ДАР БОРАИ ЗИЁД КАРДАНИ МИҚДОРИ МУЗДИ МЕҲНАТ, НАФАҚА, СТИПЕНДИЯ ВА КӮМАКПУЛИҲО

Ба мақсади минбаъд бемайлон баланд бардоштани даромад ва сатҳи ҳаёти аҳолӣ, пурзӯр гардондани дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони ҷумҳурият:

1. Аз 15 июли соли 2018 миқдори музди меҳнати кормандони муассиса ва ташкилотҳои буҷавӣ, нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳо ба ҳисоби миёна 1,07 баробар зиёд карда шавад.
2. Аз 15 июли соли 2018 дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон миқдори камтарини:
музди меҳнат моҳе – 184 300 сӯм;
нафақа бино бар синну сол моҳе – 360 460 сӯм;
кӯмакпулиҳо ба ногироҳои модарзод моҳе дар ҳаҷми – 360 460 сӯм;
кӯмакпулиҳо ба пирон ва шаҳрвандони ғайри қобили меҳнат, ки собиқаи ногузири корӣ надоранд, моҳе ба миқдори 221 190 сӯм муқаррар карда шавад.
3. Муайян карда шавад, ки тамоми хелҳои иловапулӣ ва пардохтҳо ба музди меҳнат ва нафақаҳо, ҷубронпулӣ ва пардохтҳои дигар, ки нисбати музди камтарини меҳнат муқаррар шудаанд, аз 15 июли соли 2018-ум бино бар миқдори камтарини музди меҳнати дар Фармони мазкур муайяншуда амалӣ мегарданд.
4. Вазорати молия якҷоя бо Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва  вазорату идораҳои манфиатдори дигар, Кенгаши Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ташкилот ва муассисаҳое, ки аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маблағ таъмин карда мешаванд, ҳисобу китоби саривақтии миқдори нафақа, стипендия ва маоши вазифавии кормандони муассиса ва ташкилотҳои буҷавиро бо назардошти қоидаҳои Фармони мазкур таъмин намоянд.
5. Хароҷоти вобаста ба зиёд кардани миқдори музди меҳнати кормандони муассиса ва ташкилотҳои буҷавӣ, нафақа, кӯмакпулӣ ва стипендияҳо аз ҳисоби Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бунёди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал бароварда шавад. 
Ба корхона ва ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ супурда шавад, ки аз 15 июли соли 2018 зиёд кардани миқдори музди меҳнатро мувофиқи музди камтарини меҳнат, ки Фармони мазкур муқаррар намудааст, аз ҳисоби боло бардоштани самаранокии истеҳсолот ва коҳиши харҷҳои меҳнатӣ татбиқ намоянд.
6. Аз 15 июли соли 2018 Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 20 ноябри соли 2017-ум №ФП-5245 «Дар бораи зиёд кардани миқдори музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳо», ғайр аз  банди  6-ум беэътибор дониста шавад.
7. Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклифот пешниҳод кунад.
8. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва муовини Сарвазир – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Қӯчқоров гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
2 июли соли 2018.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: