ДАР БОРАИ ТАЪСИС ДОДАНИ НИШОНИ ХОТИРАВИИ «ӮЗБЕКИСТОН КОНСТИТУЦИЯСИНИНГ 30 ЙИЛЛИГИ»

Конститутсияси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун зуҳуроти равшани шуури сиёсиву ҳуқуқии халқамон барои бунёди давлати демократӣ ва ҷамъияти пурзӯри шаҳрвандӣ, таъмини ҳаёти озоду ободи аҳолӣ, баланд бардоштани нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин татбиқи бомуваффақияти ислоҳот дар тамоми соҳаҳо таҳкурсии мустаҳкам шуда хидмат мекунад.

Дар марҳалаи нави рушди кишвар мувофиқи талаботи имрӯза ва муҳимтар аз ҳама, дар асоси ирода ва андешаи шаҳрвандони мо, инчунин, тамоюли «Инсон – ҷомеа – давлат», ки мақсади асосии ислоҳоти дар кишвар татбиқшаванда ба ҳисоб меравад, то ки Қонуни асосии мо, кафолати боэътимоди ҳаёти осоишта ва фаровони халқ,  Конститутсияи воқеан мардумӣ гардад, пайваста корҳо амалӣ гардонда мешаванд.  
Ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин бо мақсади сарфароз гардонидани ҳамватаноне, ки дар таҳкими истиқлолияти кишварамон, афзун намудани неруи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ,  маънавӣ, иқтидори мудофиавии  он саҳми арзанда мегузоранд:
1.Нишони хотиравии «Ӯзбекистон Конституциясининг 30 йиллиги» таъсис дода шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
бо нишони хотиравии «Ӯзбекистон Конституциясининг 30 йиллиги»  намояндагони тамоми соҳаҳо, собиқадорони меҳнат, хидматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин шахсони дигаре, ки дар таҳкими истиқлолияти кишварамон, афзун намудани иқтидори иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмию маънавӣ, неруи мудофиавӣ, таъмини дахлнопазирии сарҳадҳои давлати мо, ҳифзи сулҳу субот, дӯстӣ ва ваҳдати байни миллатҳо, амиқ гардондани ислоҳоти демократӣ дар Ӯзбекистони Нав, бунёди ҷомеаи одилонаи шаҳрвандӣ, ки дар он ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи инсон арзиши олӣ ба ҳисоб меравад, ба таври васеъ тарғиб намудани нақш ва аҳамияти Қонуни асосӣ дар хаёти мо, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳи эҳтиром ба қонун, муҳаббат ва садоқат ба Ватан саҳми арзанда гузоштаанд, сарфароз гардонда мешаванд.
бо нишони хотиравии «Ӯзбекистон Конституциясининг 30 йиллиги»  шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон намебошанд, метавонанд мукофотонида шаванд. 
3. Низом ва тавсифи нишони хотиравии «Ӯзбекистон Конституциясининг 30 йиллиги» мутобиқи замимаҳои №№ 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.
4. Девони Вазирон (А. Арипов) дар муҳлати як моҳ:
ба тариқи муқарраргардида тайёр кардани нишонҳои хотиравии «Ӯзбекистон Конституциясининг 30 йиллиги» ва гувоҳномаҳо ба онҳоро таъмин намояд; 
корро оид ба  ҷамъ кардан ва умумигардонии пешниҳодҳо оид ба номзадҳо ба мукофотонидан бо нишони хотиравии «Ӯзбекистон Конституциясининг 30 йиллиги» ташкил намояд;
5. Роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар мақомоти ҷумҳуриявӣ, раиси Шӯрои Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар маҳалҳо супурдани нишонҳои хотиравии «Ӯзбекистон Конституциясининг 30 йиллиги»-ро дар вазъияти ботантана дар чорабиниҳо бахшида ба рӯзи қабули Конститутсия ташкил намоянд.
6. Мукаррар карда шавад, ки хароҷоти тайёр кардани нишонҳои хотирваии  «Ӯзбекистон Конституциясининг 30 йиллиги» ва гувоҳномаҳо ба онҳо  аз ҳисоби маблағи фонди захиравии Девони Вазирон пӯшонда мешаванд.
Вазорати молия (Т. Ишметов) аз фонди захиравии Девони Вазирон ҷудо кардани маблағи заруриро барои хароҷоти вобаста ба чорабиниҳои дар ҳамин пункт пешбинишуда таъмин намояд.
7. Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ якҷо бо Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон корро оиди дар воситаҳои ахбори оммавӣ, шабакаҳои Интернет ва иҷтимоӣ васеъ равшан намудани чорабиниҳо бахшида ба сарфароз гардондан бо нишони хотиравии «Ӯзбекистон Конституциясининг 30 йиллиги» ташкил намоянд.
8. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.У. Умурзоқов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии
 Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ 
Шаҳри ТОШКАНД,
8 ноябри соли 2022.

 

Замимаи  №1
ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
аз 8 ноябри соли  2022 № ФП-243
НИЗОМИ 

нишони хотиравии «Ӯзбекистон Конститутсиясининг 30 йиллиги»
1. Бо нишони хотаривии «Ӯзбекистон Конститутсиясининг 30 йиллиги» намояндагони тамоми соҳаҳо, собиқадорони меҳнат, хидматчиёни ҳарбӣ ва ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин шахсони дигаре, ки ба мустаҳкамсозии истиқлолияти мамлакатамон, баланд бардоштани зарфияти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, маънавӣ, иқтидори мудофиавӣ, таъмини дахлнопазирии сарҳадоти давлатӣ, ҳифзи сулҳ ва субот, дӯстӣ ва мусолиҳаи байни миллатҳо, амиқсозии ислоҳотӣ демократӣ дар Ӯзбекистони Нав, сохтмони ҷамъияти адолатноки шаҳрвандӣ, ки дар он ҳуқуқ, озодӣ, шараф ва қадри инсон арзиши олӣ ба шумор меравад, тарғиби васеъи нақш ва аҳамияти Қонуни Асосӣ дар ҳаётамон, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳи эҳтиром ба қонун, муҳаббат ва садоқат ба Ватан саҳми муносиб гузоштаанд, тақдир карда мешаванд. 
2. Бо нишони хотиравии «Ӯзбекистон Конститутсиясининг 30 йиллиги» шахсоне низ тақдир гардонда мешаванд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон намебошанд.
3. Нишони хотиравии «Ӯзбекистон Конститутсиясининг 30 йиллиги» дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда мешавад ва ё аз номи ӯ онро Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар мақомоти ҷумҳурӣ, раиси Ҷокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, дигар шахсоне, ки соҳиби чунин ваколатанд, месупоранд. 
Якҷоя бо нишони хотиравӣ ба тақдиршудагон гувоҳномаи он низ супурда мешавад. 
4. Нишони хотиравии «Ӯзбекистон Конститутсиясининг 30 йиллиги» дар тарафи чапи қафаси сина пас аз мукофотои давлатӣ овехта мешавад.


Иловаи №2 
ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
аз 8 ноябри соли 2022 №ФП-243 
ТАСВИРИ

нишони хотиравии «Ӯзбекистон Конститутсиясининг 30 йиллиги»
Нишони хотиравии «Ӯзбекистон Конститутсиясининг 30 йиллиги» аз гудохтаи мис, ки бо зарҳали тиллоии ғафсиаш 0,25 микрон оро дода шудааст, тайёр карда мешавад ва шакли доираи деаметраш 34 миллиметрро дорад. 
Ғафсии нишони хотиравӣ – 2,2 миллиметр, ҳошияҳояш аз ҷониби чап ва ақиби нишон ба таври барҷаста насб гаштааст.
Дар рӯйи нишони хотиравӣ, дар марказаш, дар партави манзараи миллӣ тарозу,  ки рамзи адолат ва қонунмандӣ мебошад ва инчунин китоби кушода – Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасвир ёфтааст. Дар қисми дохилии китоб дар ду сатр навиштаҷоти: «№30» ва «YILLIGI» ҷой гирифта, баландии ҳарфҳо мувофиқан 8,6 ва 2,5 миллиметрро ташкил менамоянд.
Дар ақиби китоб дарвозаҳои нақшин, ки бо манзараҳои миллӣ ороиш ёфта, тасвир ёфтааст, ки рамзи истиқлолияти давлатамон ва дахлнопазирии сарҳадамон мебошад. 
Атрофи нишони хотиравӣ ороиши миллӣ дошта, дар қисми болоии он навиштаҷоти «O ZBEKISTON», дар қисми поёнӣ —«KONSTITUTSIYASINING» ҷой гирифтааст. Навиштаҷот ва тасвирҳо тиллоӣ мебошанд. Баландии ҳарфҳо 1,8 миллиметранд.  
Дар ақиби нишони хотиравӣ Герби давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасвир ёфтааст. 
Нишони хотиравӣ бо гушак ва ҳалқа бо ёрии колодкаи баробаркунҷ, ки бо лентаи шоҳии ранги Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оро ёфтааст, пайваст мегардад. Баландии колодка – 16 миллиметр, бараш – 25 миллиметр.
Дар ақиби колодка василае дар намуди сӯзанак барои часпондани нишони хотиравӣ ба либос вуҷуд дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: