ДАР БОРАИ ТАШРИФИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20-22 январи соли 2019 ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон ташрифи расмӣ ба амал меорад.

Дар пойтахти Олмон шаҳри Берлин гуфтугӯҳо бо Президенти Федералӣ Франк-Валтер Штайнмайер, Канслери Федералӣ Ангела Меркел ва Раиси Бундестаги ҶФО Волфганг Шойбле ба вуқӯъ мепайванданд.
Дар рӯзномаи ҳамоишҳо масъалаҳои минбаъд амиқсозии гуфтугӯи сиёсӣ, вусъат додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва молиявӣ, татбиқи барнома ва лоиҳаҳои муштарак, фаъолсозии табодули маданиву инсонпарварӣ, илмиву таълимӣ ва сайёҳӣ вуҷуд доранд.
Инчунин табодули афкор доир ба масъалаҳои муҳими сиёсати байналхалқӣ ва минтақавӣ ба вуқӯъ мепайвандад.
Дар шаҳри Мюнхен мулоқоти Президенти Ӯзбекистон бо Сарвазири Бавария Маркус Зёдер ва ҳамчунин намояндагони доираҳои корӣ ва молиявии пешқадами немис дар назар дошта шудааст.
Дар доираи ташриф ба имзо расондани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар бораи ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои иқтисодиёт, молия, инноватсия ва сармоягузорӣ, илм, техника, таълим ва маданият ба нақша гирифта шудааст.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: