ДАР БОРАИ ТАШКИЛ КАРДАНИ ДОНИШКАДАИ ТИББИИ СИҲАТИИ УМУМИИ ФАРҒОНА

Бо мақсади тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси дорои маълумоти олӣ, соҳиби ихтисоси баланд дар соҳаҳои тандурустӣ, беҳбудии санитарию эпидемиологӣ ва саломатии аҳолӣ, такмили минбаъдаи низоми рушди касбии кормандон, таъмин намудани ташкилотҳои тиббӣ бо мутахассисони салоҳиятдор, аз ҷумла муассисаҳои ёрии аввалияи тиббию санитарӣ:

Бо мақсади тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси дорои маълумоти олӣ, соҳиби ихтисоси баланд дар соҳаҳои тандурустӣ, беҳбудии санитарию эпидемиологӣ ва саломатии аҳолӣ, такмили минбаъдаи низоми рушди касбии кормандон, таъмин намудани ташкилотҳои тиббӣ бо мутахассисони салоҳиятдор, аз ҷумла муассисаҳои ёрии аввалияи тиббию санитарӣ:
1. Пешниҳодҳои Вазорати тандурустӣ, Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус ва ҳокимияти вилояти Фарғона дар бораи инҳо тасдиқ карда шаванд:
таъсиси Донишкадаи тиббии сиҳатии умумии Фарғона (минбаъд — Донишкада) дар пойгоҳи филиали фарғонагии Академияи тиббии Тошканд;
ҳамчун пойгоҳи клиникии Донишкада муайян кардани беморхонаи вилоятии сироятии Фарғона.
2. Самтҳои асосии фаъолияти Донишкада инҳо муайян карда шаванд:
ташкили тайёркунии духтурони ихтисоси танг барои муассисаҳои тандурустӣ, инчунин беҳбудии санитарию эпидемиологӣ ва саломатии умумӣ;
тайёр кардани кадрҳо дар асоси барномаҳои муштараки таълимӣ ва барномаҳои мобилии академӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷӣ барои соҳаҳое, ки ба мутахассисони соҳибихтисос эҳтиёҷи калон доранд;
татбиқи васеи технологияҳои пешрафта ва фосилавии таълим дар раванди тайёр кардани мутахассисони дорои дониш ва малакаҳои замонавӣ, ҷалби профессорону омӯзгорони баландихтисос, таҳия ва дар амалия татбиқ намудани захираҳои электронии таълим;
дастгирии рушди нерӯи илмӣ ва омӯзгорӣ, такмили фаъоли технологияҳои педагогӣ ва усулҳои таълим;
гузаронидани корҳои илмию умедбахши таҳқиқоти инноватсионӣ,  амалӣ ва фундаменталӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, беҳбудии санитарию эпидемиологӣ ва сиҳатии умумӣ, пешгирии бемориҳо, паразитология, микробиология, вирусология, инчунин оид ба масъалаҳои рушди тарзи ҳаёти солим бо равона намудани натиҷаҳои онҳо барои ҳалли мушкилоти амалияи тиббӣ мавҷуд;
таъмини беистӣ ва муттасилии барномаҳо, ташкили самарабахши фаъолият, расонидани кӯмаки илмӣ ва методӣ ба Мактабҳои техникии сиҳатии умумии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва коллеҷҳои тиббӣ;
таҳким ва рушди ҳамкориҳои дарозмуддат дар соҳаи маориф ва илм бо ташкилотҳои пешқадами тиббӣ ва марказҳои илмию тадқиқотии кишварҳои хориҷӣ;
навсозӣ ва таҳкими заминаи моддию техникӣ, муҷаҳҳазгардонии маркази симулятсионӣ, лабораторияҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ бо таҷҳизоти замонавӣ.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
Донишкада муассисаи олии таълимии давлатӣ буда, дорои мӯҳр ва бланкҳо бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва номи худ бо забони давлатӣ, баланси мустақил, суратҳисоби шахсии хазинадорӣ, аз ҷумла суратҳисобҳои ҷорӣ бо асъори хориҷӣ мебошад;
Донишкада оид ба ҳамаи ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва шартномаҳо вориси ҳуқуқии филиали фарғонагии Академияи тиббии Тошканд мебошад;
қабул ба Донишкада дар доираи параметрҳои ҳарсолаи муқарраршудаи Фармоиши давлатӣ барои қабул ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар асоси параметрҳои қабули иловагӣ амалӣ карда мешавад;
Донишкада ба омӯзгороне, ки дар Мактабҳои техникии сиҳатии  умумии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва коллеҷҳои тиббии воқеъ дар вилояти Фарғона машғулиятҳои омӯзишӣ аз фанҳои дақиқ мегузаронанд, пайваста кӯмаки илмию методӣ мерасонад.
4. Вазорати тандурустӣ (А.Ш. Иноятов) ва Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус (У.Ш. Бегимқулов) дар муддати се моҳ ба Донишкада профессорону омӯзгорони дорои тахассуси баланд, аз ҷумла онҳоеро, ки дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илмро доранд, ҷалб намояд.
5. Манбаъҳои маблағгузории фаъолияти Донишкада маблағи Буҷаи давлатӣ, маблағҳое, ки аз таҳсили донишҷӯён тибқи шартномаҳои пулию қарордодӣ ва хидматрасонӣ дар асоси созишномаҳо, грантҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва хориҷӣ, хайрияҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, муайян карда шаванд. 
6. Вазорати тандурустӣ (А.Ш. Иноятов) дар муддати ду моҳ тадбирҳои мушаххас андешад:
ташкили раванди таълимию методӣ, тибқи тартиби муқарраршудаи ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷот тасдиқ кардан, инчунин таъмин намудани Донишкада бо таҷҳизоти зарурӣ;
ғанӣ гардонидани маркази иттилоотию захираи Донишкада бо адабиёти иловагии таълимӣ, илмӣ ва бадеӣ;
ҷойгир кардани кафедраҳои Донишкада дар ташкилотҳои давлатии тиббии вилояти Фарғона, ки дар самтҳои дахлдор, фаъолияти ин кафедраҳо имкониятҳои васеъ доранд;
таъмини таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ барои гузаронидани лексияҳои онлайн дар Донишкада ва ҷорӣ намудани технологияҳои таълими фосилавӣ бо ҷалби профессорону омӯзгорони баландихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии ҷумҳурӣ ва дигар ташкилотҳои олии тиббии хориҷӣ.
7. Вазорати тандурустӣ, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Вазорати рушди инноватсионӣ, Комиссияи олии аттестатсионии назди Девони Вазирон ва Бунёди “Эл-юрт умиди” оид ба инҳо чораҳо андешанд:
аз соли таҳсили 2021/2022 сар карда  омодагии мақсаднок дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кадрҳо дар соҳаҳои дахлдор оид ба  самтҳои таҳсилоти бакалавриат, ихтисосҳои ординатураи клиникӣ ва магистратура, аз соли 2021 сар карда — дар докторантураи заминавӣ бо мақсади таъмин намудани Донишкада бо профессорону муаллимони дорои иқтидори баланд;
мувофиқи тартиби муқарраргардида таҷдиди назар ва тасдиқи барномаҳои фанҳои соҳаҳои дахлдори таҳсилот ва ихтисосҳо, бо омӯзиши таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва бо назардошти пешниҳодҳои ташкилотҳои фармоишдиҳандаи кадрҳо;
арзёбии холисонаи самаранокии системаи идоракунӣ ва шароити барои профессор-омӯзгорон муҳайёшуда, самаранокии усулҳои таълим ва тарбияе, ки онҳо дар раванди таълим истифода мебаранд;
ташкили барномаҳои умедбахши муштараки таълимӣ, таҳияи шаклҳои нави ҳамкорӣ, ҷалби профессор-омӯзгорон ва ҳамватанон аз хориҷ.
8. Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ (А.М. Бобоев) якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор  бо тартиби муқарраршуда ба Барномаи сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2023 ворид намудани лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдид, таъмири асосӣ ва таҷҳизонидани биноҳо ва иншоотҳои Донишкадаро дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи лоиҳавӣ-сметавӣ таъмин намояд.
9. Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (О.А. Пекос) оид ба муроҷиати Донишкада тадбирҳоро оид ба пайвастшавӣ ба Интернети баландсуръат бо тартиби муқарраршуда андешад.
10. Ҳокимияти вилояти Фарғона (Х.Х. Бозоров) якҷоя бо Вазорати тандурустӣ (А.Ш. Иноятов) оиди бо манзили хидматӣ таъмин кардани профессорону муаллимони соҳибихтисос, ки барои ташкили самарабахши фаъолияти Донишкада ҷалб карда мешаванд, чораҳо андешанд.
11. Дар замимаи № 5 ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 майи соли 2019 № ҚП-4310 «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи системаи таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ ва илм», бандҳои 9-11 блоки «Муассисаҳои олии тиббӣ ва фармасевтӣ, филиалҳои онҳо ва клиникаҳо» дар таҳрири зерин баён карда шаванд:
«9. Донишкадаи тиббии сиҳатии умумии Фарғона
10. Филиали урганчии Академияи тиббии Тошканд
11. Филиали тирмизии Академияи тиббии Тошканд».
Вазорати тандурустӣ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муддати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур  бармеоянд, пешниҳод  намоянд.
12. Ба зиммаи вазири тандурустӣ А.М. Ҳаҷибоев, муовини якуми вазири тандурустӣ А.Ш. Иноятов ва иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Фарғона Х.Х. Бозоров 
масъулияти шахсӣ барои ташкили самарабахши иҷрои ин қарор гузошта шавад.
Муҳокимаи мунтазами иҷрои қарори мазкур, ҳамоҳангсозӣ ва назорат аз болои фаъолияти идораҳои масъул ба зиммаи муовини якуми мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Л.Н.Тӯйчиев ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.А. Мусоев гузошта шавад.
Дар бораи самаранокии тадбирҳои андешидашуда ба муҳлати то 1 апрели соли 2021 ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумот дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
3 декабри соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: