ДАР БОРАИ ТАШКИЛ КАРДАНИ ФОНДИ МАҚСАДНОКИ ДАСТГИРИИ СОҲАҲОИ МАЪНАВИЯТ ВА ЭҶОД

Бо мақсади баланд бардоштани самарабахшӣ ва таъсирнокии корҳои маънавию маърифатӣ, таҳкими минбаъдаи ризоият ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни халқи сермиллати мамлакати мо, ҳифз ва рушди арзишҳо, анъанаҳо ва урфу одатҳои миллӣ, дастгирии фаъоли эҷодиёти бадеӣ ва тарғиби фарҳанги мутолиа:

Бо мақсади баланд бардоштани самарабахшӣ ва таъсирнокии корҳои маънавию маърифатӣ, таҳкими минбаъдаи ризоият ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни халқи сермиллати мамлакати мо, ҳифз ва рушди арзишҳо, анъанаҳо ва урфу одатҳои миллӣ, дастгирии фаъоли  эҷодиёти бадеӣ ва тарғиби фарҳанги мутолиа:
1. Пешниҳодҳои Маркази ҷумҳуриявии маънавиёт ва маърифат, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Шӯрои парасторони Фонди ҷамъиятии «Ижод» нисбати инҳо тасдиқ карда шаванд:
ба ихтиёри Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон додани поликлиникаи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, корхонаи воҳиди «Дирексияи истифодаи хонаи эҷодӣ»-и Дӯрмон ва корхонаи фаръии «Оккумфайз Барака», ки дар тобеияти Фонди ҷамъиятии «Ижод» қарор дорад,  якҷоя бо тамоми амвол, биноҳо ва иншооти ба онҳо тааллуқдошта;
ташкили Фонди мақсадноки дастгирии соҳаи маънавият ва эҷоди назди Маркази ҷумҳуриявии маънавиёт ва маърифат (минбаъд — Фонд) бидуни ташкили шахси ҳуқуқӣ дар пойгоҳи Фонди ҷамъиятии «Ижод», инчунин тасдиқи ҳайати Шӯрои парасторони он мувофиқи замима.
2. Ба назар гирифта шавад, ки маблағҳои Фонд барои маблағгузории чорабиниҳои зерин равона карда мешаванд:
дар асоси Консепсияи тарбияи маънавии муттасил офаридани васоити методӣ ва тавсияномаҳо, адабиёти илмӣ ва амалӣ барои низоми таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти миёнаи махсус ва олӣ бо мақсади ғанӣ гардонидани назария ва усулҳои тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ, нашр ва ба ҷойҳо расонидани онҳо;
татбиқи чорабиниҳое, ки ба васеъ оммавӣ гардондани мероси миллӣ, саҳми назарраси олимон, шоирон ва мутафаккирони бузурги мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҳам дар мамлакати мо, ҳам дар берун аз ҳудуди он нигаронда шудаанд;
якҷоя бо IT-паркҳо, марказҳои инноватсионӣ, фрилансерҳо офаридани замимаҳои мобилӣ, бозиҳои компютерӣ,  дигар маҳсулоти аниматсионӣ бо мақсади ба соҳаи маънавиёт ва маърифат ворид намудани системаи технологияҳои рақамӣ;
омӯзиши муҳити маънавӣ ва ахлоқӣ дар соҳа, мусоидат ба рушди фаъолияти шӯроҳои минтақавии маънавиёт ва маърифат, инчунин дастгирии гурӯҳҳои коршиносон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии корҳои маънавӣ ва маърифатӣ;
рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маънавию маърифатӣ, адабиёт ва маданияти мутолиа, дастгирии ташаббусҳо, ки ба баланд бардоштани самаранокии кор дар ин самт нигаронда шудааст;
гузаронидани чорабиниҳои илмию маърифатии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, форумҳои адабӣ, фестивалҳо, озмунҳо, фестивалҳои мардумӣ, сайрҳои халқӣ, шабҳои адабӣ ва мусиқӣ;
нашри китобҳо ва плакатҳо, эҷоди медиамаҳсулот дар мавзӯъҳои маънавӣ ва маърифатӣ, адабӣ ва бадеӣ;
ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои муовинони директор оид ба корҳои маънавию маърифатӣ ва мутахассисон оид ба тарбияи фарҳангию эҷодии муассисаҳои таълимии низоми Вазорати маорифи халқ;
якҷоя бо ҳокимиятҳо дар маҳалҳо бо ҷалби олимон ва мутахассисони варзида ташкил кардани семинар-тренингҳо оид ба такмили ихтисоси кормандони соҳаи маънавию маърифатӣ;
ташаккули фармоишҳои иҷтимоӣ барои офаридани лоиҳаҳои нав, китобҳо, брошюраҳо ва мақолаҳо, сенарияи чорабиниҳо, ки ба рушди корҳои маънавию маърифатӣ равона карда шудаанд ва ҳавасмандии моддии олимон ва мутахассисони ба он ҷалбшуда;
нашри осори адабии тавсиянамудаи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, аз ҷумла китобҳои аввалини муаллифони ҷавон;
гузаронидани шабҳои эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, расонидани кӯмаки моддӣ ба аъзои Иттифоқи нависандагон, ки ба рушди адабиёт саҳми сазовор гузоштаанд;
ба забонҳои хориҷӣ тарҷума кардани намунаҳои барҷастаи адабиёти классикии миллӣ ва муосир, ки дар онҳо таърихи бостонӣ, фарҳанги бой, суннатҳо ва арзишҳои деринаи халқамон тараннум карда мешаванд ва васеъ оммавӣ гардондани онҳо  дар шабакаи иттилоотии ҷаҳонӣ;
ҳавасмандгардонии моддии муаллифони асарҳои бадеӣ, ки  дар рушди адабиёти миллӣ мусоидат карда, эътирофи ҷомеаи адабиро сазовор шудаанд ва дар ҳаёти кишвар нақши муҳим доранд;
ташкил ва навсозии мунтазами веб-сайтҳои Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, инчунин бахшида ба фаъолияти эҷодии аъзои он – нависандагони маъруф;
таҳкими заминаи моддию техникии Маркази ҷумҳуриявии маънавиёт ва маърифат, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, ташкилотҳои тобеи онҳо, дастгирии иҷтимоии кормандон.
3. Инҳо манбаъҳои ташаккули маблағҳои Фонд муайян карда шаванд:
маблағҳое, ки аз Буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо карда мешаванд;
хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
маблағи грантҳо ва қарзҳои имтиёзноки ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар донорҳои хориҷӣ;
даромаде, ки аз ҷойгиркунии маблағҳои пулии муваққатан озод ба пасандозҳои бонкҳои тиҷоратӣ ба даст оварда мешавад;
манбаъҳои дигаре, ки қонун манъ накардааст.
4. Вазорати молия:
дар соли 2021  120 миллиард сӯм, аз ҷумла Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат барои ташкили самарабахши корҳои маънавию маърифатӣ дар миқёси мамлакат — 10 миллиард сӯм, воҳидҳои ҳудудии он барои рушди соҳаи маънавият ва маърифат дар маҳалҳо — 90 миллиард сӯм, барои дастгирии фаъолияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон — 20 миллиард сӯм ҷудо кунад;
аз соли 2022 ҷудо кардани маблағро тибқи сметаи хароҷот ва нишондиҳандаҳои пешгӯии тасдиқнамудаи Шӯрои парасторони Фонд таъмин кунад.
5. Ба Шӯрои парасторони Фонди мақсаднок оид ба дастгирии соҳаи маънавият ва эҷод (А.Н. Арипов):
ҳамасола нишондиҳандаҳои пешбинишудаи даромад ва хароҷоти Фондро тасдиқ кунад;
вазорату идораҳои манфиатдорро барои иҷрои вазифаҳои дар назди Фонд гузошташуда ҷалб намояд;
назорати мунтазами истифодаи мақсадноки маблағҳои Фондро таъмин кунад.
6. Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26 феврали соли 2010 № ҚП-1292 «Дар бораи ташкил кардани Фонди «Ижод»-и  назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон» беэътибор дониста шавад.
7. Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат якҷоя бо Вазорати адлия дар муддати як моҳ ба Девони Вазирон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд,  пешниҳод тақдим намояд.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур  ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон       Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
26 марти соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: