ДАР БОРАИ ТАСДИҚ НАМУДАНИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ НИЗОМИ ТАЪЛИМИ ХАЛҚИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ТО СОЛИ 2030

Ба мақсади муайян намудани самтҳои бартариноки ислоҳсозии мунтазами таълими умумии миёна ва беруназмактабӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба дараҷаи сифатан нав бардоштани рушди маънавиву ахлоқӣ ва зеҳнии насли наврас, дар ҷараёни таълиму тарбия ҷорӣ кардани шакл ва усулҳои инноватсионии таълим, ҳамчунин мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 сентябри соли 2018-ум №ФП-5538 «Дар бораи чораҳои иловагӣ бинобар такмил додани низоми идораи таълими халқ»:

1. Тасдиқ карда шавад:
а) Консепсияи рушди низоми таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030 (минбаъд – Консепсия) мувофиқи замимаи №1, дар он инҳо пешбинӣ гарданд:
ворид шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2030-юм ба сафи аввалин 30 кишвари пешқадами ҷаҳон бинобар рейтинги Барномаи байналхалқӣ оид ба баҳодиҳӣ ба дастовардҳои таълимии толибилмон PISA (The Programme for international Student Assessment); 
сифатан нав кардани мазмуни низоми таълими муттасил, ҳамчунин тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои касбӣ;
такмил додани услуби таълим, давра ба давра ҷорӣ намудани равандҳои фардикунонии ҷараёни таълиму тарбия;
ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии  иттилоотиву коммуникатсионӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи таълими халқ;
мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои таълими халқ ва баланд бардоштани самаранокии таъминот бо маблағҳои буҷавӣ;
ҷорӣ намудани усул ва самтҳои замонавии таълими беруназмактабӣ дар тарбияи ҷавонон ва таъмин сохтани шуғли онҳо;
вусъат додани муҳити рақобат дар низоми таълими халқ аз ҳисоби рушди шарикии давлативу хусусӣ;
дар амал ҷорӣ намудани панҷ ташаббус, ки чораҳои маҷмӯиро, ки ба фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ барои таълим ва тарбияи ҷавонон нигаронида шудаанд, дарбар мегиранд;
зина ба зина зиёд кардани музди меҳнат, ҳавасмандгардонии моддӣ ва ҳифзи иҷтимоии ходимони муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ ба мақсади баланд бардоштани ҷолибияти кор дар низоми таълими халқ;
б) кор карда баромадани «Харитаи амалиёт» бинобар дар соли 2019-ум татбиқ намудани Консепсияи рушди низоми таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030 (минбаъд – «Харитаи амалиёт») мувофиқи замимаи №2.
Муқаррар карда шавад, ки Консепсия зина ба зина аз тариқи «Харитаи амалиёт»-и алоҳидаи ҳар сол тасдиқшаванда бо назардошти афзалиятҳои мақсаднок ва самтҳои асосӣ дар давраи дахлдор татбиқ мегардад. 
2. Ба Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
ҳар сол то 1 декабр дар пояи дақиқ омӯхтани натиҷаҳои иҷрои «Харитаи амалиёт»-и соли сипаришаванда лоиҳаи «Харитаи амалиёт» барои соли минбаъда кор карда шавад ва барои тасдиқ ба Девони Вазирон пешниҳод гардад:
барои ҷараёни иҷрои «харитаҳои амалиёт» бо дар ҳар чоряк натиҷаҳои онро ба Девони Вазирон пешниҳод кардан мониторинги мунтазам ҷорӣ карда шавад.
3. Инҳо манбаъҳои молиявии чорабиниҳое муайян карда шаванд, ки дар Фармони мазкур пешбинӣ шудаанд:
маблағҳои буҷаи ҷумҳуриявӣ;
маблағҳои Бунёди кӯмакрасонӣ ба ислоҳоти соҳаи таълими халқи назди Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
вомҳо ва грантҳои имтиёзноки хориҷӣ;
маблағҳои хайриявии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ;
манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
4. Масъулияти шахсӣ гузошта шавад:
ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдуҳакимов – барои самарабахш ба роҳ мондани кор ва фаъолияти байниякдигарии вазорату идораҳои масъул бинобар иҷрои Консепсия ва «Харитаи амалиёт», саривақт аз байн бардоштани камбудиҳое, ки дар ҷараёни мониторинги иҷрои «харитаҳои амалиёт» ошкор мегарданд;
ба раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, роҳбарони вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳои дигар – барои саривақт, босифат ва пурра иҷро кардани чорабиниҳое, ки дар Консепсия ва «Харитаи амалиёт» пешбинӣ шудаанд;
ба вазири таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Х. Шерматов – барои муваффақ шудан ба нишондиҳандаҳои мақсадноки Консепсия.
5. Ба Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар расонаҳои ахбори оммавӣ баромад ва барномаҳои мавзӯиро бобати васеъ равшан кардани мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкур ташкил намоянд.
6. Ба Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод кунад.
7. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдувахитов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ. 

Шаҳри ТОШКАНД, 
29 апрели соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: