ДАР БОРАИИ САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БА БЕЛАРУС

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко 31 июл-1 августи соли 2019 бо сафари расмӣ ба ин кишвар меравад.

Дар идомаи мулоқоти ӯзбекистониву беларусӣ дар сатҳи олӣ, ки дар шаҳри Минск баргузор мегардад, баррасии аҳвол ва пешомади ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, маданиву инсонпарварӣ ва ғайра, ҳамчунин масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналхалқӣ пешбинӣ шудаанд. 
Президентҳо аз Намоишгоҳи миллии саноатии Ӯзбекистон ва Хиёбони технологияҳои олии Беларус боздид ба амал меоваранд. 
Бинобар натиҷаи гуфтушунидҳо ба имзо расидани изҳороти муштараки сарони давлатҳо ва  қабул шудани маҷмӯи зиёди ҳуҷҷатҳо, ки асоси мустаҳками вусъат пайдо кардан ва таҳкими шарикии бисёрҷанбаи ӯзбекистониву беларусӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои сармоя, кооператсияи истеҳсолӣ ва илмию техникӣ, ба роҳ мондани робитаҳои бевоситаи байни минтақаҳо хоҳанд шуд, пешбинӣ мегарданд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: