...ДАР БУХОРО...

Дар Бухоро Мактаби президентӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Дар Бухоро Мактаби президентӣ ба фаъолият оғоз намуд. Сохтмони ин таълимгоҳ моҳи марти соли 2019 сар шуда, дар ду гектар майдон мувофиқи лоиҳаи замонавӣ бинои дуошёнаи таълимӣ барои 168 ҷой, хобгоҳи сеошёна, меҳмонхонаи дорои ҳама гуна қулаиҳо, толорҳои варзишу гимнастика, ҳавзи шиноварӣ, ошхона ва манзилҳои дарстайёркунӣ бунёд гардид. Барои ин 60 миллиарду 888 миллион сӯм маблағ (47 миллиарду 503 миллион сӯм аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва 13 миллиарду 385 миллион сӯм аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ) харҷ гардид. Бо орзӯи шогирди мактаби президентӣ шудан бештар аз 6 ҳазор нафар талаба ҳуҷҷат супорида, баъди марҳилаҳои санҷишӣ 144 нафари онҳо интихоб шуданд. Шогирдон дар таълимгоҳ дар асоси методологияи пешқадами таълимӣ фанҳои математика, физика, кимиё, биология, технологияҳои ахбор ва забонҳои хориҷиро чуқур меомӯзанд. Ҷараёни таълим дар асоси нақшаю барномаҳои таълимии таҷрибаи давлатҳои тараққикарда ба забони англисӣ сурат мегирад. Бо ин мақсад 32 нафар омӯзгорони пешқадами хориҷию маҳаллӣ баъди санҷишҳои марҳиладор ба кор қабул гардиданд. Аз ҷумла 7 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба аз Англия, Зеландияи Нав, Кения ва Филиппин омадаанд.
Дар маросими тантанавии кушодашавии Мактаби президентӣ намояндагони  ташкилоти давлатию ҷамоатӣ, омӯзгорону талабагони ин мактаб, собиқадорони меҳнат, падару модарон, вакилони ВАО иштирок карданд. Ба тадбир ҳокими вилоят Б. Зарипов ибтидо гузошт. Вай солҳои охир боло рафтани ғамхориҳои сарвари давлатро бобати дастгирӣ ва рушдёбии салоҳияти интеллектуалӣ ва эҷодии ҷавонон алоҳида таъкид кард. Дар чорабинӣ инчунин, директори Агентии рушд додани мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва ихтисосонидашудаи назди Девони Вазирон Ҳ. Умарова, Қаҳрамони Ӯзбекистон М. Аҳмедов ва аз номи падару модарон У. Нарзиев ба сухан баромада, дар бораи дастрасшавии имкониятҳои мислаш диданашуда ба фарзандон, самараи ин чорабиниҳо ва ояндаи дурахшони мамлакат ҳарф заданд.
Ниҳоят, навори рамзӣ бурида шуда ҳозирон бо мақсади дидани имкониятҳои фароҳамовардашуда вориди таълимгоҳ шуданд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.
Суратгир: 
Т. ИСТАДОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: