Дар бораи ташрифи давлатии Президенти Туркманистон ба Ӯзбекистон

Зимни мулоқотҳои дутарафа ва гуфтугӯҳо дар дараҷаи олӣ дар вазъияти дӯстона ва эътимодноки анъанавӣ муҳокимаи масъалаҳои мустаҳкамсозӣ ва афзудани муносибати гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Туркманистон, мушкилоти муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар барномаи ташриф инчунин иштироки сарони давлатҳо дар маросими кушоиши сайргоҳи Ашқобод дар шаҳри Тошканд, ки он яке аз рамзҳои равшани дӯстӣ ва некҳамсоягии байни мамлакат ва халқҳоямон бояд гардад, боздид аз вилояти ҳамсарҳади Хоразм шомил гаштааст.
Дар доираи ташриф бизнес-форуми намояндагони сохтори пешқадами иқтисодии Ӯзбекистон ва Туркманистон баргузор хоҳад гардид.
Интизорӣ меравад, ки дар поёни мулоқотҳо Изҳороти муштараки сарони давлатҳо, ба имзо расондани маҷмӯи зиёди ҳуҷҷатҳо, ки ба минбаъд мустаҳкамсозии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, таълим ва варзиш нигаронда шудааст, қабул гарданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: