ДАР БУХОРО АЗ ОҲАКСАНГ КОҒАЗ ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАНД

Корхонаи муштарак дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Qizilqum class invest», ки фаъолияти худро дар минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Когони вилояти Бухоро оғоз менамояд, дар мамлакати мо ягона корхонаест, ки ба истеҳсоли коғаз аз оҳаксанг тахассус дорад.

Он дар асоси ашёи хоме, ки аз кони на он қадар дур ҷойгиршуда ба даст меояд, кор мекунад. 
Бинобар суханони роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуд Неъмат Мансуров намунаҳои оҳаксанги Бухоро дар лабораторияҳои дахлдори Ҷопон ва Италиё омӯхта шудаанд. Натиҷаҳои онҳо хеле хуб мебошанд. Сифати таркиби маҳсулот ва як қатор хусусиятҳои он баҳои баланд гирифтаанд.
Бинобар ҳисобу китобҳои пешакӣ дар ҷараёни коркарди як тонна оҳаксанг ва ба он илова кардани омехтаҳои полимерӣ метавон 800 килограмм  коғаз гирифт. Аз он баъдтар мумкин аст коғазро барои рӯзнома, обоиҳо, ҳамчунин зарфҳои истифодаашон якдафъаина истеҳсол кард. 
Лоиҳа аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид мебошад. Аз ҷумла, он имкон медиҳад, асъори хориҷӣ, ки барои хариди коғаз ба миқдори зиёд харҷ мегардад, сарфа карда шавад.
Иқтидори корхона ба ҳисоби миёна моҳе беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот мебошад. Арзиши лоиҳавиву сметавии он 136 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Маблағи он аз ҳисоби ҷалби сармояҳои бевоситаи муҷовири малайзиягӣ сарпур мегардад.
Бояд гуфт, ки дар вилояти Бухоро бобати рушди тиҷорати хурд ва дастгирӣ намудани соҳибкорӣ таҷрибаи муайяне ғун шудааст. Дар ҳокимияти вилоят чоршанбеи ҳар ҳафта «Рӯзи сармоягузорон»  баргузор мегардад. Дар онҳо муаррифии лоиҳаҳои соҳибкорони маҳаллӣ ва хориҷӣ гузаронида мешаванд, ки татбиқашон барои солҳои 2019-2021 пешбинӣ шудаанд. Лоиҳаи дар боло зикршуда оид ба истеҳсоли коғаз аз оҳаксанг низ дар чорабинии навбатӣ бо иштироки ҳокими вилоят Ӯ. Барноев, муовинони ӯ, мутахассисони соҳаи дахлдор, намояндагони бонкҳои ваколатдор баррасӣ шуд. 
Дар муаррифӣ нақша ва таклифҳои роҳбарияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди ташаббускор, ҳокимияти шаҳри Когон омӯхта шуданд. Ба мушкилот низ эътибор дода шуд. Роҳбари вилоят таъкид сохт, ки лоиҳа амиқ омӯхта ва албатта дастгирӣ карда мешавад. 
Дар чорабинӣ ҳамчунин лоиҳаҳо бо иштироки сармоягузорони Туркия оид ба сохтмони корхона дар ноҳияи Қароқӯл бинобар истеҳсол ва рангдиҳии ришта ва калобаҳо аз нахи акрилӣ ва истеҳсоли маснуоти бофандагӣ, бо иштироки сармоягузорони афғонистонӣ бинобар созмон додани корхонаи муштараки «ATU Buxara» дар ноҳияи Ҷондор, ки ба истеҳсоли кабелҳои электрӣ, дискҳои филизӣ барои автомобилҳо ва дегҳои пӯлодии ҳаҷмашон гуногун тахассус дорад, муҳокима шуданд.
Дар тадбир масъалаҳои тезондани татбиқсозии лоиҳаҳо ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд. 
Дар «Рӯзи сармоягузорон» 16 лоиҳаи пешомаднок, ки арзиши умумии онҳо тақрибан 300 миллиард сӯмро ташкил медиҳад, баррасӣ гардиданд. Аксарияти онҳо барои ду сол пешбинӣ шудаанд. Он чиз боиси эътибор мебошад, ки аз ҳисоби дар солҳои наздиктарин татбиқ сохтани нақшаҳои тиҷоратӣ беш аз 700 ҷойҳои корӣ фароҳам меоянд.

Эркин ЁДГОРОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: