Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие бо лавҳаи сӯхтор дар яке аз навоҳии пойтахт паҳн шуд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодда хабар дод, ки сӯхтор 8 июн соати 12:50 дар як фурӯшгоҳ ва дорухонаи кӯчаи А.Темури ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд, дуртар аз бозори деҳқон рух додааст.
Сабаби сар задани сӯхтор то ҳол маълум нест. Дар наворҳои ҳодиса дида мешавад, ки дуди ғализи сиёҳ аз бозор боло меравад.
Соати 12:58 ба ҷои ҳодиса панҷ гурӯҳи оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ расиданд. Соат 13:04 сӯхтор рафъ карда ва соати 13:09 хомӯш карда шуд.
Бино ба маълумоти пешакӣ, дар мағоза ва дорухона ҳудуди 80 метри мураббаъ осеб дидааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надидааст.