ДАР БОРАИ ТАЪСИС ДОДАНИ ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАМЪИЯТИИ БА НОМИ АЛИШЕРИ НАВОӢ

Бо мақсади омӯзиши ҳаёт, эҷодиёт ва мероси ғании илмӣ ва адабии шоир ва мутафаккири бузург, арбоби барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Алишери Навоӣ, дар мамлакат ва хориҷи он васеъ оммавӣ кардани осори шоир ва абадӣ гардондани хотираи ӯ:

Бо мақсади омӯзиши ҳаёт, эҷодиёт ва мероси ғании илмӣ ва адабии шоир ва мутафаккири бузург, арбоби барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Алишери Навоӣ,  дар мамлакат ва хориҷи он васеъ оммавӣ кардани осори шоир ва абадӣ гардондани хотираи ӯ: 
1. Пешниҳоди Академияи илмҳо, Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҷамъиятии ба номи Алишери Навоӣ бо муассисии Академияи илмҳо (минбаъд — Фонд) тасдиқ карда шавад.
2. Ба эътибор гирифта шавад, ки инҳо вазифаҳои асосии Фонд муайян карда мешаванд: 
васеъ омӯхтан ва оммавӣ гардондани ҳаёт, ғояҳои волои инсонпарварона, инчунин мероси илмӣ ва адабии Алишери Навоӣ дар мамлакати мо ва дар миқёси байналмилалӣ; 
тарҷумаи осори Алишери Навоӣ ба забонҳои хориҷӣ, офаридани нашрҳои мукаммали илмӣ, нашри онҳо дар ҷумҳурӣ ва берун аз он; 
мусоидат ба фаъолияти адибон ва олимон, ки мероси илмӣ ва адабии Алишери Навоиро тадқиқ мекунанд, ҷамъ овардани асарҳои илмӣ ва бадеии эҷодкардаи онҳо, ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ ва эҷодӣ оид ба омӯзиши эҷодиёти шоир, аз ҷумла дар кишварҳои хориҷӣ;
ҳар сол 9 феврал — дар рӯзи таваллуди Алишери Навоӣ баргузор намудани конфронси байналмилалӣ (симпозиум) ва «хониши Навоӣ».
3. Инҳо маъқул дониста шаванд: 
ҳайати Шӯрои парасторони Фонди байналмилалии ҷамъиятии ба номи Алишери Навоӣ мувофиқи замимаи № 1; 
сохтори Фонди байналмилалии ҷамъиятии ба номи Алишери Навоӣ мувофиқи замимаи №2. 
Муайян карда шавад, ки Дирексияи иҷроия мақомоти иҷроияи Фонд ба ҳисоб меравад ва аз ҷониби директори иҷроия идора карда мешавад. 
4. Ба Шӯрои сарпарастон ваколатҳои зерин дода шаванд: 
тасдиқи нишондиҳандаҳои пешгӯии Фонд аз рӯи даромад ва хароҷот, инчунин тартиби ташаккул ва истифодаи маблағҳо; 
муайян кардани самтҳои асосии истифодаи маблағҳои Фонд; 
ба вазифа таъин  ва аз вазифа озод кардани директори иҷроия; 
таъмини муқаррар намудани назорати мунтазами истифодаи мақсадноки маблағи Фонд аз ҷониби Дирексияи иҷроия; 
ҳангоми зарурат дар доираи фонди музди меҳнат ворид намудани тағйирот ба воҳидҳои штатӣ ва сохтори Фонд;
ҷалб намудани ташкилотҳои манфиатдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин сарпарастон барои иҷрои вазифаҳои дар назди Фонд гузошташуда.
5. Инҳо манбаъҳои ташаккули маблағҳои Фонд муайян карда шаванд: 
маблағҳо дар ҳаҷми то 1 миллиард сӯм, ки ҳамасола аз ҷониби Фонди рушди забони ӯзбекии назди Девони Вазирон ҷудо карда мешавад; 
грантҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ; 
хайрияҳои шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ; 
манбаъҳои дигаре, ки қонун манъ накардааст. 
6. Академияи илмҳо ва Вазорати адлия дар давоми ду моҳ тасдиқ кардан ва бақайдгирии давлатии оинномаи Фондро бо тартиби муқарраршуда таъмин намоянд. 
7. Фонд ба як қисми бино дар нишонии: шаҳри Тошканд, ноҳияи Мирзо Улуғбек, кӯчаи Академик Яҳё Ғуломов, 70, дар асоси ҳуқуқи истифодаи ройгон ҷойгир карда шавад. 
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
 Ш. МИРЗИЁЕВ 

Шаҳри ТОШКАНД, 
4 феврали соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: