ДАР БОРАИ ТАШРИФИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

Бино бар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 апрели соли 2019 бо ташрифи дурӯзаи давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба мамлакатамон меояд.

Ин баъд аз ба вазифаи Президенти Қазоқистон шурӯъ намудани Қосим-Жомарт Тоқаев вохӯрии аввалини сарони ду давлат мебошад.
Дар рафти музокироти дар ҳайати танг ва васеъ ба нақша гирифташуда пешомади таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, инчунин самтҳои устувори ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, маданиву инсонпарварӣ ва ғайраҳо баррасӣ мегарданд.
Президентҳо бино бар масъалаҳои амиқсозии ҳамкории минтақавӣ ва мушкилоти асосии байналхалқӣ мубодилаи афкор менамоянд.
Қабул намудани изҳороти муштараки сарони давлатҳо, инчунин ба имзо расондани силсилаи ҳуҷҷатҳои дуҷониба, ки ба рушди муносибатҳои сернақшаи байни мамлакатҳоямон нигаронда шудаанд, ба нақша гирифта шудааст.
Президентҳо инчунин дар маросими кушоиши расмии Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон, ки бо консерти устодони санъати қазоқ оғоз ёфта, идомаи мантиқии бомуваффақият анҷом ёфтани Соли Ӯзбекистон дар мамлакати бародари ҳамсоя мебошад, иштирок менамоянд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: