ДАР БУХОРО МЕҲМОНХОНАИ «ЧОР СИТОРАДОР» КУШОДА ШУД

Дар вилояти Бухоро боз як меҳмонхона – «RAMADA ENCORE ВY WYNDHAM BUKHARA», ки тобеи шабакаи меҳмонхонаҳои байналмилалии «Wyndham Hotels & Resorts» мебошад, ба кор шурӯъ намуд.

Меҳмонхонаи мазкури «чор ситорадор» 212 утоқи дорои ҳама гуна шароити мусоид, 450 ҷой барои меҳмонон, илова бар ин дар ошёнаи боло «Sky Lounge», клуби солимгардонӣ, толори конфронс, маркази тиҷорат, инчунин толори лоббӣ дорад.
Дар маросими ифтитоҳи ботантана ҳокими вилоят Ботир Зарипов масъулони шабака ва ҷомеаи вилоятро бо меҳмонхонаи бошукӯҳ самимона табрик гуфт. Ӯ ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони он ҷонбозӣ нишон доданд, ба сармоягузорони хориҷӣ, муҳандис-конструкторон ва бинокорон миннатдорӣ изҳор кард.
Дар чорабинӣ ҷамъомадагон бо шароити меҳмонхонаи «WYNDHAM BUKHARA» аз наздик шинос шуданд.
Сохтмони се меҳмонхонаи бузург дар вилоят бо сармояи хориҷӣ ба маблағи 28 миллион доллар дар марҳалаи ниҳоӣ қарор дорад. Меҳмонхонаҳо зери тамғаҳои панҷситорадори «Hyatt Regency» ва чорситорадори WYNDHAM, ки аз ҷониби ҶММ «Metric Ventures»-и Ҳиндустон ва ширкатҳои «Wide Tent System»-и Бритониё амалӣ мешаванд, бо иқтидори пурра ба фаъолият шурӯъ мекунанд. 
Дар айни ҳол теъдоди меҳмонхонаҳои замонавӣ ва серталаб дар вилоят ба  200 адад наздик шудааст ва онҳо метавонанд дар як рӯз ба беш аз 60 ҳазор меҳмон хидмати босифат расонанд. Теъдоди сайёҳоне, ки имсол ба Бухоро омадаанд, ба далели беҳбуди соҳа аз 4 миллион нафар гузашт ва беш аз 550 ҳазор нафари онҳоро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар дар соли ҷорӣ дар вилоят аз ҳисоби сармоягузории шарикони хориҷӣ беш аз 30 меҳмонхонаҳои замонавӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар ҷамъомади видеоселектории 7 июни соли 2022 таҳти раёсати сарвари давлат, ки ба тадбирҳои таъмини шуғли аҳолӣ ва афзоиши даромади онҳо тавассути рушди хидматрасонӣ бахшида шуд, таъкид гардида буд, ки дар  хидматрасонӣ ба сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллӣ аз иншооти ҷойгиронӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ ва айвонҳои васеъ истифода баранд, оид ба рушди хидматгузорӣ дар онҳо таҷрибаи Бухоро дар 28 шаҳр, тамоми марказҳои ноҳия ва ноҳияҳои пойтахт ҷорӣ карда шаванд. Дар айни ҳол танҳо дар шаҳри Бухоро 28 меҳмонхона ва сақфи тарабхона шохобчаҳои хӯрокхӯрии кушод, ки метавонад 2420 нафарро қабул намояд, ташкил карда шудааст. Ба ин самти нав сайёҳони маҳалливу хориҷӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Ба ғайр аз ин, дар тӯли соли гузашта дар шаҳри Бухоро дар сақфи 11 лоиҳа терасаи кушоди хӯроки умумӣ, ки барои 1250 хуранда пешбинӣ шудааст, ташкил карда мешавад.
Мувофиқи таҳлилҳо дар 11 моҳи соли 2022 дар шаҳри Бухоро беш аз 550 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ва 2 миллиону 700 ҳазор сайёҳони маҳаллӣ ташриф оварданд. Муддати дар шаҳри Бухоро мондани сайёҳон ба ҳисоби миёна 3-5 рӯзро ташкил медиҳад. Харҷи якрӯзаи онҳо барои меҳмонони хориҷӣ 250 доллар ва барои меҳмонони маҳаллӣ ба ҳисоби миёна 350 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад.

Зариф КОМИЛОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: