ДАР БОРАИ ТАЪСИС ДОДАНИ ОРДЕНИ “ОЛИЙ ДАРАЖАЛИ ДӮСТЛИК”

Аз ҷониби Палатаи қонунгузорӣ 30 сентябри соли 2019 қабул шудааст

Аз ҷониби Палатаи қонунгузорӣ 30 сентябри соли 2019 қабул шудааст

Аз ҷониби Сенат 11 октябри соли 2019 тасдиқ шудааст

Моддаи 1. Ордени «Олий Даражали Дӯстлик» таъсис дода  шавад.
Моддаи 2. Низом дар бораи ордени «Олий Даражали Дӯстлик» тасдиқ карда шавад (илова мегардад).
Моддаи 3. Тавсифи ордени «Олий Даражали Дӯстлик» тасдиқ карда шавад (илова мегардад).
Моддаи 4. Ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 декабри соли 1995 № 176 - I «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ” (дар таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 апрели соли 2018 № ҚҶӮ-473) (Ахборотномаи палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 2018, № 4, моддаи 221; 2019, № 9, моддаи 589) илова ва тағйироти зерин  ворид карда шавад:
1) моддаи 8 бо қисми дуюми мазмуни зайл мукаммал карда шавад:
«Ордени «Олий Даражали Дӯстлик» инчунин ба таркиби орденҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мегардад»;
2) моддаи 15 бо қисми ҳаштуми мазмуни зайл мукаммал карда шавад:
«Ордени «Олий Даражали Дӯстлик» дар тарафи рости сина ё ки занҷири орден овехта мешавад».
қисмҳои ҳаштум — чордаҳум мутаносибан қисмҳои нӯҳум — понздаҳум ҳисоб карда шаванд;
қисми дувоздаҳ дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Қоидаҳои овехтани лентаҳо дар тахтаҳо нисбат ба нишонҳои олӣ — медали «Олтин Юлдуз», орденҳои «Мустақиллик», «Амир Темур», «Жалолиддин Мангуберди», «Олий Даражали Дӯстлик», инчунин нишони сарисинагии унвонҳои ифтихории Ҷумҳурии Ӯзбекистон» татбиқ намегарданд.
Моддаи 5. Қонуни мазкур аз рӯзи  интишори расмии он эътибор пайдо мекунад.

Президенти  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
11 марти соли 2020

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: