Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон қарор қабул намуд, ки дар Бухоро дар ҳар ду сол моҳи май аз соли 2022 сар карда, Фестивали ҷумҳуриявии иҷрокунандагони ҷавони "Шашмақом" гузаронда мешавад.
Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон қарор қабул намуд, ки дар Бухоро дар ҳар ду сол моҳи май аз соли 2022 сар карда, Фестивали ҷумҳуриявии иҷрокунандагони ҷавони "Шашмақом" гузаронда мешавад.
Мақсади фестивали мазкур чӣ хеле ки аз ҳуҷҷат бармеояд, аз ба сатҳи баланд бардоштани иҷрогарии мусиқии ӯзбек, ба арсаи ҷаҳонӣ баровардани санъати миллии мақом, муайян намудан, рағбатнок сохтан ва тарғиб кардани ҷавонони соҳибистеъдод, инчунин баланд бардоштани шавқу завқ ба санъати мақом байни ҷавонон иборат аст.
Қобили зикр аст, ки феҳристи корҳое, ки дар ҷашнвора иҷро мешаванд, аз ҷониби созмондиҳандагон тасдиқ ва се моҳ пеш аз ҷашнвора дар ВАО нашр мешаванд.
Дар ҷашнвора иҷрогарони яккахон ва ҷамоаҳои эҷодӣ ширкат хоҳанд кард, ки синну соли ширкаткунандагон то 30-сола аст. Баҳодиҳии баромадҳои иштирокчиён ва мукофотонидани ғолибон дар фазои тантанавӣ сурат мегирад, хабар медиҳад УзА.
Ташкилкунандагон инчунин ҳуқуқ доранд, продюсерон ва менеҷерони бонуфузи ҷаҳонро ба чорабинӣ даъват кунанд.