ДАР БОРАИ ТАЪСИС ДОДАНИ МАРКАЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ АРБИТРАЖИИ ТОШКАНД (МБАТ) ДАР НАЗДИ ПАЛАТАИ САВДОВУ САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар мамлакат ба мақсади ташаккул додани иқлими ҳамаҷониба мусоиди сармоявӣ бино бар озодкунии иқтисодиёт, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои фаъолияти сармоягузорон, бахусус сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин мустаҳкам кардани робитаҳои байналхалқии иқтисодӣ чораҳои маҷмӯӣ амалӣ мешаванд.

Дар Ӯзбекистон ҷорӣ намудани механизми ҳаллу фасли талошҳо дар судҳои ҳакамӣ барои  таъмин сохтани кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои тиҷоратии Ӯзбекистон, беҳтар кардани муҳити корӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоявии мамлакат аҳамияти махсус дорад.
Баробари ин як қатор мушкилоти доимӣ мавҷуданд, ки ба ҳифзи самарабахши ҳуқуқ ва манфиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ, пеш аз ҳама сармоягузорони хориҷӣ, минбаъд беҳтар шудани муҳити корӣ ва баланд гардидани ҷолибияти сармоявии Ӯзбекистон монеа мешаванд. Аз ҷумла:
якум, пойгоҳи меъёриву ҳуқуқие, ки амали фаъолияти арбитражҳои байналхалқиро дар ҳудуди Ӯзбекистон ба танзим меоварад, вуҷуд надорад, ки боиси афзудани хароҷоти сармоягузорони хориҷӣ ва субъектҳои соҳибкорони ватанӣ мегардад, ки маҷбуранд барои ҳаллу фасли талошҳо ба арбитражҳои байналхалқӣ, ки дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ қарор доранд, муроҷиат намоянд;
дуввум, қонунгузории мавҷуда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» имконияти ҷонибҳоро бино бар баррасии талошҳои вобаста ба сармояҳо, бо ҷалби ҳакамҳои хориҷӣ ва истифодаи ҳуқуқи хориҷӣ, тавре ки онро меъёрҳои соҳаи арбитражи байналхалқӣ пешбинӣ намудааст, маҳдуд мекунад;
саввум, механизмҳои дақиқи ҳуқуқии иҷрои қарорҳои байналхалқии арбитражӣ дар Ӯзбекистон ташаккул наёфтаанд, ки ба эътимоди сармоягузорони хориҷӣ ба низоми судиву ҳуқуқии мамлакат таъсири нохуб мерасонанд ва дар натиҷаи он ҷолибияти сармоявии мамлакатро коҳиш медиҳанд;
чаҳорум, фаъолият бобати тайёр кардан ва баланд бардоштани ихтисоси ҳакамҳои ватанӣ ва мутахассисони дигари соҳаи арбитражи байналхалқӣ ба роҳ монда нашудааст.
Бо мақсади ташаккул додани меъёрҳои байналхалқии замонавӣ ва асосии механизмҳои ҳаллу фасли талошҳои вобаста ба сармояҳо, аз тариқи арбитражи байналхалқӣ, мустаҳкам кардани кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии сармоягузорон, ҳамчунин барои  иҷрои вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайян шудаанд:
1. Ба пешниҳоди Палатаи савдову саноат ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсис додани Маркази байналхалқии арбитражии Тошканд дар назди Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Марказ) бо мақоми созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ризоият дода шавад. Инҳо вазифаҳои асосии он муайян карда шаванд:
а) аз тариқи арбитражи байналхалқӣ ҳаллу фасл кардани талошҳое, ки аз муносибатҳои шартномавӣ ва муносибатҳои дигари шаҳрвандиву ҳуқуқӣ ба миён омада, дар байни созмонҳои тиҷоратие, ки дар давлатҳои мухталиф қарор доранд, аз ҷумла сармоягузорони хориҷӣ, бо замми талошҳое, ки ба сармояҳо, моликияти зеҳнӣ ва технологияҳои блокчейн вобастаанд;
б) инкишоф ва такмил додани механизмҳои ҳаллу фасли талошҳо аз тариқи арбитражи байналхалқӣ ва воситаҳои дигари муқобили ҳаллу фасли талошҳо;
в) ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо арбитражҳои пешқадами хориҷӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи ҳаллу фасли талошҳо аз тариқи арбитражи байналхалқӣ, ҳамчунин ҷалби ҳакамҳои хориҷӣ ба ҳаллу фасли талошҳо дар Марказ;
г) иштирок дар татбиқ намудани чорабиниҳо бобати тайёр кардан ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони соҳаи арбитражи байналхалқӣ ва танзими ғайрисудии талошҳо, аз ҷумла талошҳои вобаста ба сармояҳо, ҳамчунин ба роҳ мондани тадқиқот дар самти мазкур;
д) хидматрасонӣ бобати  маслиҳатдиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидории ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла сармоягузорони хориҷӣ, дар соҳаи пешгирии сар задани талошҳои вобаста ба сармоя, аз ҷумла яке аз ҷонибҳое, ки давлат ба шумор меравад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
ба Марказ баробари мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон метавонанд ҳакамҳои баландихтисос – шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ низ ҳамчун ҳакам ҷалб карда шаванд;
бино бар ризоияти ҷонибҳо ҳангоми ҳаллу фасл кардани талошҳо аз ҷониби ҳакамони Марказ метавонад ҳуқуқҳои дигар, аз ҷумла ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ истифода бурда шавад;
қарори ҳакамони Марказ дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи тартибе, ки қонунгузорӣ барои иҷрои қарорҳои судҳои ҳакамӣ, ҳамчунин муоҳидаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ намудааст, бояд иҷро шавад;
навиштаҷот ва парвандапуркунӣ дар Марказ ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ бурда мешаванд;
судҳо ба Марказ бобати татбиқ намудани тафтишоти арбитражӣ дар қисми гирифтан, ҷамъ овардани далел, қабул намудани чораҳо бино бар таъмин кардани иҷрои қарорҳои ҳакамони Марказ дар ҳудуди ваколатҳои худ ва дар тартибе, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, кӯмак мерасонанд;
ҳакамони Марказ – ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз пардохти андоз барои даромади шахсони ҷисмонӣ дар қисми маблағҳое, ки ба сифати ҳаққи хизмат барои иҷрои вазифаҳои ҳакамӣ гирифтаанд, озод карда мешаванд;
барои ҷалби шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ба сифати ҳакамони Марказ ва коршиносон, ки барои ҳаллу фасли талошҳо аз тариқи арбитражи байналхалқӣ ҷалб карда мешаванд, рухсатномагирӣ барои ҳуқуқи фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон талаб карда намешавад;
қабули аризаҳо дар бораи баррасии талошҳо аз тариқи арбитражи байналхалқӣ, ҳамчунин баргузоркунии суҳбат ва ҳаракатҳои дигари просессуалӣ метавонад дар режими онлайн бо истифодаи технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ бидуни иштироки ҳакамон ва ҷонибҳо амалӣ гардад;
ба намояндагони ҷонибҳое, ки дар ҳаллу фасли талошҳо аз тариқи арбитражи байналхалқӣ дар Марказ иштирок мекунанд, ҳангоми муҳокимаи қарорҳои арбитражӣ дар судҳои бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин ҳангоми мувофиқи тартиби муқарраршуда баррасӣ кардани ягон хел масъала бино бар дар Марказ дида баромадани талошҳои арбитражӣ мавҷуд будани рухсатнома барои ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ тақозо карда намешавад;
Марказ ҳақ дорад танзими талошҳоро аз тариқи баргузор кардани тартиботи медиатсия ва воситаҳои дигари муқобили танзими талошҳо дар тартибе, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, амалӣ намояд;
маблағи шахсони ҳуқуқӣ, ки барои пардохти хароҷоти арбитражӣ, ки ба баррасии талошҳо дар Марказ алоқаманданд, равона мешаванд, аз пардохти андоз барои арзиши иловагӣ озод карда мешаванд;
Марказ метавонад бланк ва муҳри доиравии дорои номи худ ва дар бонкҳои тиҷоратӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ ҳисобсурати бонкӣ дошта бошад.
3. Ба маълумот гирифта шавад, ки намояндагиҳои САҲА ва БР СММ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷонибдории худро бобати дастгирӣ кардан ва кӯмак расонидан дар ташкили фаъолияти Марказ изҳор карданд.
4. Муайян карда шавад, ки:
дар назди Марказ аз ҷумлаи мутахассисони номдори байналхалқии ватанӣ дар соҳаи арбитраж, ҳамчунин ҳакамоне, ки аз ҷониби марказҳои арбитражи ҷаҳон эътироф шудаанд, ба мақсади кӯмакрасонӣ дар ҷорӣ кардани меъёрҳои байналхалқӣ дар фаъолияти Марказ Шӯрои мушоҳидон таъсис дода мешавад;
Марказ аз ҷониби роҳбаре, ки ӯро раиси Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷумлаи онҳое, ки чун қоида ба сифати ҳакам дар арбитражҳои байналхалқии машҳури хориҷӣ таҷрибаи корӣ доранд, таъин кардааст, идора карда мешавад.
5. Ба Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар  тартиби муқарраршуда:
дар зарфи ду ҳафта ташаккул додани ҳайати Шӯрои мушоҳидони Марказ;
дар муҳлати як моҳ коркард ва тасдиқ намудани Дастури Марказ, сохторҳои он ва рӯйхати ҳакамонеро, ки аксаран аз ҷумлаи ҳакамони дар арбитражҳои байналхалқии машҳури хориҷӣ таҷрибаи корӣ андӯхтаанд ва аз ҷониби Шӯрои мушоҳидони Марказ маъқул дониста шудаанд, иборатанд;
дар зарфи як моҳ бо ҷалби коршиносони пешқадами байналхалқӣ  лоиҳаи қонун «Дар бораи арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ»-ро мувофиқи талаботи қарори мазкур ва қонуни намунавии ЮНСИТРАЛ «Дар бораи арбитражи байналхалқии савдо»-ро кор карда барояд ва пешниҳод кардани онро ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмин кунад.
6. Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки мувофиқи аризаҳои Марказ қайди визаҳои сафарии ҳакамони Марказ, аъзои Шӯрои мушоҳидон, коршиносон, намояндагони ҷонибҳо, мутахассисони дигари хориҷиеро, ки барои татбиқ намудани вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда ҷалб гардидаанд, бидуни ситондани боҷҳои консулӣ ва ғайра таъмин кунад.
7. Ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки мувофиқи аризаҳои Марказ бинобар тартиби муқарраршуда тамдид кардани визаҳо, ҳамчунин додан ва дароз кардани қайди муваққатиро бобати ҷойи буду боши муваққатии ҳакамони Марказ, аъзои Шӯрои мушоҳидон, экспертҳо, намояндагони ҷонибҳо, мутахассисони дигари хориҷӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки барои татбиқ намудани вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда ҷалб гардидаанд, бидуни ситондани боҷҳои давлатӣ таъмин намояд.
8. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ супурда шавад, ки ба Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон беподош додани бинои дар нишонии: шаҳри Тошканд, кӯчаи Ислом Каримов, хонаи 11 ҷойгиршударо, барои дар он ҷо ҷойгузин кардани Марказ таъмин кунад.
9. Ба Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда Марказро бо воситаҳои зарурии алоқа таъмин кунад ва ба шабакаи баландсуръати интернет дар пояи имтиёз пайванд намояд.
10. Ба Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки бобаи муҷаҳҳаз сохтани Марказ бо мебел, таҷҳизот, компутер ва дигар техникаи зарурии идоравӣ, ҳамчунин муҷаҳҳазсозии бино барои баргузор кардани ҷамъомадҳои арбитражӣ, аз ҷумла дар режими онлайн кӯмак расонад.
11. Палатаи савдову саноат ва Марказ ба муҳлати то 1 октябри соли 2021 аз додани пардохтҳои гумрук (ғайр аз боҷҳо барои қайди гумрук) барои техникаи компутерӣ, маҳсулоти барномавӣ, адабиётҳои илмӣ ва илмиву услубӣ, таҷҳизот ва захираҳои моддиву техникӣ, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол намешаванд ва барои муҷаҳҳаз кардани Марказ бо таҷҳизот бино бар рӯйхате, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда тартиб дода шудааст, оварда мешаванд, озод карда шаванд.
12. Ба Палатаи савдову саноат супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, аз ҷумла тартиботи муқарраршудаи шикоят ва иҷрои қарорҳои арбитражҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклиф пешниҳод кунад.
13. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов ва муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.М.Мавлонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
5 ноябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: