Мусаввада дар доираи лоиҳаи муштараки хонаи табъу нашри «Brooklands New Media» ва сафоратхонаи Ӯзбекистон тайёр гардид.
Дар ин мусаввадаи хотиравӣ, ки аз 143 саҳифа иборат аст, дигаргуниҳои васеъмиқёсе, ки аз ҷониби роҳбари Ӯзбекистон ба роҳ монда шуда, тайи солҳои 2017-2021 татбиқ гардидаанд, ҷой доранд. Ғайр аз ин, маълумоти комёбиҳо ва нақшаҳо бобати ислоҳоти минбаъдаи мамлакат ва ҷамъият пешниҳод шудаанд.
Махсус қайд мегардад, ки идома додани роҳи ислоҳоти ҳамаҷонибаи дар Стратегияи амалиёт барои солҳои 2017-2021 инъикосёфта, дар Стратегияи навини рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 низ таъкид гардидаанд. Қайд карда мешавад, ки ҳуҷҷат пас аз ғалабаи назарраси Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии соли 2021, ки зуҳури муваффақияти сиёсати ислоҳсозии роҳбари Ӯзбекистон ва эътимоди аҳолии мамлакат ба ояндаи худ таҳти роҳбарии ӯ гардид, қабул шуд.
Китоб аз 13 боб иборат буда, ба комёбиҳои амалии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Президент дар соҳаҳои асосӣ, аз ҷумла трансформатсияи иқтисодӣ, савдо ва сармояҳо, ислоҳоти идораи давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, рушди секторҳои энергетикӣ, кишоварзӣ, инфрасохтор, нигаҳдории тандурустӣ ва ҷанбаи иҷтимоӣ, таъмин сохтани ҳуқуқи меҳнаткашон, ҷомеаи рӯшод ва рушди устувор, таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва амният бахшида шудааст.
Теъдоди мусаввада 10 ҳазор нусха буда, он, пеш аз ҳама, дар байни шарикони хонаи табъу нашр аз ҷумлаи соҳибкорони бузурги байналмилалӣ ва ширкатҳои молиявӣ (American Airlines, American Express, BAE Systems, BMW, British Petroleum, British Airways, Chevron, China Construction Bank, Deutsche Bank, DHL, General Motors, Goldman Sachs, HSBC, Huawei, IBM, JP Morgan, KPMG, Samsung ва ғайра) тақсим карда мешавад.
«Brooklands New Media» – нашриёти махсус буда, 25 сол боз нашрияҳои баландсифатро дар бораи арбобони давлатӣ, ширкатҳои трансмиллӣ ва брендҳои ҷаҳонӣ ба табъ мерасонад. Нашрия аз ҷумла мусаввадаҳоро бахшида ба фаъолият ва саҳми маликаи Британиёи Кабир Елизаветаи II, роҳбари серкови католикӣ Папаи Рим Франсиско, собиқ Президенти ИМА Доналд Трамп ва ғайраро чоп кардааст.
АИ «Дунё»,
шаҳри ЛОНДОН.