии муайян кардани маъюбӣ, инчунин таъмини шуғли шахсони имконияташон маҳдуд ва ногиро; 
бо маснуоти замонавии протезию ортопедӣ ва воситаҳои офият таъмин кардани табақаи аҳолии эҳтиёҷманд;
ҷорӣ намудани амалияи хидматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ бевосита дар сатҳи маҳалла.
2. Инҳо тасдиқ карда шаванд: 
Стратегияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мутобиқи замимаи № 1; 
Нишондиҳандаҳои мақсадноки Стратегияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мутобиқи замимаи № 2; 
“Харитаи роҳ” оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2022-2023 мутобиқи замимаи № 3. 
Муқаррар карда шавад, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайянгардида аз соли 2024 аз ҷониби Девони Вазирон дар ҳар ду сол як маротиба “харитаҳои роҳ” тасдиқ карда мешавад.
3. Дар таркиби Вазорати молия Фонди суғуртаи иҷтимоии бидуни мақоми шахси ҳуқуқӣ таъсис дода шавад. 
Муқаррар карда шавад, ки манбаъҳои маблағгузории фаъолияти Фонди суғуртаи иҷтимоӣ маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар манбаъҳое мебошанд, ки қонун манъ накардааст.
4. Муқаррар карда шавад, ки аз ҳисоби Фонди суғуртаи иҷтимоӣ:
а) аз 1 сентябри соли 2022 кумакпулӣ бинобар ҳомиладорӣ ва таваллуд аз ҳисоби хароҷоти ҳадди ақали истеъмолӣ дар доираи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт карда мешавад.
Дар баробари ин, агар дар собиқаи кори корманд то як моҳ танаффус мавҷуд бошад, дар вақти ҳисоб кардани собиқаи кори доимӣ моҳҳои пеш аз танаффус ва баъд аз он ба назар гирифта мешаванд; 
б) дар оянда пардохти кумакпулии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ марҳила ба марҳила тавассути системаи иттилоотии «Фестри ягонаи хифзи иҷтимои» сурат мегирад.
5. Агентии рушди хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ (А. Инаков) якҷо бо Вазорати тандурустӣ (Б. Мусаев), Вазорати маорифи халқ (Б. Саидов), Вазорати молия (Т. Ишметов), Вазорати дастгирии маҳалла ва насли калонсол (С. Турдиев), Кумитаи давлатии оила ва занон (З. Махкамова) ва вазорату идораҳои дигари манфиатдор:
 ба мӯҳлати то 1 марти соли 2023 рӯйхати хидматҳои ҳадди ақалли иҷтимоии аз ҷониби давлат кафолат додашуда ва беподош додамешударо ташаккул диҳанд ва барои тасдиқ ба Девони Вазирон тақдим намоянд; 
ба мӯҳлати то 1 июли соли 2023 стандартҳои пешниҳоди хидматрасониҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ва ройгони ҳадди ақалли иҷтимоиро тасдиқ намоянд.
6. Ба муносибати ташкили Фонди суғуртаи иҷтимоӣ инҳо таъсис дода шаванд:
аз 1 сентябри соли 2022 Шуъбаи ташкили фаъолияти Фонди суғуртаи иҷтимоии иборат аз се воҳиди штатӣ аз ҳисоби барҳам додани Раёсати нигаҳдории биноҳои маъмурии назди Вазорати молия; 
Сектори пардохтҳои иҷтимоӣ, ки тавассути системаи иттилоотии «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ», ки аз ду воҳиди штатӣ иборат аст, аз ҳисоби воҳидҳои штатии дастгоҳи иҷроияи Фонди нафақаи ғайрибуҷетӣ амалӣ карда мешавад;
Аз 1 сентябри соли 2022 шуъбаҳои идоракунии маблағҳои Фонди суғартаи иҷтимоӣ ва мониторинги пардохти кумакпулиҳои суғуртаи иҷтимоии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, сарраёсатҳои молияи ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ки аз ду воҳиди штатӣ иборат аст, дар доираи воҳидҳои штатии умумӣ. 
7. Агентии миллии иттилооти Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон ва Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавӣ якҷоя бо Вазорати молия мунтазам, низомнок ва васеъмиқёс равшан намудани мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкурро дар байни аҳолӣ дар воситаҳои ахбори оммавии чопӣ ва электрони, аз он ҷумла ба воситаи шабакаи ҷаҳонии Интернет таъмин намоянд.
8. Вазорати молия якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар мӯҳлати як моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклифҳо пешниҳод намояд. 
9. Ба зиммаи вазири молия Т. А. Ишметов масъулияти шахсӣ барои ташкили самараноки иҷрои Фармони мазкур гузошта шавад. 
Муҳокимаи рафти иҷрои Фармони мазкур, ҳамоҳангсозӣ ва  назорати фаъолияти ташкилотҳои барои иҷрои он масъул ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Қӯчқоров гузошта шавад. 
Дар бораи самарабахшии чорабиниҳои амалишаванда дар ҳар семоҳа Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабардор карда шавад.  

Президенти 
Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
25 июли соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: