ДАР БОРАИ ТАШРИФИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17-18 январи соли 2019 бино бар даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ аз ин мамлакат бо ташрифи корӣ барои иштирок дар Анҷумани 9-уми байналхалқии сармоягузории «Гуҷарати босуръат – 2019» боздид ба амал меорад.

Роҳбари давлат дар ҷамъомади умумии анҷуман нутқ эрод намуда, инчунин бо Сарвазир Нарендра Модӣ барои муҳокимаи масъалаҳои аҳамиятноки ҳамкории Ӯзбекистону Ҳиндустон, сиёсати байналхалқӣ ва минтақавӣ гуфтугӯҳо ба амал меорад.
Анҷумани «Гуҷарати босуръат», ки дар шаҳри Гандинагар бо ташаббуси Сарвазир Нарендра Модӣ аз соли 2003 инҷониб баргузор мегардад, анҷумани байналхалқии бузург дар минтақа ба шумор меравад. Иштирокдорони он – сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, роҳбарони ташкилотҳои байналхалқӣ ва корпоратсияҳои фаромиллӣ, коршиносон ва таҳлилгарони маъруф мебошанд.
Бино бар анъана дар маркази диққати иштирокдорони ин анҷуман масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиёти ҷаҳон, вусъат пайдо намудани шарикӣ дар ҷанбаи тиҷорат, ҷалби сармоя, табодули васеи технологияи пешқадам ва дониш қарор мегиранд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: