ДАР БОРАИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН

Ба муносибати дар мамлакат гузаронда шудани ҷашни умумихалқии 9-уми май — Рӯзи Хотира ва Қадр, абадӣ гардонидани хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, гиромӣ доштани собиқадороне, ки имрӯзҳо дар сафҳои мо буда, дар баланд бардоштани нуфузи Ватан ва тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон саҳм мегузоранд, инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии моддии иштирокчиён ва ногироҳои ҷанг ба муносибати таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба бар фашизм:

1. Барои иштирокчиён ва ногироҳои  Ҷанги дуюми ҷаҳон мукофоти якдафъаинаи пулӣ ба андозаи 12 000 000 (дувоздаҳ миллион) сӯм муқаррар карда шавад.
2. Хароҷоти марбут ба иҷрои Фармони мазкур аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ гардонда шавад.
3. Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Хидмати амнияти давлатӣ, Вазорати молия, Вазорати дастгирии маҳалла ва оила пардохти мукофоти мазкури пулиро ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон дар вазъияти тантанавӣ таъмин кунанд.
4. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати фарҳанг, Вазорати дастгирии маҳалла ва оила, Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бо риоя намудан ба қои-даҳои карантин бахшида ба муҳофизони озодӣ ва шаъну шарафи Ватанамон мулоқотҳои махсус ва шабҳои  фарҳангию маърифатӣ баргузор кунанд.
5. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
20 апрели соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: