Ба мақсади минбаъд такмил додани низоми тайёркунии кадрҳои баландихтисоси муҳандисиву техникӣ барои соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, вусъат додани ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи таълими олӣ, ҳамчунин барои иҷрои Дурнамои чораҳои амалӣ («Харитаи амалиёт») бобати татбиқ намудани муоҳидаҳо оид ба минбаъд вусъат додани ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва маданиву инсонпарварии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2018-2019:
1. Ба таклифи Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати энергетика, Оҷонсии рушди энергетикаи атомии назди Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго», Муассисаи федералии давлатии омӯзиши буҷавии таълими олии «Донишгоҳи миллии тадқиқотии «МЭИ» (Федератсияи Русия) (минбаъд – Донишгоҳ) бобати дар шаҳри Тошканд таъсис додани филиали Муассисаи федералии давлатии омӯзиши буҷавии таълими олии «Донишгоҳи миллии тадқиқотии «МЭИ» (минбаъд – Филиал) ризоият дода шавад.
2. Инҳо самтҳои асосии фаъолияти Филиал муайян карда шаванд:
тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси муҳандисиву техникӣ барои соҳаи энергетикаи мамлакат мувофиқи барномаҳои таълимӣ ва талаботи байналхалқӣ, ки ба сифати таълими олӣ пешниҳод мешаванд;
коркард ва ҷорӣ намудани барнома ва шаклҳои замонавии таълим, ба ҷараёни таълим ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами педагогӣ ва иттилоотӣ, дастовардҳои навтарини илму техника, дастгирӣ кардани пешрафти иқтидори таълимиву педагогӣ;
баргузор намудани тадқиқоти фундаменталӣ, илмҳои айёнӣ ба инноватсионӣ дар соҳаҳои энергетика, электротехника, техникаи гармӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи таҷҳизоти электротехникӣ ва низомҳои онҳо, коркард ба татбиқ сохтани лоиҳаҳои инноватсионие, ки ба баланд бардоштани сарфакорӣ, муътамаднокӣ ва устувории низомҳои амали электроэнергетикӣ нигаронда шудаанд;
такмил додани низоми тайёркунии мутахассисон ва кадрҳои илмиву педагогӣ аз ҳисоби баланд бардоштани сифат, муттасилӣ ва давомнокии таълиму илм, қаробати мувофиқи мақсад ба ҷомеаи ҷаҳонии таълимиву илмӣ, фароҳам овардани шароит барои қаробати қарини фаъолияти таълимӣ, илмиву тадқиқотӣ ва истеҳсоливу саноатӣ;
инкишоф додан ва мустаҳкам кардани муносибатҳои дарозмуҳлат бо муассисаҳои машҳури таълимӣ, марказҳои илмиву тадқиқоти кишварҳои хориҷӣ дар соҳаҳои таълим ва илму техника;
дар асоси муоҳида татбиқ намудани такмили ихтисос ва бозомӯзонии мутахассисон бинобар самтҳои мувофиқшудаи харидоргири таълими бакалавриат (ихтисосҳои магистратура) бо назардошти талаботи ташкилотҳои соҳаи энергетикӣ.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
Филиал шуъбаи сохтори махсуси Донишгоҳ – муассисаи таълими олӣ ба шумор меравад;
Филиал тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони тамоми дараҷаҳо, аз ҷумла, тайёркунии кадрҳои илмиву педагогиро бинобар самтҳои мувофиқкардашудаи асосии таълими бакалавриат (ихтисосҳои магистратура) бо назардошти талабот ба кадрҳо татбиқ менамояд;
таълим дар Филиал ба забони русӣ гузаронида мешавад, минбаъд мувофиқи меъёрҳои федералии таълимии Федератсияи Русия дар пояи нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ, ки аз ҷониби Донишгоҳ бо ризоияти Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ шудаанд, ба забонҳои дигар низ амалӣ карда мешавад;
фаъолияти таълимии Филиал аз соли хониши 2019/2020 оғоз меёбад;
қабули довталабон ва баргузории аттестатсияи хатмкардагони Филиал мувофиқи талабот, тартибот ва муҳлате, ки Донишгоҳ бо мувофиқатии Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян кардааст, татбиқ карда мешавад;
ба хатмкардагони Филиал дипломи намунаи муқарраршудаи Донишгоҳ, ки ҳуҷҷат барои таълими олӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътироф мегардад, дода мешавад;
фаъолияти Филиал мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва қонунгузории Федератсияи Русия татбиқ мегардад.
4. Ба маълумот гирифта шавад, ки Донишгоҳ ба инҳо кӯмак мерасонад:
барои ба ҷараёни таълим ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами педагогӣ ва иттилоотӣ, дастовардҳои навтарини илм ва техника;
баланд бардоштани ихтисоси мутахассисон ва бозомӯзонии ҳайати профессорону омӯзгорони Филиал;
ташаккул додан ва пурра кардани бунёди китобхонавии Филиал бо адабиёти замонавии таълимӣ, таълимиву услубӣ ва илмиву техникӣ.
5. Инҳо маъқул дониста шаванд:
самтҳои асосии таълими бакалавриат ва ихтисосҳои магистратура оид ба тайёркунии кадрҳо дар филиали Муассисаи федералии давлатии омӯзиши буҷавии таълими олии «Донишгоҳи миллии тадқиқотии «МЭИ» дар шаҳри Тошканд мувофиқи замимаи №1;
ҳайати Шӯрои парасторони филиали Муассисаи федералии давлатии омӯзиши буҷавии таълими олии «Донишгоҳи миллии тадқиқотии «МЭИ» дар шаҳри Тошканд (минбаъд – Шӯрои парасторон) мувофиқи замимаи №2:
ҳайати Комиссияи ташкилӣ бобати таъсис додани филиали Муассисаи федералии давлатии омӯзиши буҷавии таълими олии «Донишгоҳи миллии тадқиқотии «МЭИ» дар шаҳри Тошканд (минбаъд – Комиссияи ташкилӣ) мувофиқи замимаи №3.
6. Муайян карда шавад, ки:
а) квотаҳои қабул ба Филиал бо қарори Шӯрои парасторон бо мувофиқатии Донишгоҳ, Вазорати иқтисодиёт ва саноат, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо назардошти талаботи воқеӣ ба мутахассисони ташкилотҳои Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷамъияти саҳҳомии «Истгоҳи гармидиҳии электрӣ», Ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои миллии электрии Ӯзбекистон», Ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои минтақавии электрӣ», Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго», дигар вазорату идораҳои манфиатдор тасдиқ карда мешаванд;
б) хатмкардагони Филиал, ки таълимро дар пояи грантҳои давлатӣ гузаштаанд, аз ҷониби Шӯрои парасторон барои кор дар ташкилоти соҳаҳои энергетикии ҷумҳурӣ барои кори минбаъдаи ҳатмӣ ба муҳлати на камтар аз панҷ сол тақсим карда мешаванд;
в) фаъолияти Филиал аз ҳисоби:
маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки барои Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таълими донишҷӯён бинобар грантҳои давлатӣ ҷудо карда шудаанд, вале на бештар аз 30 фоиз аз миқдори умумии донишҷӯёне, ки барои таълим дар Филиал қабул карда мешаванд;
маблағҳое, ки аз таълими донишҷӯён дар пояи пуливу қарордодӣ мерасанд;
маблағҳои пулие, ки дар асоси қарорҳои Шӯрои парасторон, хайрияҳо ва аъзобадалҳои мақсадноки шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ;
грантҳои идораҳои байналхалқии молиявӣ, созмонҳои хориҷӣ, ҳамчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, татбиқ карда мешаванд;
г) бо маблағ таъмин сохтани хароҷоти сафарҳое, ки бо ҷалби мутахассисони Донишгоҳ алоқаманданд, хароҷот барои таҷрибаомӯзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорони маҳаллии Филиал аз ҳисоби маблағҳои ҶС «Истгоҳи гармидиҳии электрӣ», ҶС «Шабакаҳои миллии электрии Ӯзбекистон», ҶС «Шабакаҳои минтақавии электрӣ», ҶС «Ӯзбекгидроэнерго», маблағҳои ғайрибуҷавии Филиал, хайрияҳо ва аъзобадали мақсадноки шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ таъмин карда мешаванд;
д) пардохти хароҷоти сафарҳои ҳайати профессорону омӯзгороне, ки аз Донишгоҳ ҷалб карда мешаванд:
ҳангоми сафарҳои кӯтоҳмуддат ба муҳлати то 30 шабонарӯз – бинобар меъёрҳое, ки қонунгузории Федератсияи Русия барои кормандони муассисаҳои таълими олӣ пешбинӣ намудааст;
ҳангоми сафарҳои дарозмуҳлат бо назардошти талаботи ҷараёни таълим – мувофиқи муоҳидаҳои баимзорасида татбиқ мегарданд;
е) мувофиқи қарори Шӯрои парасторон ба кормандони Филиал иловапулиҳои шахсӣ барои тахассуси олӣ, барои саводи хуб бинобар таҷҳизоти махсус аз ҳисоби маблағҳое, ки аз ҷониби Шӯрои парасторон ва маблағҳои ғайрибуҷавии Филиал ташаккул меёбанд, муқаррар мешаванд:
ж) маблағҳои буҷавӣ барои бо маблағ таъмин сохтани Филиал дар соли 2019-ум дар ҳудуди параметрҳои хароҷоти Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соҳаи иҷтимоӣ тасдиқ гардида, дар соли 2020-ум бошад, дар параметрҳои хароҷоти ҳарсола барои соҳаи мазкур пешбинӣ мегардад.
7. Таклифи корхонаҳои ҶС «Истгоҳи гармидиҳии электрӣ», ҶС «Шабакаҳои миллии электрии Ӯзбекистон», ҶС «Шабакаҳои минтақавии электрӣ» ва ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» дар бораи аз ҳисоби маблағҳои онҳо бо маблағ таъмин кардани чорабиниҳои ташкилӣ бобати таъсис додани Филиал, ташаккул додани пойгоҳи моддиву техникӣ ва таълимии он, аз ҷумла баргузор кардани сохтмон, таҷдид, таъмири умумӣ ва ҷиҳозонидани бинову иншооте, ки ба Филиал пешниҳод мешаванд, бо таҷҳизоти замонавии таълимиву лабораторӣ, техникаҳои компутерӣ ва ташкилӣ, бо адабиёт ва бунёди китобхонавӣ, инвентарҳо, мебелҳо ва дигар воситаҳои моддиву техникӣ, бо тақсимоти зерин маъқул дониста шавад:
ҶС «Истгоҳи гармидиҳии электрӣ», ҶС «Шабакаҳои миллии электрии Ӯзбекистон», ҶС «Шабакаҳои минтақавии электрӣ» – 50 фоиз;
ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» – 50 фоиз.
8. Инҳо бо ҳуқуқи идораи таъҷилӣ дода шаванд:
бино ва иншооти Коллеҷи касбии политехникӣ ва стандартизатсияи Олмазор бо ҳудудҳои атрофаш, ки дар нишонии: шаҳри Тошканд, ноҳияи Олмазор, кӯчаи Мирзо Ғолиб, 1 ҷойгир шудааст, Мактаб-интернати махсуси биолог ва химикҳои ҷавони ба номи Абӯ Алӣ ибни Синои назди Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
Бино ва иншооти Мактаб-интернати махсуси биолог ва химикҳои ҷавони ба номи Абӯ Алӣ ибни Синои назди Вазорати рушди сармояҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳудудҳои атрофаш, ки дар нишонии: шаҳри Тошканд, ноҳияи Олмазор, кӯчаи Қароқамиш – 3 ҷойгир шудааст, ба Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов бо дар он ҷойгузин сохтани Филиал бо ҳуқуқи истифодаи беподош.
Муқаррар карда шавад, ки толибилмони Коллеҷи бонки Тошканд, ки алҳол дар биноҳои Мактаб-интернати махсуси биолог ва химикҳои ҷавони ба номи Абӯ Алӣ ибни Сино мехонанд, ҷараёни таълимро то анҷоми таълим дар биноҳо ва иншооте, ки ба Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов дода мешаванд, толибилмони Коллеҷи касбии политехникӣ ва стандартизатсияи Олмазор – дар биноҳо ва иншооте, ки ба Мактаб-интернати махсуси биолог ва химикҳои ҷавони ба номи Абӯ Алӣ ибни Сино дода мешаванд, таълим мегиранд.
9. Ба Комиссияи ташкилӣ (А. Султонов) супурда шавад, ки:
дар муҳлати то 1 июли соли 2019-ум таҷдиди биноҳо ва иншоотеро, ки ба Филиал пешниҳод мешаванд, аз ҷумла биноҳои таълимиву лабораторӣ ва иншооти варзишӣ, ҳамчунин тайёркунии хобгоҳ барои буду боши донишҷӯён ва омӯзгорони Филиал;
дар муҳлати то 20 августи соли 2019-ум ҷойгузинкунии Филиал, муҷаҳҳазсозии биноҳо ва иншоотеро, ки ба Филиал дода мешванд, бо таҷҳизоти замонавии таълимиву лабораторӣ, техникаҳои компутерӣ ва ташкилӣ, адабиёт ва бунёди китобхонавӣ, инвентарҳо, мебелҳо ва дигар воситаҳои моддиву техникӣ таъмин намояд.
10. Ба Филиал рухсат дода шавад, ки пардохти буду бош ва хароҷоти нақлиётии профессорону омӯзгорони хориҷиеро, ки барои омӯзгорӣ ва корҳои илмӣ даъват шудаанд, мувофиқи тарифҳое, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар гардидаанд, дар пояи муоҳидаҳои баимзорасида татбиқ кунад.
11. Ба Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки бо ҳамкории Донишгоҳ, ҶС «Истгоҳи гармидиҳии электрӣ», ҶС «Шабакаҳои миллии электрии Ӯзбекистон», ҶС «Шабакаҳои минтақавии электрӣ» ва ҶС «Ӯзбекгидроэнерго»:
дар муҳлати як моҳ коркард ва мувофиқсозии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, ҳамчунин қайди давлатии Филиалро мувофиқи тартиби муқарраршуда;
дар муддати ду моҳ тасдиқи сохтори Филиал;
дар муҳлати то 1 августи соли 2019-ум таъмин сохтани Филиал бо ҳайати тахассусноки профессорону омӯзгорон дар асоси озмун таъмин намояд.
12. Инҳо бинобар корҳои вобаста ба таҷдид, сохтмон, таъмири умумӣ ва муҷаҳҳазсозии бинову иншооте, ки ба Филиал дода мешаванд:
супоришгар – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Маъмурият оид ба сохтмони №4»;
ташкилоти асосии лоиҳавӣ – ҶС «Гидролоиҳа»;
ташкилоти асосии пудратӣ – корхонаи унитарии «Tupalang HPD Building» муайян карда шаванд.
13. Ба Филиал барои таъминсозӣ бо ду воситаи автомобили сабукрав, аз ҷумла як автомобили шахсӣ ва як автомобили навбатдор лимит ҷудо карда шавад.
14. Ба Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати иқтисодиёт ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми ташаккулдиҳии Барномаи сармоявӣ барои соли 2020-ум ва солҳои минбаъда мувофиқи тартиби муқарраршуда ба онҳо дохил кардани лоиҳаҳо оид ба сохтмон, таҷдид, таъмири умумӣ ва муҷаҳҳазсозии бинову иншооте, ки ба Филиал супурда мешаванду аз ҳисоби маблағҳои ҶС «Истгоҳи гармидиҳии электрӣ», ҶС «Шабакаҳои миллии электрии Ӯзбекистон», ҶС «Шабакаҳои минтақавии электрӣ» ва ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи лоиҳавиву сметавӣ бо маблағ таъмин карда мешаванд, таъмин намояд.
15. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ супурда шавад, ки бинобар аризаҳои Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Филиал мувофиқи тартиби муқарраршуда ба қайдгирии раводидҳои сафариро барои ҳайати профессорону омӯзгорони хориҷӣ ва кормандони маъмурие, ки дар доираи татбиқсозии қарори мазкур ҷалб мешаванд, ҳамчунин аъзои оилаи онҳо бидуни ситондани боҷҳои консулгарӣ ва боҷҳои дигар таъмин намояд.
16. Ба Вазорати корҳои дохилӣ супурда шавад, ки мувофиқи аризаҳои Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Филиал мувофиқи тартиби муқарраршуда додан ва тамдид кардани раводидҳои бисёркарата ва қайди муваққатӣ бинобар ҷойи зист дар Ҷумҳурии Ӯзбекистонро барои ҳайати профессорону омӯзгорони хориҷӣ ва кормандони маъмурии Филиал, ҳамчунин аъзои оилаҳои онҳо бидуни ситондани боҷҳои давлатӣ таъмин кунад.
17. Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ супурда шавад, ки мувофиқи аризаҳои Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Филиал додан (тамдид кардан)-и рухсатномаҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда барои ба ҷумҳурӣ ҷалб намудани мутахассисони хориҷие, ки дар созмон додани фаъолияти Филиал иштирок мекунанд, ҳамчунин додан (тамдид кардан)-и тасдиқномаҳоро барои шаҳрвандони зикршудаи хориҷӣ барои ҳуқуқи фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмин намояд.
18. То 1 январи соли 2022 аз пардохтҳои гумрукӣ (ғайр аз боҷҳо барои қайди гумрукӣ) таҷҳизоти таълимӣ ва илмии лабораторӣ, техникаҳои компутерӣ, маҳсулоти барномавӣ, адабиётҳои илмӣ ва илмиву услубӣ, инвентарҳо, маводи сохтмон ва захираҳои моддиву техникие, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол намешаванд ва барои таҷдид, таълими умумӣ, муҷаҳҳазсозӣ ва таъмин кардани фаъолияти Филиал бинобар рӯйхате, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ташаккул дода шудааст, оварда мешаванд, озод карда шаванд.
19. Моддаи 4-уми қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 июли соли 2018-ум №557 «Дар бораи таъсис додани Мактаб-интернати махсуси биолог ва химикҳои ҷавони ба номи Абӯ Алӣ ибни Сино» бекор дониста шавад.
20. Ба Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунанд.
21. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдувахитов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдуҳакимов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ.
Шаҳри ТОШКАНД,
4 июни соли 2019.