Нашри “Dnevni Avaz” хабар медиҳад, ки чархболи неруҳои мусаллаҳи Босния ва Ҳерсеговина ба кӯл афтида, як узви экипаж ҷароҳат бардоштааст.
Як чархболи неруҳои мусаллаҳи Босния ва Ҳерсеговина ҳангоми омодагӣ ба машқҳои солонаи муштараки фардо бо миссияи сулҳпарварии EUFOR ба кӯл суқут кард, хабар медиҳад ria.ru.
Нашрия аз қавли Людевит Марич, сухангӯи пулиси маҳаллӣ гуфтааст, "ҳама чаҳор узви экипаж наҷот дода шуданд, ки яке аз онҳо захмӣ шуда, тибқи гузоришҳои пешакӣ, ба наздиктарин бемористон фиристода шуд."