Президент Шавкат Мирзиёев 29 ноябр бахшида ба ошкор намудани имкониятҳои иловагӣ, афзун сохтани сармояҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ дар вилояти Бухоро машварат баргузор кард.
Пештар иқтисодиёти минтақаи мазкур асосан бо хоҷагии қишлоқ вобаста буд. Вале тӯли ҳафт соли охир ба вилоят зиёда аз 4 миллиард доллар сармояҳо ҷалб карда шуданд, ки имкон дод соҳаҳое чун энергетика, электротехника, саноати кимиё, дорусозӣ, бофандагӣ ва истеҳсоли чарм инкишоф ёбанд. Дар давраи сипаришудаи соли равон 1,5 миллион сайёҳони хориҷӣ барои зиёрат ба Бухоро омаданд.
Ташрифи сарвари давлат ба вилоят, ки 31 май – 1 июни соли ҷорӣ сурат гирифт, ба рушди он такони нав бахшид. Тамоми вазифаҳое, ки дар ҷараёни ин сафар пешбинӣ шуда буданд, то охири сол иҷро мешаванд.
Баробари ин, рушди минбаъдаи нишондиҳандаҳои иқтисодиётро дар соли 2025-ум бояд таъмин кард, бо шуғлфарогирӣ ва некуҳолии аҳолиро баланд бардошт. Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ имкониятҳои иловагии минтақа ва омилҳоеро, ки ба рушди соҳибкорӣ монеа мешаванд, омӯхт.
Дар ҷамъомаде, ки дар рӯҳи танқидӣ гузашт, зикр гардид, ки нишондиҳандаҳои иқтисодии вилоят ба имкониятҳои он мувофиқат намекунанд. Кор бобати аз худ намудани сармояҳо, коҳиш додани нодорӣ ва бекорӣ ғайриқаноатбахш дониста шуданд.
Вобаста ба ин ҳокимон, муовинони онҳо ва роҳбарони соҳаҳо тӯли шаш моҳ бо режими фавқулода кор мекунанд. Тамоми эътибор ба беҳтар кардани се самти мазкур нигаронида хоҳад шуд. Ба татбиқсозии 70 лоиҳаи муҳаррик, ки ба таҷрибаҳои Сайҳунобод, Уйчӣ, Зарбдор ва Ғиждувон такя мекунанд, эътибори махсус дода хоҳад шуд. Онҳо имкон медиҳанд даромади 150 ҳазор нафар таъмин карда шавад ва 40 ҳазор нафар аз нодорӣ раҳоӣ ёбанд.
Тавре таъкид шуд, ҳар кадом ноҳияи вилоят метавонад ба соҳаи муайяни саноат тахассусонида шавад. Чунончи, Пешкӯ ва Шофиркон ба истеҳсоли маводи сохтмон ва бофандагӣ, шаҳри Когон, ноҳияҳои Олот ва Ҷондор ба саноати хӯрокворӣ, Ғиждувон ва Рометан ба саноати кимиё. Ин имкон медиҳад лоиҳаҳои соҳибкорон дар ҳаҷми 150 миллион доллар татбиқ шаванд, 411 корхонаи кучак бунёд ёбад ва 12 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оянд.
Дар Вобканд, Қа-рокӯл, Ҷондор ва Олот сохтмони чаҳор фабрикаи бофандагии арзишашон 320 миллион долларина ба нақша гирифта шудааст. Ин ҳаҷми маҳсулоти тайёри бофандагӣ ва дӯзандагиро ду баробар зиёд карда, 5 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам меоварад.
Соли оянда ба 2,2 миллион нафар расондани миқдори сайёҳони хориҷӣ ва ба 600 миллион доллар бардоштани ҳаҷми содироти хидматҳои сайёҳӣ пешбинӣ мегарданд. Ба ин бунёди 69 меҳмонхонаи нав ва 2 ҳазор дӯкон ва мағозаҳои ҳунармандӣ мусоидат хоҳанд кард.
Барилова, аз худ намудани 20 ҳазор гектар замин ба нақша гирифта шудааст, ки имкон медиҳад 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ парвариш карда шавад ва 2 ҳазор нафар бо шуғл таъмин гарданд. Дар заминҳои холии қитъаҳои наздиҳавлигӣ, дар соҳили каналҳо ва атрофи майдонҳо дарахтон ва зироати хӯрокворӣ кошта мешаванд.
Боз як имконият ин чарогоҳ мебошад. Дар вилояти Бухоро масоҳати онҳо аз 2 миллион гектар зиёд аст. Дар доираи қарорҳое, ки дар машварати бинобар рушди озуқаворӣ ба наздикӣ баргузоршуда қабул гардиданд, дар чарогоҳҳои истифоданашаванда парвариши писта ба нақша гирифта шудааст.
Ҳокими вилояти Бухоро бобати истифодаи ин имкониятҳо нақшаҳои кориро муаррифӣ намуд. Умуман, соли оянда аз ҳисоби сармояҳои хориҷӣ ба маблағи 2 миллиард доллар татбиқсозии 106 лоиҳа, фароҳам овардани 105 ҳазор ҷойҳои доимии корӣ, дар ҳаҷми 350 миллион доллар зиёд кардани содирот пешбинӣ мегардад.
Роҳбари давлат нокифоя будани ин нақшаҳоро зикр карда, фармоиш дод, ки саъю кӯшишҳо фаъолтар ва натиҷаҳо бештар карда шаванд. Супориш дода шуд, ки таклифҳо таҷдиди назар гардида, лоиҳаи қарори дахлдор пешниҳод карда шавад.
ӮзА.