ДАР БОРАИ ТАСДИҚ НАМУДАНИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2030

Дар тӯли солҳои охир бинобар самти ислоҳсозии соҳаи кишоварзии мамлакат, аз ҷумла, такмил додани низоми идораи давлатӣ, васеъ ҷорӣ намудани муносибатҳои бозаргонӣ, мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои тарафайни байни субъектҳои истеҳсолкунанда, азнав коркунанда ва фурӯшандаи маҳсулоти кишоварзӣ, ба соҳа ҷалб намудани сармоя, ҷорӣ кардани технологияҳои сарфакунандаи захира, инчунин бо техникаи замонавӣ таъмин кардани истеҳсолгарони маҳсулоти кишоварзӣ корҳои муайян татбиқ мегарданд.

Баробари ин, мавҷуд набудани стратегияи дарозмуҳлати рушди кишоварзӣ ба истифодаи самарабахши захираҳои замин ва об, ба соҳа васеъ ҷалб намудани сармоя, даромади баланд ба даст овардани истеҳсолгарон ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот халал мерасонад.
Ба мақсади диверсификатсияи истеҳсолот, такмил додани муносибатҳои замин ва об, фароҳам овардани иқлими мусоиди агротиҷорат ва занҷири арзиши баланди иловагӣ, дастгирии рушди муносибатҳои кооператсионӣ, ба соҳа васеъ ҷалб намудани механизмҳои бозаргонӣ, технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ, инчунин самарабахш истифода бурдан аз комёбиҳои илм ва баланд бардоштани иқтидори кадрӣ:
1. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
Стратегияи рушди кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2030 (минбаъд – Стратегия), ки бо иштироки ташкилотҳои байналхалқӣ ва коршиносон коркард шудааст, мувофиқи замимаи № 1;
«Харитаи роҳ» оид ба татбиқи Стратегияи рушди кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2030 (минбаъд – «Харитаи роҳ») мувофиқи замимаи № 2.
2. Инҳо самтҳои устувори татбиқи Стратегия муайян карда шаванд:
коркард ва татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ, ки таъмини бехатарии хӯрокворӣ ва беҳдошти паёки истеъмолӣ, мувофиқи талаб истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзиро пешбинӣ менамояд;
фароҳам овардани иқлими мусоиди агротиҷорат ва занҷири арзиши иловагӣ, ки ҳангоми харид ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ васеъ ҷорӣ намудани тамоюлҳои бозоргонӣ, рушди инфрасохтори назорати сифат, рағбатноксозии содирот, истеҳсоли молҳои кишоварзӣ ва  хӯроквории арзиши иловагиашон баландро дар бозорҳои мақсадноки байналхалқӣ пешбинӣ менамояд;
ҷорӣ кардани механизмҳои коҳиш додани нақши давлат ва баланд бардоштани ҷозибадории сармоявии соҳа, ки зиёд гардондани ҷараёни сармояи хусусии инвеститсиониро барои навсозӣ, диверсификатсия ва дастгирии афзоиши устувори сектори агрохӯрокворӣ ба назар мегирад;
такмил додани низоми таъмин кардани истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки истифодаи оқилонаи захираҳои замин ва об, фонди ҷангалро пешбинӣ менамояд;
рушди низоми замонавии идора, ки реструктуризатсия ва рушди минбаъдаи сохтори идоракунии давлатиро дар кишоварзӣ пешбинӣ менамояд;
баланд бардоштани самарабахшӣ ва азнавтақсимкунии зина ба зинаи хароҷоти давлатӣ бо роҳи коркарди барномаҳои соҳавӣ, ки ба баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат дар хоҷагиҳои фермерӣ, беҳтар гардондани сифати маҳсулот, фароҳам овардани арзиши баланди иловагӣ нигаронда шудаанд;
рушди илм, таълим, низоми хидмати иттилоотӣ ва маслиҳатӣ, ки истифодаи шаклҳои самарабахши паҳн намудани дониш ва ахбори ба истеҳсолот ва хидматҳои илмиву тадқиқотӣ, таълимӣ, машваратӣ ва кишоварзӣ якҷоя кардашударо ба назар мегирад;
татбиқи барномаи рушди ҳудуди деҳот, ки кӯмакрасониро ба рушди мутаносиб ва устувори кишоварзӣ ба назар мегирад;
фароҳам овардани низоми шаффофи омори соҳавӣ, ки ҷорӣ намудани усулҳои боэътимоди ҷамъоварӣ, таҳлил ва паҳн кардани маълумотҳои омориро бо роҳи истифодаи васеи технологияҳои замонавии иттилоотӣ ба назар мегирад.
3. Шӯрои мутобиқат оид ба татбиқи Стратегияи рушди кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2030 (минбаъд – Шӯрои мутобиқат) дар таркиби мувофиқи замимаи №3 тасдиқ карда шавад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақомоти кории Шӯрои мутобиқат муайян карда шавад.
4. Шӯрои мутобиқат (А.Н.Арипов):
иҷрои мукаммал, саривақтӣ ва хушсифати Стратегияро ташкил намояд, инчунин бобати муваффақ гардидан ба индикаторҳои муқарраршуда мониторинги доимӣ гузаронад;
дар муддати як моҳ бинобар ҳар як самти асосии Стратегия гурӯҳи доимоамалкунандаро дар таркиби мутахассисони соҳибихтисос, аз он ҷумла коршиносони хориҷӣ, бо аз ҳисоби грантҳои созмонҳои байналхалқии молиявӣ, давлатҳои хориҷӣ ва донорҳои дигар, маблағи ғайрибуҷавии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба онҳо муқаррар намудани музди меҳнат ва пардохтҳои дигар ташаккул диҳад;
тайёрии хушсифт ва саривақтӣ, инчунин ба тартиби муқарраргардида ворид намудани лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии ба татбиқи Стратегия ва «Харитаи роҳ» нигарондашударо таъмин кунад;
ҳар сол то 1 декабр дар асоси омӯзиши амиқи иҷрои вазифаҳо барои соли ҷорӣ коркарди хушсифат ва барои тасдиқ ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим намудани лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба тасдиқ кардани барномаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияро ташкил намояд;
дар ҳар семоҳа ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи корҳои бинобар татбиқи Стратегия иҷрошуда маълумот ворид намояд.
5. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ дар сохтори вазорат раёсати масъулро, ки аз 4 воҳиди иловагии штатӣ иборат мебошад, ташкил намояд, инчунин ба мақсади таъмин кардани иҷрои пурра ва саривақтии вазифаҳои дар Фармони мазкур пешбинишуда ҷалби коршиносҳои хориҷиро таъмин кунад.
Муқаррар карда шавад, ки ҷалби коршиносони хориҷӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷаи вазорат, инчунин грант ва маблағҳои ёрии техникии ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ амалӣ гардонда мешавад.
6. Ба эътибор гирифта шавад, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 9 октябри соли 2019 №ҚП-4486 «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми идораи захираҳои об» дар назди Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Агентии оид ба татбиқи лоиҳа дар соҳаи хоҷагии об созмон дода шуда, ба зиммаи он татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи хоҷагии об гузошта шудааст.
Агентии оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи маҷмӯи агросаноатӣ ва таъмини хӯрокворӣ ба таркиби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо нигоҳ доштани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, гурӯҳҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳо, инчунин ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва шартномаҳои мавҷуда гузаронда шавад.
7. Дар параметрҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фондҳои мақсадноки давлатӣ, инчунин фондҳои ғайрибуҷавии вазорат ва идораҳо самтҳои мақсадноки таркиби диверсификатсияи таркиби хароҷоти кишоварзӣ мувофиқи замимаи № 4 муқаррар карда шавад.
8. Ба палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
барқарор намудани назорати парлумонӣ ва ҷамъиятӣ бобати татбиқи саривақтӣ ва самарабахши Стратегия;
дар ҳар семоҳа дар ҷамъомадҳои Сенат, Палатаи қонунгузорӣ ва мутаносибан Ҷокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва Шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятҳо шунидани ҳисобот дар бораи корҳои вазорат ва идораҳо, инчунин Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимони вилоятҳо тавсия дода шавад.
9.  Вазорати кишоварзӣ якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату идораҳои манфиатдори дигар дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклифот тақдимот намояд.
10. Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар воситаҳои ахбори оммавӣ васеъ равшан намудани моҳияту мазмун, инчунин мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкурро таъмин намоянд.
11. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
23 октябри соли 2019.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: