ДАР БУХОРО НИЗ ҲАЙКАЛ БА РӮДАКӢ МЕЗЕБАД

Баъди қариб дувоздаҳ асри таваллуди Рӯдакии бузург насли имрӯза аз иқтидор, табъи баланди шоири ширинсухани ҷаҳонӣ огоҳ гардида, ба маҳорати Худододи вай аҳсант мехонанд.

Мутаассифона, имрӯз бухороиёни наврасу ҷавон, ки аз таълим ба забони  модарӣ бебаҳра мондаанд, аз куҷо донанд, ки  бештар аз ҳазору сад сол муқаддам ҳамзабону ҳамқавми онҳо, сардафтари адабиёти тоҷику форс Устод Рӯдакӣ дар ин ҷо – дар шаҳри қадимии онҳо сарвари шоирони аҳди Сомониён буду вай тарғибгари аввалин ғояҳои олии инсонпарварию одамгарӣ аз қабили дӯстӣ, накукорӣ, донишандӯзӣ, ҳимматбаландӣ, ахлоқи ҳамида, покизарӯзгорӣ, мардӣ, меҳнатдӯстӣ, хирадмандӣ, саховатпешагӣ, мадад ба дармондагон маҳсуб меёбад. Ҳақ ба ҷониби адабиётшиноси ҳақиқатнигор Султонмурод Олим, ки навиштааст: «Дар ситоиши шеърҳое, ки на он қадар баланданд, баъзе адабиётшиносон бебаркаш ҳарф мезананд. Шеърҳои олӣ аз назарашон дур мемонад. Вале шеърҳои асиле ҳастанд, ки воқеан худододанд. «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён...»-и Рӯдакӣ, бешубҳа, аз ин гуна офаридаҳост.»
Гарчанде имрӯз дар Бухоро ба забони тоҷикӣ мактаб намондааст, то қарибиҳои  солҳои 2010 шумораи онҳо дар вилоят 15-то буд. Аз ҷумла, ду мактаби калонтарини тоҷикии вилоят дар ноҳияҳои Шофиркон ва Ромитан номи «Рӯдакӣ»-ро дошт. Аз ин рӯ, ҳазорҳо хатмкунандагони ин  таълимгоҳҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти вилоят имрӯз низ фаъолият доранд ва эшон, бешубҳа, аз ҳаёту эҷодиёти А. Рӯдакӣ то андозае огоҳанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳоло дар шаҳри Бухоро кӯчаву хиёбонҳои зиёд ба номҳои адибони тоҷики бухорӣ гузошта шудааст, вале дар ин қатор аз назарҳо берун мондани Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ барин шоири ҷаҳонӣ, ки 1100 сол муқаддам пешвои шоирони Бухоро буду аввалин шуда бо ашъори марғубаш Бухороро тараннум кардааст, аз рӯйи адолат нест. Ҳол он, ки хидматҳои Рӯдакӣ барин шоирони номбардори халқу ватан ба ҳайкалгузорӣ меарзад. Зотан ба ақидаи адабиётшинос С. Олим, Устод Рӯдакӣ барин шоироне, ки дар ҳамин сарзамин зиндагӣ ва эҷод кардаанд, ба адабиёти Ватан дахл доранд ва бояд ба он шомил гарданд. 
Мо огоҳ ҳастем, ки чанд сол муқаддам яке аз фаъолони Маркази миллию мадании  тоҷикону форсҳои вилояти Бухоро «Офтоби суғдиён» Юсуф Раҷабзода Қурбонӣ бобати дар Бухоро гузоштани ҳайкали Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба идораҳои болоӣ муроҷиат карда буд. Ӯ бо ҳамин мақсад бо ҳокими собиқи вилоят низ  рӯ ба рӯ шуда буд.
Мо мақолаҳои Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Амина Шарофиддинова ва мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода «Дилам ба Рӯдакӣ сӯзад...»(«Овози тоҷик», 5 феврали соли 2022, №10) ва «Эҳтимол дар Бухоро харидор дорад?» («Овози тоҷик», 19 феврали соли 2022, №14)-ро аз рӯзномаи дӯстдоштаамон «Овози тоҷик» хонда хеле хурсанд шудем. Боиси шодмонист, ки дар Самарқанд ҳайкали нави Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ омода мегардад. Аз ин рӯ, ҳайкали аввалаи ӯро баъди таъмир ба Бухоро оварда онро дар шафати мақбараи Исмоили Сомонӣ мегузоштанд, дар ҳақиқат кори оқилона мешуд.

Асад Гулзодаи БУХОРОӢ,
шоир.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: