Дар Бухоро муҳандиси кадастр ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд

Сармуҳандиси филиали Палатаи кадастрҳо дар ноҳияи Қаровулбозор М.С. аз шаҳрванд А.Х. 3000 доллари амрикоӣ гирифтааст.

Аз ҷониби шӯъбаи департаменти назди Саррокуратура дар шаҳри Бухоро дар ҳамкорӣ бо Садорати корҳои дохилӣ аз рӯи ҳифзи ҳуқуқҳои субъектҳои тадбиркорӣ чорабинии оперативӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ аз шаҳрванд А.Х. 3000 доллари амрикоӣ гирифтани сармуҳандиси филиали Палатаи кадастрҳо дар ноҳияи  Қаровулбозор М.С. аниқ гардид.

Муҳандис боварии шаҳрвандро ба даст оварда, ваъда медиҳад, ки бинои корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзии соҳибкор Ҷ.С, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бӯзачӣ»-и ноҳияро аз рӯйхати инспексияи назорати минтақавии соҳаи сохтмони вилояти Бухоро  гузаронида, барои истифода рухсатнома рухсатнома тайёр мекунад.

Аз рӯйи ҳолат мувофиқи моддаҳои 25, 168 (фиребгарӣ) ва 28, 211 (пора гирифтан)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардида, тафтишот идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: