Маълумоти муътамад дар бораи аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва некуҳолии ӯ барои коркарди пешомадҳои дарозмуҳлат ва барномаҳои мақсадноки давлатии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, барномаҳои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини аҳолӣ бо шуғл, ташаккул додани индикатори Ҳадафҳои миллии пешрафти устувор, омӯхтани равандҳои ҷойгиркунӣ ва истифодаи захираҳои меҳнатӣ, татбиқ кардани пажӯҳишҳои илмӣ аз ҷумлаи асосҳои муҳим ба шумор меравад.
Бо назардошти резолютсияи «Равандҳо ва тавсияҳо дар бораи муносибати барӯйихатгирии аҳолӣ ва бунёди манзили навбати соли 2020» аз 10 июни соли 2015, Созмони Милали Муттаҳид аз давлатҳои аъзо қатъиян хоҳиш мекунад, ки дар доираи Барномаи умумиҷаҳонии барӯйихатгирии аҳолӣ ва бунёди манзили соли 2020-ум, бо назардошти тавсияҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, ки ба барӯйихатгирии аҳолӣ ва бунёди манзил дахл доранд, камаш як маротиба барӯйихатгирии аҳолӣ ва бунёди манзилро гузаронанд.
Тӯли солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барӯйихатгирии аҳолӣ гузаронида нашудааст. Тағйироти бамиёномада, ки ба миқдори аҳолӣ, сохтори синну соли ҷинсӣ, махсусиятҳои ҷогузинӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ҷиҳатҳои дигари иҷтимоиву демографӣ таъсири куллӣ доранд, истифодаи маълумоти ҳисоби ҷории аҳолиро хеле маҳдуд мекунанд.
Бо назардошти аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ шудани Барномаи умумиҷаҳонии барӯйихатгирии аҳолӣ ва бунёди манзили навбати соли 2020, ҳамчунин ба мақсади таъмин сохтани ҳисоботи дақиқи аҳолӣ, ҳисоби шахсӣ ва ҳамаҷонибаи қайди он мувофиқи ҷинс, синну сол, вазъияти оилавӣ, дараҷаи саводнокӣ, ҳаёт, шуғл, миллат, шаҳрвандӣ ва ҷиҳатҳои дигари демографӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, дар давраи муайяну дақиқи ҳисобу китоби ягона:
1. Соли 2022 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барӯйихатгирии аҳолӣ гузаронида шавад.
2. Консепсияи дар соли 2022 гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №1;
Барномаи чораҳои маҷмӯӣ бобати дар соли 2022 гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шаванд.
3. Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба кӯмакрасонӣ бобати дар соли 2022 гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳайати мувофиқи замимаи №3;
комиссияҳои ҳудудӣ дар назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд доир ба кӯмакрасонӣ бобати дар соли 2022 гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо тасдиқ намудани ҳайати намунавии онҳо мувофиқи замимаи №4 ташкил карда шаванд.
4. Инҳо вазифаҳои асосӣ муайян карда шаванд:
а) барои Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба кӯмакрасонӣ бобати дар соли 2022 гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
таъмин кардани иҷрои саривақтӣ ва босифати чораҳои вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ;
бобати гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ ҳамоҳангсозии кори байни мақомоти ваколатдор ва мақомоти дигари идораи давлатӣ ва хоҷагидорӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо;
татбиқ сохтани назорати ҷараёни тайёрӣ ва гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ;
баррасии таклифҳо оид ба масъалаҳои молиявии тайёрӣ ва гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ, ба роҳ мондани коркарди матолиб ва чоп намудани натиҷаҳои он;
ба роҳ мондани ҷалби шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ барои иштирок дар гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ бо ҳаллу фасли масъалаҳои пардохти меҳнати онҳо;
баррасӣ кардани масъалаҳои ҷалби ташкилот новобаста аз шакли моликият ба кори тайёрӣ ва гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ, ҳамчунин коркарди таклифҳое, ки ба фаъол кардан ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ бо созмонҳои байналхалқӣ нигаронида шудаанд;
б) барои комиссияҳои ҳудудии назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд доир ба кӯмакрасонӣ бобати дар соли 2022 гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
ба роҳ мондани кори тайёрӣ ва гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ дар минтақаҳо бо нишон додани чораҳои мушаххас ва иҷрогарони масъул;
коркарди таклифҳо оид ба масъалаҳое, ки ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ дар минтақаҳо, ҳамчунин таҳкими муҷаҳҳазсозии моддиву техникии шуъбаҳои ҳудудии мақомоти ваколатдор бинобар гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ ва созмонҳои дигар, ки дар ҷараёни мазкур амал мекунанд, дахл доранд;
ба роҳ мондани назорати иҷрои корҳои маҷмӯӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ дар минтақаҳо;
ҷалб ва рағбатнок кардани шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқие, ки дар кори тайёрӣ ва гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ дар минтақаҳо иштирок мекунанд.
5. Ба Кумитаи давлатии оид ба омор, Вазорати иқтисодиёт ва саноат, Вазорати молия, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати то 1 июли соли 2019 якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи барӯйихатгирии аҳолӣ»-ро кор карда бароянд ва ба Девони Вазирон пешниҳод кунанд, дар он аз ҷумла инҳоро пешбинӣ намоянд:
мақсадҳо, тартибот, давр ва муҳлати гузарондани барӯйихатгирии аҳолӣ;
ба роҳ мондан ва гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ дар пояи технология ва методологияи замонавӣ, ки дар таҷрибаи пешқадами хориҷӣ қабул шудаанд;
иштироки мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ дар кори ташкил кардан ва гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ бо фаҳмонда додани вазифа, амалиёт ва масъулияти онҳо;
иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ бобати ташкил кардан ва гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ бо муқаррар намудани механизмҳо ва манбаъҳои мушаххаси пардохти меҳнати онҳо;
чораҳои ташкиливу амалӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ғайра бобати татбиқ намудани натиҷаҳои барӯйихатгирии аҳолӣ.
6. Ба Оҷонсии милливу иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар расонаҳои ахбори оммавӣ чоп кардан ва равшан намудани барномаҳои мавзӯиро бинобар мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкур ба роҳ монанд.
7. Муқаррар карда шавад, ки роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, комиссияҳои дахлдор барои сари вақт, пурра ва босифат иҷро гардидани вазифаҳое, ки Фармони мазкур пешбинӣ намудааст, масъулияти шахсӣ доранд.
8. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири молия Ҷ. А. Қӯчқоров гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
5 феврали соли 2019.