ДАР БУХОРО ДАРАВИ ГАНДУМ САР ШУД

Имсол дар вилоят 2 ҳазору 932 хоҷагии фермерӣ дар 60 ҳазору 600 гектар майдон гандуми навъҳои «Старшина», «Алексеевич», «Гром», «Первитса», «Антонина», «Краснодар-99», «Аср», «Васса», «Еланчик» корида онҳоро табъи дил парвариш карданд.

Ниҳоят мавсими дарав фаро расид. Ба ин муносибат мутасаддиёни соҳа бо сарварии ҳокими вилоят Ботир Зарифов дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Кластери ғаллаю тухмипарварии Яккатут»-и ноҳияи Ҷондор ҷамъ омада, семинар гузарониданд. Аз суханони ҳокими вилоят маълум гардид, ки имсол дар вилоят мавсими дарав нисбат ба соли гузашта даҳ рӯз барвақттар оғоз ёфта, назар ба ҳарсола ҳосил фаровонтар шудааст. Дар тадбир инчунин ҷонишини ҳокими вилоят оиди масъалаҳои хоҷагии қишлоқ ва об Амрулло Назаров, прокурори вилоят Маҳмуд Истамов, сардори Садорати корҳои дохилии вилоят Шӯҳрат Алиев дар бораи чораю тадбирҳои намунавӣ гузаронидани мавсими ғалладаравӣ ба сухан баромаданд. Аз ҷумла, таъкид ёфт, ки барои дар понздаҳ шабонарӯз ҷамъ овардани 364 ҳазор тонна ғаллаи истеҳсолгардида 200-то комбайнҳо ба кор даромаданд ва дар ин ҷараён қариб 2 ҳазорто техникаи гуногун мадад мерасонад. Хоҷагиҳои фермерие, ки нисбат ба нақшаи шартномавӣ бештар маҳсулот месупоранд, аз ҷиҳати моддӣ бештар манфиат мебинанд.
Ба мутасаддиёни соҳа супориш дода шуд, ки дар майдонҳои аз ғаллаю коҳ холишуда нами хок напарида кишти такрорӣ гузаронанд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: