ДАР БУХОРО ЯРМАРКАИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӣ ВА ЗИЁРАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар мадрасаи «Нодир девонбегӣ», воқеъ дар қисми таърихии Бухоро ярмаркаи сайёҳии дохилӣ ва зиёратӣ баргузор гардид.

Дар он баробари мутахассисони соҳа операторони сайёҳӣ, намояндагони тиҷорати меҳмонхона аз вилоятҳои Қашқадарё, Самарқанд, Хоразм, инчунин ҳунармандон, сайёҳон ва намояндагони ВАО иштирок карданд.  
– Соли 2021 дар вилояти Бухоро 78 меҳмонхонаи нави замонавии калону хурд бунёд гардид, – гуфт директори Департаменти рушди сайёҳии зиёратии Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ Ҷаҳонгир Саидов. – Онҳо 724 хона ва 1919 ҷой доранд. Шумораи умумии меҳмонхонаҳо дар вилоят 415 ададро ташкил медиҳад. Шумораи меҳмонхонаҳои оилавӣ 198 адад, хостел ва мотелҳо 53 адад. Потенсиали туристии шаҳри бостонӣ рушд мекунад. Шумораи сайёҳоне, ки барои дидан ва зиёрати Бухоро омадаанд, аз 2 миллион нафар гузашт. Аз ин шумор 41,2 ҳазор нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Соли гузашта аз ҳисоби беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва бунёди иншооти нави сайёҳӣ беш аз 450 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд. Ҳаҷми даромад аз сайёҳони хориҷӣ ба 60 миллиарду 600 миллион сӯм расид.
– То оғози расмии мавсими сайёҳӣ дар Бухоро – барои ярмаркаи сайёҳии дохилӣ ва зиёратӣ мо муаррифии барномаи зиёрат ва гастроэтнотур дар масири «Қашқадарёи нотакрор» (3 рӯзу 2 шаб) омода кардем, – гуфт роҳбари ҶММ «Сандувоч парвози», ки дар Қаршӣ фаъолият мекунад, Ҳафиза Эгамбердиева. – Тибқи барнома сайёҳони мо аз ёдгории меъмории Оқсарой, ки Амир Темур бунёд кардааст, пули боҳашамати Амир Темур, инчунин масҷиди Кӯк гунбаз, маконҳои муқаддаси Абуубайд ибни ал-Ҷарроҳ, Абумуин ан-Насафӣ, Лангарота дидан мекунанд. Онҳо дар деҳаҳои қадимаи Кеш, Ғелон, Чиялӣ, Ковчин, Хоҷаилғор мешаванд. Аз таомҳои болаззати миллии маҳаллӣ мечашанд.
Дар рафти чорабинӣ вохӯриҳои туроператорҳо дар формати B2B баргузор гардида, оид ба масъалаҳои соҳаи меҳмонхона табодули афкор ва таҷриба менамоянд. Нимаи дуюми рӯз дар маҷмааи «Нақшбандия» барои ҳунармандон дарсҳои маҳорат, дар раёсати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии вилоят семинари омӯзишӣ доир гардида, бо иштироки устодони санъат консерт низ намоиш дода шуд.

Зариф КОМИЛОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: